25.11.2026

 img

25 ноябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

 

Ҷаласаро муовини якуми вазир оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид кард, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, рушди устувори он дар тарбияи насли созанда, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва омода намудани кадрҳои баландихтисос нақши муҳим дорад. Мавсуф зарурати таҳкими масъулияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маҳаллии соҳаи маорифро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, таъмини сифати таҳсилот ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта таъкид намуд.

 

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи таълиму тарбия ва сифати омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон, инчунин вазъи таҳия ва тасдиқи тарификатсияи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Аз рӯйи масъалаи якум муовини вазири маориф ва илм Илҳомуддин Иброҳимзода оид ба вазъи таълиму тарбия ва сифати омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон баромад намуд. Мавсуф зимни баромади худ вазъи фаъолияти муассисаҳои мазкур, масъалаҳои таъмини сифати таҳсилот, омодасозии мутахассисон ва камбудиҳои ҷойдоштаро мавриди таҳлил қарор дода, зарурати андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти таълимӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда таъкид намуд.

 

Зимни музокира масъалаи мазкур аз ҷониби ҳозирин мавриди баррасӣ ва қарор гирифта, вобаста ба беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои мушаххас иброз гардиданд.

 

Раиси ҷаласа ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон ва масъулини дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти назорати дохилӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими масъулияти роҳбарон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Аз рӯйи масъалаи дуюм сармутахассиси раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Ш. Дӯстмурод оид ба вазъи таҳия ва тасдиқи тарификатсияи муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суханронӣ намуд.

 

Мавсуф иброз дошт, ки тарификатсия яке аз санадҳои муҳими танзимкунандаи фаъолияти молиявию иқтисодии муассисаҳои таълимӣ буда, таҳия ва тасдиқи дурусти он барои таъмини саривақтӣ ва пурраи музди меҳнати кормандон аҳаммияти муҳим дорад. Тибқи натиҷаи санҷишҳои дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронидашуда, дар раванди таҳия ва тасдиқи тарификатсия камбудиҳо ошкор гардидаанд. Ҳамзамон, мавсуф зарурати риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини татбиқи якхелаи тартиби пардохти музди меҳнат ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарони мақомоти маҳаллии соҳаи маорифро таъкид намуд.

 

Вобаста ба масъалаи мазкур ҳозирин фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, таъмини пардохти пурраи иловапулиҳои пешбинишуда ва такмили раванди таҳияю тасдиқи тарификатсия таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

 

Дар фарҷом муовини якуми вазири маориф ва илм ба масъулини дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми таҳия ва тасдиқи тарификатсия, пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнату иловапулиҳои кормандони соҳаи маориф, инчунин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисон дастуру супоришҳои мушаххас ва қатъӣ дод.

 

Таъкид гардид, ки масъулини соҳа вазифадоранд ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои додашуда ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида чораҳои зарурӣ андешида, натиҷаи фаъолияти худро тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод намоянд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН 25 ноябри соли 2026 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ директори Департаменти ғизои босифат ва ҳамоҳангсозии муассисаҳои таълимии махсусгардонидашудаи Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гулноза Омонова, ёвари директори департаменти мазкур Исломҷон Ғайратов ва президенти ташкилоти автономии ғайритиҷоратии «Институти соҳавии ғизо» Владимир Чернигов иштирок намуданд.   Нахуст, муовини вазири маориф ва илм меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир марҳилаи нави рушдро касб намуда, дар заминаи эътимод, эҳтироми мутақобила ва сиёсати неки ҳамсоягӣ густариш меёбанд.   Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷриба ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар самти рушди низоми ғизои мактабӣ, омода намудани мутахассисон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Дар идомаи вохӯрӣ ба масъалаи татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки дар доираи он ҷиҳати беҳтар намудани шароити ташкили ғизои мактабӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.   Ҳамзамон, таъсиси Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ҳамчун иқдоми муҳим дар самти омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси «Ошпази мактабӣ», такмили ихтисоси кормандони соҳа ва ҷорӣ намудани таҷрибаи муосири ташкили ғизои солиму босифат арзёбӣ гардид.   Дар ин замина, масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар самти идоракунӣ ва ташкили хизматрасонии ғизо дар муассисаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси ошпазони мактабӣ, риояи меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ низ баррасӣ шуданд. Инчунин, ҷонибҳо доир ба баргузории семинару машваратҳои муштарак ва ташкили боздидҳои мутақобила табодули назар намуданд.   Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои соҳавӣ, густариши ҳамкориҳои амалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак бо ҷалби шарикони байналмилалӣ изҳор доштанд.   Таъкид гардид, ки густариши чунин ҳамкориҳо ба такмили низоми ғизои мактабӣ, беҳтар гардидани шароити ғизогирии хонандагон ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    2

    25.11.2026
  •  img
    ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Ҳамдиёрони азиз! Сокинони сарбаланди пойтахт! Ҳамаи шуморо бо ҷашни муқаддасу пурифтихори миллӣ - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Парчам дар таъриху фарҳанги давлатдории миллати тоҷик мақоми хос дошта, ҳамчун рамзи озодӣ, истиқлол, ваҳдати миллӣ, шуҷоат ва сарбаландии миллат ба шумор меравад. Ин муқаддасоти миллӣ таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва ҳувияту асолати миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлатдории миллӣ, сарҷамъиву ягонагии мардум ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон табдил ёфта, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад. Хушбахтона, имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли миллати тамаддунофари тоҷик бо ифтихор парафшон аст. Мо бояд эҳтирому арҷгузорӣ ба Парчами давлатиро ҳамчун нишонаи олии садоқат ба Ватан дар назди наслҳои имрӯзу оянда ҳамеша пос дошта, ин арзишро муқаддасу гиромӣ дорем. Бори дигар ҳамаи ҳамдиёрон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ табрик гуфта, ба ҳар як оила бахту саодат, рӯзгори ободу осуда ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон фардои дурахшонро орзу менамоям. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

    385

    24.11.2026
  •  img
    Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ Ҳамватанони азиз!   Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бозтоби таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик, рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва омили таҳкимбахши худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад, самимона табрик мегӯям.   Парчами давлатӣ гувоҳи равшани ҳастиву устувории давлат, таҷассуми сарҷамъиву ҳамбастагии миллат ва тантанаи сулҳу ваҳдати пойдор мебошад.   Он моро ба пос доштани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саъйу талош ба хотири ободиву пешрафти минбаъдаи Ватан ҳидоят менамояд.   Парчами давлатӣ аз давраҳои бостонӣ ҳамқадами сарнавишти миллати тоҷик ва давлатҳои тоҷикон буда, анъанаҳои неки давлатдорӣ ва арзишҳои таърихиву фарҳанги миллии моро дар гузаштаи тӯлонӣ таҷассум кардааст ва дар ҷаҳони имрӯз муаррифӣ менамояд.   Яъне анъанаи парчамдорӣ ва эҳтиром гузоштан ба парчам ҳамчун омили иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар фарҳанги мардуми мо таърихи қадима дорад.   Дирафши коваёнӣ, ки асоси парчамдории мардумони ориёӣ, аз ҷумла миллати сарбаланди тоҷик мебошад, то ба имрӯз чун рамзи муборизаву истиқлолхоҳӣ, нангу номуси миллӣ ва пирӯзиву адолат ба шумор меравад.   Онро метавон пайванди устувори таърихи пурифтихор бо имрӯзи ободу босаодат ва фардои дурахшони миллати фарҳангсолори тоҷик унвон кард.   Имрӯз парчами давлатӣ дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон парафшонӣ намуда, аз сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мужда медиҳад.   Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ парчами давлатӣ на танҳо василаи таъмини сарҷамъиву муттаҳидии мардуми тоҷик, балки омили асосии таҳкими худшиносӣ ва муаррифии дастовардҳои миллии мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардид.   Имрӯз оламиён парчами миллии тоҷиконро мешиносанд, эътироф менамоянд ва дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзишиву маънавии моро ба он пайванд медиҳанд.   Ҷилову шукӯҳи онро мо имрӯз дар минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ бо ифтихору сарбаландӣ мушоҳида мекунем.   Парчами давлатӣ имрӯз ҳамрадифи давлату миллат ва дигар муқаддасоти миллии мо буда, аз сарҷамъиву иттиҳод, пешрафту ободӣ, суботи сиёсӣ ва қудрату имкониятҳои азими созандагии миллати тоҷикро дар ҳама гӯшаву канори олам муаррифӣ менамояд.   Ҷавонони мо бояд хуб донанд, ки парчам танҳо як матои рангаву муҷалло нест, балки он дар худ таъриху тамаддуни оламшумул, фарҳанги пурғановат, озодиву ободӣ ва ормонҳои неки мардуми шарафманди тоҷикро таҷассум менамояд.   Вобаста ба ин, ҷавононро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз парчамдориву соҳибдавлатӣ ва оромиву ободии Ватан барои аз худ намудани донишҳои муосир, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ талоши бештар намоянд.   Мо бояд эҳтиром гузоштан ба парчами давлатиро дар зеҳну андешаи насли наврас ба амали ҳаррӯзаи маънавию маърифатӣ табдил диҳем.   Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдат ва муҳаббат ба миллату давлатро омӯзонем.   Дар ин самт бояд оила, муассисаҳои томактабиву таълимӣ, аҳли илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори оммаи кишвар нақши фаъол дошта бошанд.   Мо ҳамеша ба неруи созанда ва масъулияти баланди ватанпарваронаи мардуми тоҷик эътимоди қавӣ дорем ва бовар дорем, ки онҳо то ҷашни 40-солагии истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашанд.   Дар ин ҷода моро парчами миллӣ ҳамчун ифодаи муҳаббату садоқати бепоён ба давлату миллат, эҳтироми шоиста ба таърихи гузашта ва масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда раҳнамо мебошад.   Бори дигар Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, орзу менамоям, ки ин олитарин муқаддасоти миллӣ ва рамзи ватандориву худшиносии миллӣ дар фазои орому осудаи Ватани аҷдодиамон ҷовидона парафшон бошад ва миллату давлати моро ба ояндаи неку дурахшон раҳнамун созад.   Рӯзи парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

    430

    24.11.2026