20.02.2025
20-уми феврали соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалишавии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷаласа баргузор гардид.
Нахуст муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода қайд кард, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, 11 барномаву стратегияи давлатӣ дар самтҳои гуногуни соҳа амалӣ мегарданд. Аз ин рӯ иҷроиши барномаҳои соҳавӣ, махсусан, “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои рушду тавсеаи маорифи миллӣ дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.
Дар идома ҳисоботи сардори раёсати таҳсилоти миёнаи вазорат Шарофиддин Асомиддинзода доир ба амалишавии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” шунида шуд.
Гуфта шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти амалишавии "Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"-ро мунтазам пайгирӣ намуда, то кунун дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.
Дар ҷаласа масъалаҳои беҳтар намудани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иҷроиши бандҳои дахлдори барномаи болозикр дар самтҳои зиёд намудани шумораи устодони дорои унвони илмидошта дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисоси забонҳои русӣ ва англисӣ, таҳия ва нашри дастурҳои методӣ, луғатҳо ва китобҳои дарсӣ барои тарбиятгирандагон, хонандагон ва донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва чанде дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ва татбиқи стратегияву қонунҳо ва барномаҳои давлативу соҳавӣ бо мутобиқ намудан ба стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот барои рушди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон