26.08.2026
26 августи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми вазир оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу саодатмандӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти меҳнатиашон комёбиҳои назаррас таманно намуд. Сипас, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, рушди устувори он дар тарбияи насли созанда, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва омода намудани кадрҳои баландихтисос нақши муҳим дорад.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми марбут ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва омодасозии кадрҳои соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров М. Абдуллозода оид ба фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2026 шунида шуд.
Дар рафти баррасии масъала натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маориф дар ноҳия, дастовардҳо, мушкилоти ҷойдошта ва вазифаҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм вобаста ба масъалаи мазкур таъкид намуд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани сифати фаъолияти соҳаи маориф дар ноҳия, роҳбарияти шуъбаи маориф ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, таҳкими назорати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, омодагии хонандагон ба олимпиадаю озмунҳо ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои таълимӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, вобаста ба натиҷаи тақсимоти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли 2026 сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат Ш. Саъдуллозода баромад намуда, раванди таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва масъалаҳои марбут ба тақсимоти мутахассисони ҷавонро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои беҳтар намудани фаъолияти соҳаи маориф ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Раиси ҷаласа, муовини якуми вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки аҳли маорифи кишвар дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вазифадоранд фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти корҳои тарбиявӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшанд.
Таъкид гардид, ки кормандони соҳаи маориф бо роҳнамоӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори соҳа, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон