БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ИХТИСОСҲОИ РАВИЯИ ТИББӢ ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ
23.01.2025
Имрӯз, 23-юми январ таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маориф ва илм ёдовар шуд.
Сипас, ҳисоботи сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ Ҳ. Саидзода дар мавзуи “Вазъи таълиму тарбия ва сифати омода намудани мутахассисони равия, самт, ва ихтисосҳои тиббӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ” шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия дар равияҳои тиббии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, истифодаи таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ дар синфхонаҳои лабараторӣ дар раванди таълим, беҳтар намудани барномаҳои таълимӣ, хатми мутахассисон ва ба кор сафарбар шудани онҳо ҷалб намуд.
Дар охир, вазири маориф ва илм ба ҳозирин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, хуб ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия дар равияҳои тиббии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, омода намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи равияҳои тиббӣ, нашр ва бознашри китобҳои дарсии равияи болозикр, омодагӣ ба ҷаласаи Шурои ректорон, сазовор пешвоз гирифтани 32-юмин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз, назорати давомоти хонандагону рафти баргузории дарси омӯзгорон, риояи ҳатмии сару либоси тавсиявӣ, тозаву озода намудани гирду атрофи муассисаҳои соҳаи маориф ва чанде дигар супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон