30.10.2025
30 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст муовини якуми вазири маориф ва илм ҳозиринро ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Мавсуф иброз дошт, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилот анҷом ёфта истодааст.
Сипас, гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода доир ба «Вазъи таълиму тарбия дар литсею гимназияҳои назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода оид ба «Натиҷаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Ҷ. Бобоҷон оид ба «Тасдиқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Расмкашӣ байни кӯдакон» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тоҷикистон-Ватани маҳбуби ман»» шунида шуд.
Гуфта шуд, ки масъалаҳои марбут ба вазъи таълиму тарбия дар литсею гимназияҳои назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, натиҷаҳои қабули донишҷӯён тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагону донишҷӯён ва таҳкими заминаи рушди соҳаи маориф аҳамияти муҳим доранд. Таъкид гардид, ки иҷрои пайгиронаи ин самтҳо ба таҳкими робитаи зинаҳои таҳсилот, баланд бардоштани сифати таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули насли босаводу эҷодкор мусоидат хоҳад кард.
Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаҳои мазкур таъкид намуд, ки рушди фаъолияти литсею гимназияҳои назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, такмили раванди қабули донишҷӯён тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ташаббусҳои эҷодии кӯдакон, аз ҷумла баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва рассомӣ, аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ба шумор мераванд. Мавсуф зикр кард, ки татбиқи самараноки ин равандҳо ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, густариши ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо зинаҳои таҳсилоти олӣ ва тарбияи насли ватандӯсту эҷодкор мусоидат менамояд.
Дар идома гузоришҳои директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ У. Ҳасанзода ва сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода оид ба таҳия, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ ва тағйиру иловаҳо ба қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои иловагӣ шунида шуд.
Дар фарҷом, муовини якуми вазир бо таъкид ба боло бурдани сифати таҳсилот, иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва дастгирии ташаббусҳои эҷодии кӯдакону наврасон ба масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон