18.08.2026

 img

Муҳтарам табибону кормандон ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ!

 

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни касбиатон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона табрик мегӯям.

 

Интихоби зодрӯзи донишманди бузургу фарзонаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино ҳамчун ҷашни касбии шумо нишонаи возеҳи арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба заҳмати содиқонаву софдилонаи кормандони соҳаи тиб, табибон ва ҳамшираҳои шафқат ба хотири ҳифзи саломатӣ ва наҷоти ҳаёти инсон мебошад.

 

Заҳмати шабонарӯзӣ ва садоқати шумо ба Савганди табиб асоси солимӣ ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

 

Табиб шахсияти соҳибкасбест, ки тамоми донишу таҷриба ва неруи зеҳнии худро барои ҳифзи саломатии мардум ва таҳкими солимии ҷомеа бахшидааст.

 

Аз ин рӯ, касби табиб пуршарафтарин ва масъулиятноктарин касбҳои ҷаҳон ба шумор меравад.

 

Имсол Рӯзи кормандони тандурустӣ дар айёме таҷлил мегардад, ки мардуми Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои озоду ободи кишвар ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд.

 

Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол ба сол бештар гардида, то имрӯз дар саросари мамлакат ҳазорҳо муассисаи наву замонавии тиббӣ бунёд карда шудаанд.

 

Муассисаҳои тиббии кишвар ҳоло бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд, ки барои ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат ва беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат карда истодааст.

 

Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаам, ки саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат ва шарти муҳимми пешрафти ҷомеа мебошад.

 

Вобаста ба ин, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат ҳадафи аслии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

 

Дар баробари рушди инфрасохтор, рақамикунонии соҳа низ босуръат пеш меравад.

 

Ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилооти тандурустӣ, истифодаи сабтҳои электронии тиббӣ ва васеъ намудани хизматрасониҳои рақамӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки дар солҳои наздик сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.

 

Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва зиёд шудани давомнокии умри аҳолӣ мусоидат менамоянд.

 

Муҳтарам табибон!

 

Шумо намояндагони касбе мебошед, ки бо умеду боварӣ, меҳрубониву садоқат ва ҳаёти инсон пайванди мустақим дорад.

 

Ҳар як шахси ранҷуру бемор, ки ба шумо муроҷиат мекунад, пеш аз ҳама, ба донишу таҷриба ва муносибату муоширати неку хайрхоҳонаатон эътимод мебандад.

 

Имрӯз ҷомеа аз кормандони тиб на танҳо дониши баланди касбӣ, балки ахлоқи ҳамида, меҳрубониву масъулиятшиносӣ, одоби муошират ва эҳтиром нисбат ба ҳар як беморро талаб менамояд.

 

Ин арзишҳо дар фаъолияти ҳар як табиб бояд дар мақоми аввал қарор дошта бошанд.

 

Ҳамзамон бо ин, рушди босуръати тибби муосир аз ҳар як мутахассис тақозо менамояд, ки донишу малакаҳои худро пайваста такмил диҳад, технологияҳои навро аз худ намояд, таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро омӯзад ва онро дар амал татбиқ созад.

 

Илм ҳамеша дар ҳоли ҳаракату пешрафт аст ва табиби муваффақ бояд омӯзандаи ҳамешагӣ бошад.

 

Муҳтарам кормандони соҳаи тиб ва

 

олимону донишмандон!

 

Бузургдошти номи Абуалӣ ибни Сино – фарзанди фарзонаву чеҳраи барҷастаи миллати тоҷик дар кишвар ва ҷомеаи мо танҳо як эҳтироми рамзӣ нест.

 

Тавре ки дар яке аз вохӯриҳо бо кормандони соҳаи тиб гуфта будам, нуфузи ибни Сино дар таърихи тиб бо нуфузи Арасту дар таърихи фалсафа қобили муқоиса аст.

 

Хизмати ибни Сино дар рушди соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла илми тиб ниҳоят бузург буда, ному осори ӯ на танҳо ифтихори миллати тоҷик, балки мояи сарфарозии тамоми инсоният гардидааст.

 

Ба шарофати ақлу заковат, донишу истеъдоди фавқулода ва заҳмати шабонарӯзӣ номи ӯ дар саҳифаҳои таърихи башарият ва илми ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

 

Аз миёни осори арзишманди ӯ китоби машҳури «Қонуни тиб» яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои илми тиб мебошад, ки машҳуртарин асари тиббӣ дар тамоми таърихи инсоният ба шумор рафта, зиёда аз 600 сол ҳамчун дастури бунёдии таълимӣ дар донишгоҳҳои пешрафтаи олам истифода гардидааст.

 

Бузургиву ҷовидонагии ибни Сино дар он аст, ки ӯ саломатии инсонро арзиши олӣ медонист ва пешгирии бемориро аз табобати он муҳимтар мешуморид.

 

Ҳанӯз ҳазор сол пеш ӯ дар бораи аҳаммияти ҳавои тоза, оби босифати нӯшокӣ, ғизои солим, покизагии муҳити зист, фаъолияти ҷисмонӣ, беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ, тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи саломатии модару кӯдак андешаҳои муҳимму судманди илмӣ баён кардааст.

 

Ҳоло ин андешаҳо заминаи устувори илми тибби муосир, тандурустии ҷамъиятӣ, беҳдошт ва тибби профилактикиро ташкил медиҳанд.

 

Ба ҳамин хотир, мероси гаронбаҳои илмии Абуалӣ ибни Сино барои мо мояи ифтихори милливу таърихӣ мебошад.

 

Маҳз ҳамин эҳтирому гиромидошт ба мероси беназири ӯст, ки имрӯз номи Абуалӣ ибни Синоро дар муҳимтарин муассисаҳои илмиву таълимии кишвар ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҷовидона гардонидааст.

 

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки беш аз ҳашт даҳсола барои мамлакати мо ва кишварҳои дигар ҳазорҳо мутахассисони баландихтисоси тиббиро омода намудааст, идомадиҳандаи анъанаҳои мактаби илмии ин нобиғаи оламшумули тоҷик мебошад.

 

Имрӯз бо номи ӯ дар пойтахти кишварамон яке аз калонтарин ноҳияҳо ва яке аз зеботарин хиёбонҳо номгузорӣ шудааст.

 

Инчунин, дар аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кӯчаҳои марказӣ ва яке аз баландтарин қуллаҳои Помир бо баландии 7134 метр ба номи Абуалӣ ибни Сино сабт шудаанд.

 

Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳо Маркази синошиносӣ таъсис дода шудааст, ки кормандони он ба омӯзишу тарҷумаи осори ибни Сино машғул мебошанд.

 

Дар кишвари мо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника таъсис дода шудааст, ки дар ду сол як маротиба ба олимону донишмандон барои асарҳои шоиста дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва илмҳои техникӣ; биология ва кишоварзӣ; илмҳои тиббиву фарматсевтӣ ва ҷомеашиносиву гуманитарӣ супорида мешавад.

 

Имсол бо Фармони Президенти мамлакат Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд.

 

Хотирнишон менамоям, ки ин ҷоиза танҳо як қадрдониву мукофоти илмӣ нест.

 

Он рамзи эҳтироми амиқи мо ба мероси гаронбаҳои яке аз бузургтарин донишмандони миллати тоҷик ва таърихи инсоният мебошад.

 

Ин иқдоми бесобиқа Тоҷикистонро ба маркази муколамаи илми тибби ҷаҳонӣ табдил дода, олимону табибони барҷастаи дунёро барои кашфиёту навовариҳо дар соҳаи тиб қадрдонӣ менамояд.

 

Гуфтаҳои боло нишони эҳтироми амиқи давлат ва мардуми Тоҷикистон ба шахсияте мебошад, ки бо илму хиради худ номи миллати тоҷикро дар таърихи тамаддуни башар ҷовидона гардонидааст.

 

Табибони муҳтарам!

 

Бори дигар такрор мекунам, ки ҳамчун Рӯзи кормандони тандурустӣ интихоб гардидани санаи таваллуди ин нобиғаи илми ҷаҳонӣ дар кишвари мо тасодуфӣ нест.

 

Шумо – ворисони ин олиму табиби бузург – вазифадор ҳастед, ки бо пайравӣ аз мактаби андешаи ӯ илми тибби ватаниро ба қуллаҳои нав бароред ва номи Тоҷикистони азизамонро дар ҷаҳон боз ҳам бештар муаррифӣ намоед.

 

Бигзор, заҳматҳои шабонарӯзии шумо ҳамеша бо эҳтирому самимияти мардум қадрдонӣ гарданд.

 

Бигзор, ҳамеша андешаву неруи тоза ва комёбиҳои илмиву касбӣ ҳамқадами ҳар яки шумо бошанд.

 

Ҳамаи шуморо бори дигар бо ҷашни касбии кормандони соҳаи тиб самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва дар иҷрои рисолати пуршарафатон барору муваффақият орзу менамоям.

 

Ҷашни касбӣ муборак бошад, табибони ҳозиқ!

  • Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАРАННУМИ ИСТИҚЛОЛ 17 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси ансамбли «Гулрез»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Тараннуми Истиқлол» баргузор гардид.   Чорабинии мазкур ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадаф аз баргузории он арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ, инчунин баланд бардоштани рӯҳияи сокинон дар арафаи ин ҷашни муқаддаси миллӣ буд.   Дар ҷараёни чорабинӣ аъзои ансамбли «Гулрез» барномаи рангини фарҳангиро пешкаши сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб намуданд. Сурудҳои ватандӯстона, рақсу таронаҳои миллӣ ва дигар барномаҳои ҳунарӣ фазои идонаи чорабиниро боз ҳам ғанӣ гардониданд.

    9

    18.08.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ Дар Боғи фарҳангии «Куруши Кабир» бо ташаббуси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони донишкада иштирок намуданд.   Дар доираи барнома суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу мусиқӣ ва дигар намунаҳои ҳунари миллӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ васф гардиданд.   Баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву маънавии миллӣ мусоидат менамояд.

    31

    16.08.2026
  •  img
    МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БАРГУЗОР ГАРДИД Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муслима Афзалшо, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вазорат, сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва омӯзгорону кормандони соҳа машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят баргузор гардид.   Зимни баргузории машварат муовини вазири маориф ва илм натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии вилоятро таҳлил намуда, аз дастовардҳо ва пешравиҳои соҳаи маориф ёдовар шуд. Ҳамзамон, ба як қатор масъалаҳо ва камбудиҳои ҷойдошта таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба масъулини соҳа ва омӯзгорон вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.   Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани насли донишманду соҳибмаърифат таваҷҷуҳи доимӣ ва махсус зоҳир менамоянд.   Аз ин рӯ, масъулини мақомоти идоракунии соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгоронро зарур аст, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати кишвар фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, баланд бардоштани сифати таҳсилот, татбиқи усулҳои муосири таълим ва тарбияи насли дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ тадбирҳои муассир андешанд.   Ҳамчунин, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи маорифи вилоят, омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ибрози назар кард.   Дар ҷараёни машварат масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омодагӣ ба соли нави таҳсил, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар раванди таълим, рушди қобилияти зеҳнии хонандагон ва таҳкими мақому манзалати омӯзгор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Таъкид шуд, ки рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва рақобатпазир аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.   Машварати имсола дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, аҳаммияти махсус дошт. Зикр гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёду таҷдид гардида, имкониятҳои таҳсил ва дастрасӣ ба дониш барои насли наврасу ҷавон пайваста беҳтар шудаанд.   Дар идомаи машварат омӯзгорон ва кормандони фаъоли соҳа, ки дар рушди маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», «Ифтихорнома» қадрдонӣ гардиданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    48

    16.08.2026