12.03.2025

 img

12-уми марти соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир ба иҷрои бандҳои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа вазири маориф ва илм қайд кард, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, 11 барномаву стратегия ва консепсияи давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегардад. Мавсуф иброз дошт, ки «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» мутобиқи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавону ояндасоз дарак дода, бозгўйи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар ин самт аст.

 

Дар идома директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода доир ба амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» суханронӣ намуд.

 

Гуфта шуд, ки доир ба амалишавии барномаи болозикр то кунун дар саросари ҷумҳурӣ корҳои зиёде анҷом шуда, дар ин самт вазорат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

 

Бояд гуфт, ки қобилияти хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз гузаронидани корҳои амалӣ ва озмоишгоҳӣ аз фанҳои экология, география, технологияи иттилоотӣ, физика, химия, биология вобастагии калон дорад ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муосири фаннӣ дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои амалигардонии қобилияти эҷодии хонандагони боистеъдод ва омодагии онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ баъди амалишавии пурраи Барномаи мазкур, мусоидат хоҳад кард.

 

Ҳадафи барномаи мазкур бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ барои ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилияти эҷодии онҳо таҳия гардидааст. Дарёфт, тарбия ва рушди қобилияти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод, ки ояндаи илму маориф ва дар маҷмуъ, ояндаи мамлакат ба онҳо вобастагӣ дорад, муаррифии онҳо дар дохилу хориҷи ҷумҳурӣ яке аз самтҳои фаъолияти маорифчиёни мамлакат ва аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад.

 

Ёдовар мешавем, ки «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 қабул гардидааст.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ «БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025» img
  • БАРРАСИИ «БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025» img
  • БАРРАСИИ «БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАМОИШИ ФИЛМИ «МОҲӢ ДАР ШАСТ» БАРОИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ Шоми 9 апрели соли 2026 дар толори «Кохи Суруш» бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеъ филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» намоиш дода шуд.   Филми «Моҳӣ дар шаст» як асари муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, бо коргардонии Муҳиддини Музаффар соли 2025 рӯйи навор омадааст. Мазмуни филм саргузашти таъсирбахши писарбачаи даҳсола, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро инъикос менамояд, ки ҳамроҳи қаҳрамони дигар - Самад, дар ҷустуҷӯйи модари худ аз шимол то ҷануби кишвар сафар намуда, бо рӯйдодҳои гуногун ва пурмоҷаро рӯ ба рӯ мегардад.   Зимни намоиш тамошобинон, кормандони васеи соҳаи маориф, аз манзараҳои нотакрори табиати кишвар баҳравар гардид, ба ҷаҳони ботинии қаҳрамони хурдсол ворид шуда, орзуву ормон, дарду умед ва эҳсосоти поки ӯро бо тамоми ҳастӣ дарк намуданд. Филм бо мазмуни амиқ ва ҳассоси худ дар қалби ҳозирин таассуроти фаромӯшнопазир гузошт.   Баъд аз анҷоми намоиши филм вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, зикр кард, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз заминаи мусоидро барои рушди синамои миллӣ ва эҷоди филмҳои пурмазмуну тарбиявӣ фароҳам овардааст. Маҳаки филми мазкур бо як таъсиргузории амиқи эҳсосӣ бори дигар собит сохт, ки таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иззату эҳтироми падару модар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси оилавӣ на танҳо шиори ахлоқӣ, балки як зарурати воқеии ҳаёти инсонӣ мебошанд. Ҳаёти пурдарди қаҳрамони хурдсоли филм қалбҳоро такон дода, бинандаро водор месозад, то бо эҳсоси баланд ба қадри меҳру муҳаббати волидайн бирасад ва масъулияти фарзандиро бо тамоми ҳастӣ дарк намояд. Ин паёми пурмаънои филм бо лаҳни самимиву таъсирбахш дар зеҳну қалби ҳар тамошобин нақш баста, арзиши муҳаббати хонаводагӣ ва пайванди ҷовидонаи фарзанду модарро ба таври равшан таҷассум мекунад.   Таъкид гардид, ки муҳтавои филм бори дигар аҳаммияти иззату эҳтироми падару модар, қадршиносии арзишҳои инсонӣ ва масъулияти маънавиро равшан инъикос менамояд.   Вазир ҳамзамон иброз дошт, ки филмҳои касбии миллӣ муаррифгари фарҳанг ва синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, рӯйи кор омадани чунин асарҳо барои таҳкими мавқеи синамои ватанӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.   Ба таъкиди коргардон Муҳиддини Музаффар, намоиши мазкур ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби филмҳои касбии миллӣ роҳандозӣ гардида, тасмим аст, ки чунин иқдом дар оянда низ идома ёбад. Ба таъкиди коргардон ин иқдоми фарҳангӣ дар таҳкими завқи зебоипарастӣ ва боло бурдани маърифати фарҳангии кормандон мусоидат намуд, ҳамчун як амали ҳамгиро ва муттаҳидкунанда, фазои самимиро миёни иштирокчиён тақвият бахшида, аҳаммияти дастгирии синамои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиро боз ҳам равшантар намуд.   Дар анҷом иштирокчиён таассуроти гарму самимии худро аз филм баён дошта, онро як асари пурмазмун, тарбиявӣ ва таъсирбахш арзёбӣ карданд.

    12

    10.04.2026
  •  img
    ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 11 Имрӯз, 9 апрели соли 2026 дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи олимпиада муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, муовини якуми директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Н. Ғафуриён, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Шодиниё, инчунин намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ зикр намуд, ки олимпиадаҳои фаннӣ ҳамчун бахши муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба рушди зеҳнӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон мусоидат менамоянд. Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, тақвияти шавқу рағбат ба омӯзиши фанҳо ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси оянда заминаи мусоид фароҳам меоранд.   Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф имкон фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати дониш ва рақобати солим миёни хонандагон сол аз сол беҳтар гардад.   Сипас, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иштирокдоронро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос кард.   Баъди анҷоми маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, ба иҷрои супоришҳои олимпиада оғоз намуданд.   Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаҳои мазкур дар маҷмуъ 1343 нафар хонанда иштирок доранд. Аз ҷумла, рӯзи 9 апрел аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 694 нафар ва рӯзи 10 апрел аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 649 нафар хонанда донишу маҳорати худро месанҷанд.

    42

    09.04.2026
  •  img
    «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!» - ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар байни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».   Дар партави ин ҳидоятҳои созанда ва бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси зебои миллӣ - атласу адрас, чакан ва дигар намунаҳои ҳунари мардумӣ, бонувони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксияи тарғиботию ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» бо эҳсоси баланди худшиносӣ ва ифтихори миллӣ фаъолона иштирок намуданд.   Либоси миллӣ, аз қабили атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар намунаҳои ҳунари мардумӣ, таҷассумгари таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик мебошад. Бонувони вазорат бо дарки масъулияти фарҳангӣ пӯшидани либоси миллиро ҳамчун нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон арзёбӣ намуда, онро дар байни ҷомеа фаъолона тарғиб менамоянд.

    23

    08.04.2026