БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИИ РОҲБАРОНИ СОЗМОНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ МИНТАҚАИ РАШТ
30.11.2024
Санаи 30-юми ноябри соли 2024 дар толори Колеҷи тиббии ноҳияи Рашт таҳти раёсати Раиси Шурои ҷумҳуриявии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ Муяссара Давлатзода Семинар-машварати омӯзишии роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар семинар, раисони шуро ва мушовирони Созмони хонандагон, роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Нуробод, Лахш, Тоҷикобод ва Рашт ширкат намуданд.
Семинарро Раиси Шурои ҷумҳуриявии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ Муяссара Давлатзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Таъкид намуд: "Мақсади асосии Созмони хонандагон ин тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиш ва эҳтироми таъриху фарҳанги милливу башарӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба ин васила ташаккули шахсият ва шаҳрванди фаъоли ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад".
Сипас, дар идомаи Семинар-машварати омӯзишӣ доир ба мақсад, Вазифа ва шаклҳои фаъолияти Созмони хонандандагон, аъзои Созмон - ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо, ташкили кор ва идоракунии Созмони хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва роҳбарӣ ва назорати кори Созмони хонандагон ба шунавандагони семинар аз ҷониби масъулини семинар ёрии методиву амалӣ расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади беҳтар ва хубтар кардани фаъолияти кори Созмони хонандагон дар муассисаи таълимӣ ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои минтақаи Рашт 500 адад (барои ҳар як ноҳияи минтақаи Рашт 100 ададӣ) дастури методии Роҳбари Созмони хонандагон дар шакли китоб ройгон дастрас гардиданд.
Дар фарҷоми семинар ба иштирокчиён аз ҷониби Раиси Шурои ҷумҳуриявии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ба иштирокчиёни семинар сертификат тақдим карда шуд.