29.10.2025
29 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ вобаста ба вазъи иҷрои бандҳои Нақшаи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки татбиқи самараноки Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти вазорат ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таълим, рақамисозии равандҳои таълимӣ ва таҳкими заминаи техникии муассисаҳои таълимӣ равона гардидааст.
Зимни ҷаласа ҳисоботи директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ» К. Муҳаммадраҷабзода оид ба корҳои анҷомдода дар доираи иҷрои барнома шунида шуд.
К. Муҳаммадраҷабзода иброз намуд, ки дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои солҳои 2024-2028, аз ҷониби марказ ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2500 нусха дастурамалҳои истифодаи таҷҳизоти техникӣ ва 390 адад барномаҳои зиддивирусӣ (антивирус) ва дигар воситаҳои таълимӣ дастрас гардидаанд. Ба ҳолати нуҳ моҳи соли 2025 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо 100 ҳазору 950 компютер, 7146 тахтаи электронӣ ва 8267 видеопроектор муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳамзамон, 2756 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шабакаи интернет пайваст гардидаанд, ки қисми зиёди онҳо тариқи модем фаъолият мекунанд. Бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ лоиҳаи нави пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи интернет таҳия гардида, тибқи он дар назар аст, то соли 2028 40 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи баландсуръати интернет пайваст карда шаванд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм зарурати таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои дахлдори вазоратро дар самти татбиқи саривақтии барнома таъкид намуда, ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо ва пурзӯр намудани назорат дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар анҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, як қатор пешниҳодҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани раванди иҷрои барнома ва густариши истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маориф ироа гардиданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон