24.11.2026

 img

Ҳамватанони азиз!

 

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бозтоби таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик, рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва омили таҳкимбахши худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад, самимона табрик мегӯям.

 

Парчами давлатӣ гувоҳи равшани ҳастиву устувории давлат, таҷассуми сарҷамъиву ҳамбастагии миллат ва тантанаи сулҳу ваҳдати пойдор мебошад.

 

Он моро ба пос доштани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саъйу талош ба хотири ободиву пешрафти минбаъдаи Ватан ҳидоят менамояд.

 

Парчами давлатӣ аз давраҳои бостонӣ ҳамқадами сарнавишти миллати тоҷик ва давлатҳои тоҷикон буда, анъанаҳои неки давлатдорӣ ва арзишҳои таърихиву фарҳанги миллии моро дар гузаштаи тӯлонӣ таҷассум кардааст ва дар ҷаҳони имрӯз муаррифӣ менамояд.

 

Яъне анъанаи парчамдорӣ ва эҳтиром гузоштан ба парчам ҳамчун омили иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар фарҳанги мардуми мо таърихи қадима дорад.

 

Дирафши коваёнӣ, ки асоси парчамдории мардумони ориёӣ, аз ҷумла миллати сарбаланди тоҷик мебошад, то ба имрӯз чун рамзи муборизаву истиқлолхоҳӣ, нангу номуси миллӣ ва пирӯзиву адолат ба шумор меравад.

 

Онро метавон пайванди устувори таърихи пурифтихор бо имрӯзи ободу босаодат ва фардои дурахшони миллати фарҳангсолори тоҷик унвон кард.

 

Имрӯз парчами давлатӣ дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон парафшонӣ намуда, аз сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мужда медиҳад.

 

Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ парчами давлатӣ на танҳо василаи таъмини сарҷамъиву муттаҳидии мардуми тоҷик, балки омили асосии таҳкими худшиносӣ ва муаррифии дастовардҳои миллии мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардид.

 

Имрӯз оламиён парчами миллии тоҷиконро мешиносанд, эътироф менамоянд ва дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзишиву маънавии моро ба он пайванд медиҳанд.

 

Ҷилову шукӯҳи онро мо имрӯз дар минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ бо ифтихору сарбаландӣ мушоҳида мекунем.

 

Парчами давлатӣ имрӯз ҳамрадифи давлату миллат ва дигар муқаддасоти миллии мо буда, аз сарҷамъиву иттиҳод, пешрафту ободӣ, суботи сиёсӣ ва қудрату имкониятҳои азими созандагии миллати тоҷикро дар ҳама гӯшаву канори олам муаррифӣ менамояд.

 

Ҷавонони мо бояд хуб донанд, ки парчам танҳо як матои рангаву муҷалло нест, балки он дар худ таъриху тамаддуни оламшумул, фарҳанги пурғановат, озодиву ободӣ ва ормонҳои неки мардуми шарафманди тоҷикро таҷассум менамояд.

 

Вобаста ба ин, ҷавононро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз парчамдориву соҳибдавлатӣ ва оромиву ободии Ватан барои аз худ намудани донишҳои муосир, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ талоши бештар намоянд.

 

Мо бояд эҳтиром гузоштан ба парчами давлатиро дар зеҳну андешаи насли наврас ба амали ҳаррӯзаи маънавию маърифатӣ табдил диҳем.

 

Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдат ва муҳаббат ба миллату давлатро омӯзонем.

 

Дар ин самт бояд оила, муассисаҳои томактабиву таълимӣ, аҳли илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори оммаи кишвар нақши фаъол дошта бошанд.

 

Мо ҳамеша ба неруи созанда ва масъулияти баланди ватанпарваронаи мардуми тоҷик эътимоди қавӣ дорем ва бовар дорем, ки онҳо то ҷашни 40-солагии истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашанд.

 

Дар ин ҷода моро парчами миллӣ ҳамчун ифодаи муҳаббату садоқати бепоён ба давлату миллат, эҳтироми шоиста ба таърихи гузашта ва масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда раҳнамо мебошад.

 

Бори дигар Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, орзу менамоям, ки ин олитарин муқаддасоти миллӣ ва рамзи ватандориву худшиносии миллӣ дар фазои орому осудаи Ватани аҷдодиамон ҷовидона парафшон бошад ва миллату давлати моро ба ояндаи неку дурахшон раҳнамун созад.

 

Рӯзи парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» 23 ноябри соли 2026 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ аз рафти баргузории даври ниҳоии озмун, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад, боздид намуд.   Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат бо шароити фароҳамовардашуда дар толорҳои озмун, раванди баргузории даври ниҳоӣ ва фаъолияти ҳайати ҳакамон шинос гардид. Ҳамзамон, бо аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва падару модарони онҳо суҳбат намуда, масъалаҳои таъмини шаффофият, риояи адолат ва меъёрҳои баҳогузорӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки довталабонро мавриди баррасӣ қарор дод.   Дилрабо Мансурӣ зимни суҳбат таъкид намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти маърифати ҷомеа, рушди қобилияти зеҳнӣ ва тафаккури эҷодии насли наврасу ҷавон нақши муҳим дорад.   Зикр гардид, ки бо дастгирӣ ва мусоидати омӯзгорон, падару модарон ва масъулон таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба озмун сол ба сол афзоиш ёфта, шумораи иштирокчиён бештар мегарданд. Ин раванд нишонаи болоравии таваҷҷуҳи ҷомеа ба китобу китобхонӣ ва рушди фарҳанги маърифатпарварӣ мебошад.   Дар идомаи боздид падару модарони иштирокчиён ба муовини Сарвазири кишвар барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваста изҳори сипос намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати баргузории озмун, такмили раванди он ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои иштирокчиён як қатор пешниҳод ва дархостҳои худро баён карданд.   Бояд гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» яке аз иқдомҳои муҳимми фарҳангиву маърифатии мамлакат ба ҳисоб рафта, ба тарғиби китобхонӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва таҳкими мақоми китоб дар ҷомеа равона гардидааст.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    0

    23.11.2026
  •  img
    ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 23 ноябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчами давлатӣ – рамзи истиқлол ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид.   Дар конференсия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони муассисаҳои илмию таълимӣ ва олимону муҳаққиқон иштирок намуданд.   Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас вазири маориф ва илм бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.   Зимни суханронӣ вазир ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид кард, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти таърихии мардуми тоҷик мебошад. Қайд гардид, ки Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳои муқаддаси давлат буда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он нишонаи муҳаббат ба Ватан, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.   Зикр гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосса пайдо намуда, дар таҳкими ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши таърихи пайдоиш ва ташаккули рамзҳои давлатӣ, тарғиби эҳтиром ба Парчами миллӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои соҳаи маориф ба шумор меравад.   Дар идомаи конференсия Х.Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Парчам ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ» ва М. Ҳалимова - номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибихтиёрии миллӣ ва таҷассумгари давлатдории муосир» маърузаҳо пешниҳод намуданд. Зимни музокира иштирокчиёни конференсия атрофи мазмуну муҳтавои маърузаҳо, аҳаммияти таърихию сиёсии Парчами давлатӣ, зарурати тарғиби арзишҳои миллӣ ва тақвияти корҳои тарбиявию маърифатӣ дар муассисаҳои таълимӣ ибрози андеша намуданд.   Таъкид гардид, ки дар шароити муосир муассисаҳои таълимӣ дар баробари фароҳам овардани заминаи донишандӯзӣ, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии насли наврасу ҷавон масъулияти муҳим доранд. Аз ин рӯ, баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ, таҳкими эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва тарбияи шаҳрвандони худогоҳу ватандӯст заминаи мусоид фароҳам меорад.   Дар фарҷом кори конференсия ҷамъбаст гардида, таъкид карда шуд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ, ҳамчун рамзи муқаддаси истиқлолу озодӣ, бояд дар зеҳну шуури ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус насли наврасу ҷавон, ҷойгоҳи устувор дошта бошад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    20

    23.11.2026
  •  img
    Дурдонаҳои «Фурӯғ…» Зайнабхон Ҳамидиён, донишҷӯи курси дуюми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.   Зайнабхон осори зиёди насрӣ ва назмиро мутолиаву аз бар намудаааст, аз ҷумла, 40 роман, 50 повесту қисса, 10 очерк, 10 новелла, 13 драма, 7 пйеса, 10 ёддошт, 100 ҳикоя. 120 ғазал, 120 рубоӣ ва дубайтӣ, 350 байт аз достонҳо ва наздик ба 300 байт аз дигар навъҳои осори манзум.   Ба гуфтаи Зайнабхон, саволҳои пешниҳоднамудаи ҳайати ҳакамон асосан аз доираи асарҳои мутолианамудааш буданд ва хушбахтона, тавонист ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои дуруст диҳад.   «Ба андешаи ман, шахси ҳадафманд набояд дар баробари мушкилоту монеаҳо руҳафтода гардад. Баръакс, бояд барои расидан ба қуллаи мақсад пайваста талош варзад, аз ҳар имконият самаранок истифода намояд ва то расидан ба муваффақият аз кӯшишу заҳмат даст накашад», - иброз дошт мавсуф.

    0

    23.11.2026