25.06.2026
25 июни соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба муаррифии «Барномаи нави таҳсилотӣ аз рӯйи ихтисосҳои математика ва забон ва адабиёти тоҷик, курси нави методикаи таълими математика ва забон ва адабиёти тоҷик ва нақшаи баргузории озмоиш» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, мудири бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Наоко Хосака, намояндагони Вазорати маориф ва илм, намояндаи Бонки исломии рушд, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва аъзои маъмурияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, инчунин намояндагони ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО ва мушовирони миллӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини якуми вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, аҳаммияти таҷдиди барномаҳои таҳсилотии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар заминаи талаботи муосири низоми маориф ва мутобиқ намудани муҳтавои таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ таъкид намуд. Зикр гардид, ки таҳия ва татбиқи барномаҳои нави таҳсилотӣ қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сифати омодасозии омӯзгорони оянда, тақвияти салоҳиятҳои касбии онҳо ва рушди низоми таҳсилоти омӯзгорӣ дар мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ мудири бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баромад намуда, аз ҳамкории самараноки ЮНИСЕФ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд. Қайд гардид, ки ЮНИСЕФ дар самти такмили барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди касбии омӯзгорон пайваста дастгирӣ менамояд. Мавсуф таҳияи барномаҳои нави таҳсилотӣ ва курсҳои методикаи таълимро қадами муҳим дар роҳи ислоҳоти соҳаи маориф арзёбӣ намуда, омодагии ЮНИСЕФ-ро барои идомаи ҳамкорӣ ва дастгирии татбиқи онҳо таъкид кард.
Чорабинии мазкур дар ҳамкории муштараки зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии шарикони рушд -ЮНИСЕФ ба роҳ монда шуд.
Дар идомаи мизи мудаввар сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров С. Рабизода оид ба барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик ва математика маърӯза намуда, муҳтавои барномаҳои нави таҳсилотӣ, сохтор ва таркиби нақшаҳои таълимӣ, инчунин имкониятҳои мутобиқсозии онҳоро ба талаботи муосири низоми таҳсилот шарҳ дод. Зикр гардид, ки барномаҳои таҳияшуда бо дарназардошти стандартҳои давлатии таҳсилот, талаботи бозори меҳнат ва рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгорони оянда омода гардидаанд.
Дар раванди кори мизи мудаввар муҳокимаҳои судманд ва мубодилаи афкори созанда байни намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шарикони рушд ва коршиносони соҳа баргузор гардид. Иштирокчиён доир ба муҳтавои барномаҳои нави таҳсилотӣ, курсҳои таҷдидшудаи методикаи таълими математика ва забон ва адабиёти тоҷик, инчунин роҳҳои самараноки татбиқи онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар андешаронӣ намуданд.
Зимни муҳокимаҳо масъалаҳои вобаста ба рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгорони оянда, такмили таҷрибаи омӯзгорӣ, истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ ва мутобиқ намудани мазмуни таҳсилот ба талаботи замони муосир мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Иштирокчиён ҳамчунин оид ба механизми баргузории озмоиши барномаҳо, тартиби мониторинг ва арзёбии натиҷаҳои он пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд, дастгирии раванди озмоиш ва саҳмгузорӣ дар такмили минбаъдаи барномаҳои таҳсилотӣ иброз намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои рушди соҳаи маориф муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд. Мизи мудаввар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда ба анҷом расид.