23.12.2025

 img

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид. Дар ҷаласа сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаҳо ва китобҳои дарсӣ, инчунин муаллифон ва мураттибони адабиёти таълимӣ, ки барои баррасӣ пешниҳод гардида буданд, иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои тавсияи адабиёти таълимӣ барои баррасӣ ва арзёбии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Зимни муаррифии адабиёти таълимии пешниҳодгардида директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Ҳасанзода иброз дошт, ки ҳамаи дастхатҳои пешниҳодгардида қаблан аз ҷониби муассисаҳои экспертӣ мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифта, бо дарназардошти эродҳо ва тавсияҳои мутахассисони соҳа такмил ёфта, мундариҷаи онҳо ба талаботи замони муосир ва барномаҳои амалкунандаи таълим мутобиқ гардонида шудаанд.

Раиси ҷаласа ба зарурати бознигарии низоми таҳия ва ташхиси китобҳои дарсӣ ишора намуда, таъкид кард, ки такмили низоми таҳия, баланд бардоштани сатҳи экспертизаи илмӣ-методӣ ва таъмини мутобиқати мундариҷаи адабиёти таълимӣ бо стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои мушаххасро талаб мекунад.

Аз рӯйи масъалаи дуюм гузориши котиби масъули Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм К. Аслон доир ба натиҷаҳои солонаи Шурои милли таҳсилот, арзёбии мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ барои зинаҳои гуногуни таҳсилот шунида шуд. Таваҷҷуҳ дода шуд, ки бо дарназардошти тағйироти илмиву фаннӣ, зарур аст китобҳои дарсӣ аз ҷиҳати методикаи таълим ва ифодаи илмӣ пайваста такмил ёбанд, то хонандагон бо таҷрибаҳои нави илмӣ ва кашфиётҳо огаҳӣ пайдо кунанд.

Дар охир, раиси ҷаласа ҷиҳати дар доираи пешрафти илму техника, таҳияи китобҳои дарсии насли нав ва мувофиқи меъёрҳои мавҷуда мавриди экспертиза қарор додани мазмуну мундариҷаи онҳо ба роҳбарони сохторҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм ва раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии Шурои миллии таҳсилот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

  • БАРРАСИИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ ВА КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ img
  • БАРРАСИИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ ВА КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ img
  • БАРРАСИИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ ВА КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ ДЕКАБР 23 декабри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратии навбатӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Нахуст, вазир ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос карда, аз таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуд. Таъкид шуд, ки рушди устувори низоми таълиму тарбия аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа мебошад ва кормандони соҳаи маориф вазифадоранд, ки дар ин самт пайваста талош намоянд.   Сипас, ҳисоботи сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Ш. Асомиддинзода оид ба вазъи таълиму тарбия, ҳуҷҷатдорӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шунида шуд. Ҳамчунин, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Н. Мирзозода дар бораи таҳия ва озмоиши барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ҳисобот дод.   Дар ҷараёни ҷаласа вазир масъалаҳои таҳкими пояи кадрӣ, омода намудани мутахассисони педагогӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ, ҷалби омӯзгорони ҷавон, ҷиҳати таҳсилоти дуюм фаро гирифтани омӯзгорони ғайриихтисоси фаннӣ, танзими нигоҳдории ҳуҷҷатҳои омӯзгорони хориҷӣ, беҳтар намудани ҳолати ҳуҷҷатдорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва мувофиқи талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбияро мавриди баррасӣ қарор дод.   Инчунин, ҷиҳати ҷалби хонандагон барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», мутобиқ намудани оинномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба тағйиру иловаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар масъалаҳои марбут ба раванди таълим дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.   Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба рушди касбии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки таҳияи барномаҳои таълимии инноватсионии курсҳои такмили ихтисос, баланд бардоштани сатҳ ва сифати омӯзиш, азхудкунии самараноки барномаҳои муосир, истифодаи мақсадноки технологияҳои таълимии нав ва тақвияти ҳамкориҳо бо муассисаҳои байналмилалӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти соҳа мебошанд. Зимнан, ҳангоми таҳияи барномаҳои нави таълимӣ мутобиқсозии муҳтаво бо китобҳои дарсӣ, ворид намудани мавзуъҳои фарогир ва таъмини дастгирии амалӣ барои омӯзгорон зарур шуморида шуда, масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои иловагии муассирро амалӣ намоянд.   Дар қисмати ҷамъбастӣ раиси ҷаласа таъкид намуд, ки барои таъмин намудани рушди устувори низоми маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, татбиқи самараноки барномаҳои таълимӣ, таҳкими фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, истифодаи дурусти имкониятҳои мавҷуда ва густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд, ҳар як сохтору зерсохтори марбута бояд бо масъулияти баланд фаъолияти худро ба роҳ монад.

    38

    23.12.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ «ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботи ҷамъбасти фаъолияти Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи 2) дар соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид.   Ҷаласа бо роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо иштироки муовини вазир Б. Музаффарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, инчунин намояндагони бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.   Зимни ҷаласа менеҷери гурӯҳи татбиқи лоиҳа А.Асрорзода ва ҳамоҳангсозу мушовир оид ба мониторинг ва арзёбӣ Ҳ. Ашурова оид ба натиҷа ва дастовардҳои лоиҳа дар соли 2025, ҳамзамон мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар ҷараёни татбиқи фаъолиятҳои банақшагирифташуда ҳисоботи муфассал ироа намуданд.   Дар идома роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм - Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф доир ба сифат ва самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ гузориш доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои таҳияи адабиёти таълимию методӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика, баланд бардоштани сатҳу сифати курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, бознигарии барномаҳои омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ, ҷорӣ намудани модели нави таҷрибаомӯзии педагогӣ, татбиқи омӯзиши муттасили касбӣ, инчунин тақвияти арзёбии миллии омӯзиш, ки марҳилаи дуюми лоиҳаро дар бар мегирад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Дар фарҷом раиси ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта, сари вақт аз худ намудани маблағҳои пешбинишуда ва татбиқи босифат ва самараноки фаъолиятҳои банақшагирифташуда ба роҳбарияти лоиҳа ва сохторҳои масъули Вазорати маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи 2) яке аз лоиҳаҳои калонтарин дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳадафи он беҳтар намудани муҳити омӯзиш ва мусоидат ба таҳкими соҳа ҷиҳати татбиқи устувори низоми фарогири таҳсилот дар асоси салоҳият ва тақвияти натиҷаҳои омӯзиши хонандагон мебошад.

    33

    23.12.2025
  •  img
    ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БО 51 МЕДАЛ БА ВАТАН БАРГАШТ 23 декабри соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMC–2025) иштирок намуда буд, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан баргашта, ҳайати даста бо шукӯҳу ифтихор пешвоз гирифта шуданд.   Олимпиадаи мазкур 12 декабр дар пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа - шаҳри Пномпен бо иштироки беш аз 1600 нафар хонанда аз 13 кишвари Осиёӣ баргузор гардида, рақобат дар он дар сатҳи хеле баланд сурат гирифт. Боиси ифтихор аст, ки хонандагони тоҷик дар ин сабқати бонуфуз маҳорати баланд нишон дода, сазовори 51 медал, аз ҷумла 14 медали тилло, 17 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд.   Ҳамзамон, 5 нафар намояндаи навраси Тоҷикистон бо ба даст овардани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтарин иштирокдорони Олимпиада шомил гардида, номи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд. Ин натиҷа бозгӯи сатҳи баланди омодагии хонандагони тоҷик ва таваҷҷуҳи рӯзафзун ба рушди истеъдодҳои наврасон мебошад.

    26

    23.12.2025