18.04.2025

 img

18-уми апрели соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласаи корӣ бо иштироки ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.

 

Муовини вазири маориф ва илм қайд кард, ки ҳадаф аз баргузор кардани имрӯза ин дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳарчӣ тезтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ (заминҷунбӣ) дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт, дастгирӣ ва расонидани кӯмаки ҳаматарафа ба осебдидагон мебошад. Бинобар заминҷунбӣ 65 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон гардида, чандин биноҳои ёрирасон, беморхонаи минтақавӣ ва муассисаҳои таълимӣ зарар дидаанд.

 

Доир ба масъалаи болозикр миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифта, ҳиссагузорӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ ва кӯмак ба осебдидагон аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷонибдорӣ пайдо намуда, таклифу пешниҳодҳои иштирокдорони ҷаласа мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

 

Қайд гардид, ки ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбӣ бетараф набуда, барои кӯмак ба осебдидагон омодаанд.

 

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои низоми таълими дуалӣ, баргузории даври ниҳоии олимпиада миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, пешниҳоди номзадҳо ба комиссияи қабул оид ба Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2025-2026, омодагӣ ба озмуни «Беҳтарин омӯзгор-ҳуқуқшинос» миёни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, истифодаи таҷрибаҳои кишварҳои пешрафта дар низоми таълими дуалӣ ва ҳамоҳанг кардани назария бо истеҳсолот ва чанде дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Гуфта шуд, ки фароҳам овардани шароити муосири таълим ва боло бурдани сатҳу сифати таълим бо мутобиқ намудан бо стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот дар рушди соҳаи маориф омили таъсиррасон мебошад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «АХТАРАКОНИ ҲИСОБДОН» 10 феврали соли 2026 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №44  бо иштироки муовини раиси ноҳия, сарпарасти соҳа З. Зуҳурзода, мудири шуъбаи маориф А. Бобозода, роҳбарони муассисаҳои томактабии ҳудуди ноҳия дар доираи  омодагӣ ва таҷлили 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия ҷиҳати амалигардонии "Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" эълон гардидани солҳои 2020-2040", “Стратегияи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030" даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии "Ахтаракони ҳисобдон" баргузор гардид. Озмун бо мақсади баланд бардоштани ташаккули малакаҳои фаъолияти маърифатӣ, маҳорати дарки яклухту томи ҳаёти атроф ва истифодаи ахборот барои ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, рушди маҳорату малакаи фикррониву мушоҳида, муқоиса, ҷудо намудан ва хулосабарорӣ намудан, ташаккули тасаввуротҳои оддитарини математикӣ тартиб додану ҳал намудани масъалаҳои математикӣ, дарк кардан ва ҳал кардани муаммоҳои арифметикӣ, сайқал додани маҳорати ҷамъу тарҳ кардани рақамҳо, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва тафаккури мантиқӣ, дарёфти кӯдакони болаёқату боистеъдод, баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиёну омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо доир мегардад. Дар озмун кўдакони гурўҳи калон ва гурўҳи омодагӣ ба мактаби муассисаҳои таълимии томактабии (5-7 сола) новобаста аз шакли моликият ва тобеият иштирок менамоянд. Иштирокчиёни озмун ба гурўҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд: - тарбиягирандагони гурўҳи калон (5-6 -сола); - тарбиягирнадагони гурўҳи омодагӣ (6-7-сола). Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорату малакаи ҳал кардани мисолу масъалаҳои математикӣ, тафаккури мантиқии кӯдакон бартарӣ дода мешавад. Озмун асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, ба довталабоне, ки дар гурӯҳҳои таълим бо забони ғайритоҷикӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, имконияти бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) баромад кардан дода мешавад. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯи талаботи зерин муайян карда мешавад: - санҷиши тафаккури математикӣ (диктанти математикӣ) - ҳалли масъалаи математикӣ аз рӯи расми пешниҳодшуда дар тахта ва ҳисоб карда тавонистани амалҳо (кам ва зиёд кардан); - бо истифодаи шаклҳои геометрӣ сохтани ашёву манзараҳо (тибқи супориш); - ҳалли муаммоҳои математикӣ; - дар маводҳои таълимӣ муайян карда тавонистани тасаввуротҳо оид ба вақту фазо ва тарафҳо; - маҳорати истифодаи маводҳои таълимӣ ва бозичаҳои тафаккурро таҳрикдиҳанда (сохтани шаклҳои геометрӣ аз қоғаз, расму манзараҳо аз лото, лего, (пазлҳо, мазайкаҳо), пирамидаҳо ва истифода бурда тавонистани кубик - рубик). Ғолибон  аз ҷониби ташкилкунандагони озмун  ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.  

    1336

    10.02.2026
  •  img
    СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ОИД БА ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ШОҲНОМАХОНӢ" Бо мақсади иҷрои амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати давлатӣ дар самти рушди маърифати миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, тарғиби мероси гаронбаҳои адабӣ ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ миёни хонандагону наврасон, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб семинари машваратӣ оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар кори семинар шахсони масъули озмун, директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик, роҳбарони маҳфилҳои адабӣ иштирок намуданд. Дар оғози семинар таъкид карда шуд, ки озмуни «Шоҳномахонӣ» ҳамчун тадбири муҳимми фарҳангиву маърифатӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, рушди малакаи суханварӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои адабии хонандагон нақши муҳим мебозад. Зикр гардид, ки тавассути чунин озмунҳо насли наврас ба омӯзиши амиқи осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҷалб гардида, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар онҳо тақвият меёбад. Зимни баромадҳо аҳаммияти озмун дар рушди маънавиёти ҷомеа таъкид гардида, аз масъулини соҳа даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даврҳои гуногуни озмун тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.  Дар идома талаботи низомномаи озмун, тартиби баргузории марҳилаҳо, меъёрҳои баҳогузорӣ, усулҳои дурусти интихоб ва омодасозии иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ба омӯзгорон тавсия дода шуд, ки ҳангоми омодасозии хонандагон ба дурустии талаффуз, фаҳмиши мазмун, фарҳанги нутқ, саҳнаороӣ ва дониши таърихию адабӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Иштирокчиён вобаста ба таҷрибаи кори худ фикру пешниҳодҳо иброз намуда, роҳҳои такмили раванди омодасозии хонандагон, беҳтар намудани фаъолияти маҳфилҳои адабӣ ва баланд бардоштани сифати баргузории озмунро баррасӣ карданд.  Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ВМИҶТ  

    1339

    10.02.2026
  •  img
    БАЙНИ МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА KING’S COLLEGE LONDON ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар медиҳад. Ёддошти тафоҳуми баимзорасида ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олӣ равона гардида, фароҳам овардани имконияти мусоид барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Шоҳигарии Муттаҳида — King’s College London-ро дар назар дорад. Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо имкон доранд дар самтҳои тарғиби имконияти таҳсил, мубодилаи иттилоот вобаста ба барномаҳои таълимӣ, раванди қабул ва хизматрасониҳои дастгирии донишҷӯён, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба таҳсили донишҷӯёни бурсиявӣ ҳамкории судманд ба роҳ монанд. Дар доираи ин ҳамкорӣ King’s College London омодагии худро барои  расонидани дастгирии маъмурӣ ва машваратӣ ба донишҷӯёне, ки аз ҷониби Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба таҳсил равона мегарданд, иброз намуда, ҳамзамон таваҷҷуҳи худро ба ҷалби донишҷӯёни болаёқати тоҷик таъкид намуд. Зимни музокирот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки татбиқи Ёддошти тафоҳум ба таҳкими робитаҳои академӣ, болоравии сатҳи касбии ҷавонони тоҷик ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф мусоидат мекунад.  

    1274

    09.02.2026