07.03.2026

 img

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори Рӯзи модар 

Модарони азиз!

Муҳтарам бонувони соҳаи маориф!

Ба муносибати фарорасии Рӯзи модар, ки яке аз ҷашнҳои фархунда ва пурифтихори кишвари соҳибистиқлоламон ба шумор меравад, ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат, сарбаландӣ ва хушбахтии ҳамешагӣ орзу менамоям.

Дар диёри маҳбуби мо Рӯзи модар ҳамасола ҳамзамон бо оғози зеботарин фасли сол — баҳори нозанину ҷаҳоноро таҷлил мегардад. Ин ҳамбастагӣ рамзи амиқи маънавӣ дорад, зеро модар низ, мисли баҳор, рамзи ҳаёт, ҳусну тароват, зебоӣ ва эҳёи зиндагист. Модар сарчашмаи офариниш, манбаи меҳру муҳаббат ва намунаи садоқату вафодорист. Ӯ посбону нигоҳдорандаи ҳаёти инсон буда, ба зиндагӣ нуру сафо мебахшад.

Шодиву хуррамии рӯзгори ҳар яки мо самари меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва заҳмати шабонарӯзии модарон аст. Модарон тамоми умр бори гарони зиндагиро бар дӯш доранд: аз ба дунё овардану тарбияи фарзандон то танзиму пешбурди рӯзгор. Онҳо моро ба роҳи неку покизагӣ, ба ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки эҳтирому қадрдонии модар ва гиромидошти мақоми ӯ аз волотарин фазилатҳои инсонӣ ва қарзи муқаддаси ҳар як фарзанди бовафо ба шумор меравад. Бузургони хирад низ ба ин нуқтаи муҳим таъкид намудаанд:

Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф

Гарде аз роҳи модарон бошад.

Боиси ифтихор аст, ки бонувони тоҷик дар баробари покдоманиву хирадмандӣ, инчунин, бо ҷасорат, матонат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фарқ мекунанд. Онҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ дар паҳлуи мардон қарор гирифта, барои ҳифзи Ватан, адолат ва ҳувияти миллӣ талош менамоянд. Ин хислатҳои олии занони тоҷик дар осори безаволи адабӣ, махсусан дар шоҳасари ҷовидонаи Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома», ба таври равшан ва пурҷило тасвир шудаанд. Қобили зикр аст, ки ин асари гаронмоя ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим гардид.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои занону модарони тоҷик имкониятҳои нав ва марҳалаи тозаи фаъолият фароҳам гардид. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» ва «Занон нигини пурҷилои тоҷи миллатанд». Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар, занону бонувон имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи фаъол ва арзанда доранд.

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид иброз доштанд:«Мо нақши занону бонувони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз талошҳои онҳо барои бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем».

Боиси қаноатмандист, ки занону бонувони тоҷик дар соҳаи маориф ва илм низ фаъолияти пурсамар доранд. Онҳо дар тарбияи насли наврас, ташаккули маърифат ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон саҳми назаррас мегузоранд. Имрӯз дар соҳаи маориф беш аз ҳафтод фоизи кормандонро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин нишонаи эътимоди баланд ба неруи зеҳнӣ ва қобилияти касбии онҳо мебошад.

Занону бонувони соҳаи маориф дар татбиқи сиёсати давлатии соҳа, иҷрои барномаҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак», ҳамчунин барномаҳои рушди илм ва маориф, саҳми арзишманд мегузоранд. Онҳо дар ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ, тарғиби анъанаҳои нек ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муҳим доранд.

Соли ҷорӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ эълон шудааст, занону бонувони тоҷик фаъолияти худро боз ҳам густариш дода, барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

Модарону бонувони гиромӣ! 

Ҳузури шумо дар зиндагӣ рамзи ҳусну тароват, меҳру муҳаббат ва саодати инсон аст. Хиради равшан, иродаи устувор ва меҳрубонии бепоёни шумо пояҳои мустаҳками оила ва ҷомеаро таъмин мекунад. Бо талошу заҳмати шумо фардои Ватани азизамон боз ҳам дурахшонтару ободтар хоҳад гардид.

Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи шумо — модарону бонувони гиромии кишварро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ, рӯзгори пурсаодат ва муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.

Ҷашн муборак, модарони азиз!

 

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶӢ – ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲО Дар толори хурди раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ҷаласаи кумитаи тадорукоти сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид.   Дар ҷаласа ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд иштирок намуданд.   Зимни баррасии масъалаҳо Лутфия Абдухолиқзода таъкид кард, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм аҳаммияти махсус дорад.   Ба гуфтаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими робитаҳои илмӣ, ҷалби довталабон ва муаррифии имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Ҳамзамон, масъулини муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивал омодагии ҳамаҷониба дида, дастовардҳои худро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.   Қайд гардид, ки Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ рӯзҳои 9-10 апрел дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Интизор меравад, ки чорабинӣ бо иштироки васеи донишгоҳҳои хориҷӣ ва довталабон баргузор гардида, ба рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намояд.   Дар ҷамъбаст ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин изҳор намуд, ки баргузории Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар сатҳи баланд таъмин гардида, он ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва густариши имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

    43

    11.04.2026
  •  img
    РАФТИ ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРРАСӢ ГАРДИД Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рафти иҷрои Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 ва Нақшаи миёнамуҳлати амалисозии он барои солҳои 2025-2027 таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласа баргузор гардид.   Зимни баррасии масъала, Д Раҳматзода, сармутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот, вобаста ба рафти иҷрои бандҳои стратегияи мазкур маълумот пешниҳод намуда, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда як қатор чорабиниҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, такмили низоми арзёбии дохилӣ ва беруна, ҷорӣ намудани воситаҳои муосири санҷиши дониш, баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони соҳа ва тақвияти заминаи меъёриву ҳуқуқӣ дар самти арзёбии сифати таҳсилот аз ҷумлаи дастовардҳои назаррас ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар самти ҳамоҳангсозии механизмҳои арзёбӣ ва фарогирии якхелаи муассисаҳои таълимӣ ба низоми ягонаи арзёбӣ ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонанд.   Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён вобаста ба беҳтар намудани сифати иҷрои бандҳои стратегия, таҳкими назорати дохилӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои ноил шудан ба он моро зарур аст ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои стратегияи мазкур сарҷамъона кӯшиш намоем. Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои босифати вазифаҳои пешбинишуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    55

    10.04.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ СЕЮМИН ФЕСТИВАЛ-НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД Имрӯз, 10 апрели соли 2026 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 ба кори худ расман оғоз бахшид. Чорабинӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳаи маориф, корпусҳои дипломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хонандагону довталабон баргузор гардид.   Дар маросими ифтитоҳ муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҷавонони кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ҷавонон имрӯз метавонанд ҷаҳонбинии худро тавсеа бахшида, таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи давлатҳои пешрафта идома дода, донишу малакаи худро такмил диҳанд.   Ҳамзамон, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Холиқзода зимни баромади худ зикр намуд, ки айни замон зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони ҷумҳурӣ дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд. Қайд карда шуд, ки ин раванд ба баланд гардидани обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.   Зикр гардид, ки аз вилояти Суғд наздик ба 8000 нафар хонандагон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят барои иштирок дар фестивал ташриф овардаанд. Иштирокчиён имконият доранд, ки бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ мустақиман мулоқот намуда, дар бораи ихтисосҳо, шароити таҳсил ва имкониятҳои грантӣ маълумоти муфассал ба даст оранд.   Таъкид шуд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои рушди босифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам овардааст.   Қайд гардид, ки фестивал ҳамчун майдони муаррифии имкониятҳои таҳсил, барқарорсозии робитаҳои мустақим миёни донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ хизмат намуда, барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла роҳандозии дипломҳои дугона, таъсиси факултетҳои муштарак ва амалисозии лоиҳаҳои илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.   Ҳамзамон, иброз гардид, ки сифати низоми таҳсилот ва эътирофи байналмилалии он яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, мутахассисони соҳибкасб ҳамчун неруи асосии рушди устувори ҷомеа арзёбӣ мегарданд.   Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти баргузории фестивалро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши робитаҳои илмӣ ва рушди фазои ягонаи таҳсилоти олӣ муҳим арзёбӣ карданд.   Фестивал-намоишгоҳи байналмилалӣ ҳамчун платформаи муҳими муаррифии имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар арзёбӣ гардида, ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти босифат мусоидат менамояд.

    44

    10.04.2026