14.08.2026

 img

14 августи соли 2026 таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм, роҳбарони сохтории дахлдори вазорат, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорони литсейҳо, гимназияҳо ва дигар муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок намуданд.

 

Вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, зикр кард, ки соҳаи илму маориф яке аз самтҳои калидӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таъкид гардид, ки масъулияти кормандони соҳа дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таҳкими интизоми меҳнат, муҳайё намудани шароити мусоид барои хонандагон ва омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил бояд боз ҳам бештар гардад.

 

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсили 2026-2027, қабули хонандагон, аз ҷумла, хонандагони синфи якум, вазъи биною иншооти муассисаҳо, ободонӣ ва тозагии муҳити онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Вазири маориф ва илм зимни баррасии масъалаҳо таъкид намуд, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳар як муассисаи таълимӣ бояд бо сатҳи баланди омодагӣ, муҳити тозаву озода, шароити муносиб ва фазои созандаи таълиму тарбия ба соли нави таҳсил ворид гардад. Роҳбарони муассисаҳо вазифадор карда шуданд, ки корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдид, ҷобаҷогузории синфхонаҳо ва омодасозии тамоми шароити заруриро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом диҳанд.

 

Ҳамзамон, ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳолатҳои фурӯши либосҳои мактабӣ, лавозимоти хониш ва дигар маҳсулот дар дохил ва ҳудуди муассисаҳои таълимӣ чораҳои қатъӣ андешанд. Таъкид гардид, ки муассисаи таълимӣ набояд ба макони фаъолияти тиҷоратӣ табдил дода шуда, аз ҷониби роҳбарият ва кормандони муассисаҳо ба волидону хонандагон барои харидории мол аз нуқтаи муайян фишор ё маҷбуркунӣ сурат гирад.

 

Вобаста ба қабули хонандагони синфи якум вазири маориф ва илм масъулинро вазифадор намуд, ки раванди қабул тибқи талаботи муқарраргардида, бо риояи шаффофият ва муносибати дуруст ба шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, барои волидон монеаҳои сунъӣ эҷод карда нашаванд. Ҳамчунин, зарурати назорати ҷиддии тақсимоти хонандагон ба синфҳо, истифодаи самараноки имкониятҳои муассисаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил таъкид гардид.

 

Дар идома масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, таҷҳизоти зарурӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ва бехатарӣ, инчунин омодагӣ ба баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

 

Ҳамзамон, вазири маориф ва илм аз натиҷаҳои начандон қаноатбахши иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, инчунин озмунҳои вобаста ба соҳиб шудан ба аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқра ва аттестати аълои равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ изҳори нигаронӣ намуд. Дар ин замина ба масъулини соҳа ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти худро дар самти дарёфт, дастгирӣ ва омодасозии хонандагони болаёқат ҷоннок намуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди қобилият ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

 

Вазир аз роҳбарони сохторҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ талаб намуд, ки иҷрои ҳар як дастуру супориш зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, камбудиҳои мавҷуда то оғози соли нави таҳсил пурра бартараф карда шаванд.

 

Дар ҷамъбасти ҷаласа вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини иҷрои саривақтии вазифаҳои гузошташуда ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб Муҳтарам табибону кормандон ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ!   Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни касбиатон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона табрик мегӯям.   Интихоби зодрӯзи донишманди бузургу фарзонаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино ҳамчун ҷашни касбии шумо нишонаи возеҳи арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба заҳмати содиқонаву софдилонаи кормандони соҳаи тиб, табибон ва ҳамшираҳои шафқат ба хотири ҳифзи саломатӣ ва наҷоти ҳаёти инсон мебошад.   Заҳмати шабонарӯзӣ ва садоқати шумо ба Савганди табиб асоси солимӣ ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.   Табиб шахсияти соҳибкасбест, ки тамоми донишу таҷриба ва неруи зеҳнии худро барои ҳифзи саломатии мардум ва таҳкими солимии ҷомеа бахшидааст.   Аз ин рӯ, касби табиб пуршарафтарин ва масъулиятноктарин касбҳои ҷаҳон ба шумор меравад.   Имсол Рӯзи кормандони тандурустӣ дар айёме таҷлил мегардад, ки мардуми Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои озоду ободи кишвар ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд.   Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол ба сол бештар гардида, то имрӯз дар саросари мамлакат ҳазорҳо муассисаи наву замонавии тиббӣ бунёд карда шудаанд.   Муассисаҳои тиббии кишвар ҳоло бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд, ки барои ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат ва беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат карда истодааст.   Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаам, ки саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат ва шарти муҳимми пешрафти ҷомеа мебошад.   Вобаста ба ин, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат ҳадафи аслии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.   Дар баробари рушди инфрасохтор, рақамикунонии соҳа низ босуръат пеш меравад.   Ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилооти тандурустӣ, истифодаи сабтҳои электронии тиббӣ ва васеъ намудани хизматрасониҳои рақамӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки дар солҳои наздик сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.   Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва зиёд шудани давомнокии умри аҳолӣ мусоидат менамоянд.   Муҳтарам табибон!   Шумо намояндагони касбе мебошед, ки бо умеду боварӣ, меҳрубониву садоқат ва ҳаёти инсон пайванди мустақим дорад.   Ҳар як шахси ранҷуру бемор, ки ба шумо муроҷиат мекунад, пеш аз ҳама, ба донишу таҷриба ва муносибату муоширати неку хайрхоҳонаатон эътимод мебандад.   Имрӯз ҷомеа аз кормандони тиб на танҳо дониши баланди касбӣ, балки ахлоқи ҳамида, меҳрубониву масъулиятшиносӣ, одоби муошират ва эҳтиром нисбат ба ҳар як беморро талаб менамояд.   Ин арзишҳо дар фаъолияти ҳар як табиб бояд дар мақоми аввал қарор дошта бошанд.   Ҳамзамон бо ин, рушди босуръати тибби муосир аз ҳар як мутахассис тақозо менамояд, ки донишу малакаҳои худро пайваста такмил диҳад, технологияҳои навро аз худ намояд, таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро омӯзад ва онро дар амал татбиқ созад.   Илм ҳамеша дар ҳоли ҳаракату пешрафт аст ва табиби муваффақ бояд омӯзандаи ҳамешагӣ бошад.   Муҳтарам кормандони соҳаи тиб ва   олимону донишмандон!   Бузургдошти номи Абуалӣ ибни Сино – фарзанди фарзонаву чеҳраи барҷастаи миллати тоҷик дар кишвар ва ҷомеаи мо танҳо як эҳтироми рамзӣ нест.   Тавре ки дар яке аз вохӯриҳо бо кормандони соҳаи тиб гуфта будам, нуфузи ибни Сино дар таърихи тиб бо нуфузи Арасту дар таърихи фалсафа қобили муқоиса аст.   Хизмати ибни Сино дар рушди соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла илми тиб ниҳоят бузург буда, ному осори ӯ на танҳо ифтихори миллати тоҷик, балки мояи сарфарозии тамоми инсоният гардидааст.   Ба шарофати ақлу заковат, донишу истеъдоди фавқулода ва заҳмати шабонарӯзӣ номи ӯ дар саҳифаҳои таърихи башарият ва илми ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.   Аз миёни осори арзишманди ӯ китоби машҳури «Қонуни тиб» яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои илми тиб мебошад, ки машҳуртарин асари тиббӣ дар тамоми таърихи инсоният ба шумор рафта, зиёда аз 600 сол ҳамчун дастури бунёдии таълимӣ дар донишгоҳҳои пешрафтаи олам истифода гардидааст.   Бузургиву ҷовидонагии ибни Сино дар он аст, ки ӯ саломатии инсонро арзиши олӣ медонист ва пешгирии бемориро аз табобати он муҳимтар мешуморид.   Ҳанӯз ҳазор сол пеш ӯ дар бораи аҳаммияти ҳавои тоза, оби босифати нӯшокӣ, ғизои солим, покизагии муҳити зист, фаъолияти ҷисмонӣ, беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ, тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи саломатии модару кӯдак андешаҳои муҳимму судманди илмӣ баён кардааст.   Ҳоло ин андешаҳо заминаи устувори илми тибби муосир, тандурустии ҷамъиятӣ, беҳдошт ва тибби профилактикиро ташкил медиҳанд.   Ба ҳамин хотир, мероси гаронбаҳои илмии Абуалӣ ибни Сино барои мо мояи ифтихори милливу таърихӣ мебошад.   Маҳз ҳамин эҳтирому гиромидошт ба мероси беназири ӯст, ки имрӯз номи Абуалӣ ибни Синоро дар муҳимтарин муассисаҳои илмиву таълимии кишвар ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҷовидона гардонидааст.   Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки беш аз ҳашт даҳсола барои мамлакати мо ва кишварҳои дигар ҳазорҳо мутахассисони баландихтисоси тиббиро омода намудааст, идомадиҳандаи анъанаҳои мактаби илмии ин нобиғаи оламшумули тоҷик мебошад.   Имрӯз бо номи ӯ дар пойтахти кишварамон яке аз калонтарин ноҳияҳо ва яке аз зеботарин хиёбонҳо номгузорӣ шудааст.   Инчунин, дар аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кӯчаҳои марказӣ ва яке аз баландтарин қуллаҳои Помир бо баландии 7134 метр ба номи Абуалӣ ибни Сино сабт шудаанд.   Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳо Маркази синошиносӣ таъсис дода шудааст, ки кормандони он ба омӯзишу тарҷумаи осори ибни Сино машғул мебошанд.   Дар кишвари мо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника таъсис дода шудааст, ки дар ду сол як маротиба ба олимону донишмандон барои асарҳои шоиста дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва илмҳои техникӣ; биология ва кишоварзӣ; илмҳои тиббиву фарматсевтӣ ва ҷомеашиносиву гуманитарӣ супорида мешавад.   Имсол бо Фармони Президенти мамлакат Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд.   Хотирнишон менамоям, ки ин ҷоиза танҳо як қадрдониву мукофоти илмӣ нест.   Он рамзи эҳтироми амиқи мо ба мероси гаронбаҳои яке аз бузургтарин донишмандони миллати тоҷик ва таърихи инсоният мебошад.   Ин иқдоми бесобиқа Тоҷикистонро ба маркази муколамаи илми тибби ҷаҳонӣ табдил дода, олимону табибони барҷастаи дунёро барои кашфиёту навовариҳо дар соҳаи тиб қадрдонӣ менамояд.   Гуфтаҳои боло нишони эҳтироми амиқи давлат ва мардуми Тоҷикистон ба шахсияте мебошад, ки бо илму хиради худ номи миллати тоҷикро дар таърихи тамаддуни башар ҷовидона гардонидааст.   Табибони муҳтарам!   Бори дигар такрор мекунам, ки ҳамчун Рӯзи кормандони тандурустӣ интихоб гардидани санаи таваллуди ин нобиғаи илми ҷаҳонӣ дар кишвари мо тасодуфӣ нест.   Шумо – ворисони ин олиму табиби бузург – вазифадор ҳастед, ки бо пайравӣ аз мактаби андешаи ӯ илми тибби ватаниро ба қуллаҳои нав бароред ва номи Тоҷикистони азизамонро дар ҷаҳон боз ҳам бештар муаррифӣ намоед.   Бигзор, заҳматҳои шабонарӯзии шумо ҳамеша бо эҳтирому самимияти мардум қадрдонӣ гарданд.   Бигзор, ҳамеша андешаву неруи тоза ва комёбиҳои илмиву касбӣ ҳамқадами ҳар яки шумо бошанд.   Ҳамаи шуморо бори дигар бо ҷашни касбии кормандони соҳаи тиб самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва дар иҷрои рисолати пуршарафатон барору муваффақият орзу менамоям.   Ҷашни касбӣ муборак бошад, табибони ҳозиқ!

    2

    18.08.2026
  •  img
    ТАРАННУМИ ИСТИҚЛОЛ 17 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси ансамбли «Гулрез»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Тараннуми Истиқлол» баргузор гардид.   Чорабинии мазкур ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадаф аз баргузории он арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ, инчунин баланд бардоштани рӯҳияи сокинон дар арафаи ин ҷашни муқаддаси миллӣ буд.   Дар ҷараёни чорабинӣ аъзои ансамбли «Гулрез» барномаи рангини фарҳангиро пешкаши сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб намуданд. Сурудҳои ватандӯстона, рақсу таронаҳои миллӣ ва дигар барномаҳои ҳунарӣ фазои идонаи чорабиниро боз ҳам ғанӣ гардониданд.

    3

    18.08.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ Дар Боғи фарҳангии «Куруши Кабир» бо ташаббуси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони донишкада иштирок намуданд.   Дар доираи барнома суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу мусиқӣ ва дигар намунаҳои ҳунари миллӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ васф гардиданд.   Баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву маънавии миллӣ мусоидат менамояд.

    31

    16.08.2026