22.05.2025

 img

22 майи соли 2025 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода аз раванди сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Дарвоз боздид намуд.

 

Зимни боздид ба муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ бо шароити муосири таълим аз 3 ошёна барои 560 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст ва аз 8 синфхона иборат аст. Ҳоло сохтмони муассисаи мазкур бомаром идома дошта, дар назар аст соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.

 

Дар идома муовини вазир бо масъулини сохтмони иншоот доир ба масъалаҳои саривақт ба итмом расонидан ва мавриди истифода қарор додани иншоот мулоқоти судманд анҷом дод.

 

Сипас, муовини вазир аз рафти дарси омӯзгорон, вазъи таълиму тарбия, сифати таҳсилот ва риояи сару либоси хонандагон дидан намуда, ба масъулини шуъбаи маориф ва муассисаи таълимӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва рафъи мушкилоти мавҷудбуда дастуру супоришҳои мушаххасс дод.

 

Боиси зикр аст, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир бунёду сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав вусъат ёфта, заминаҳои мазкур ба баланд гаштани сатҳу сифати таҳсилот дар кишвар мусоидат намудааст.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ img
  • БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ img
  • БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «АХТАРАКОНИ ҲИСОБДОН» 10 феврали соли 2026 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №44  бо иштироки муовини раиси ноҳия, сарпарасти соҳа З. Зуҳурзода, мудири шуъбаи маориф А. Бобозода, роҳбарони муассисаҳои томактабии ҳудуди ноҳия дар доираи  омодагӣ ва таҷлили 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия ҷиҳати амалигардонии "Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" эълон гардидани солҳои 2020-2040", “Стратегияи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030" даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии "Ахтаракони ҳисобдон" баргузор гардид. Озмун бо мақсади баланд бардоштани ташаккули малакаҳои фаъолияти маърифатӣ, маҳорати дарки яклухту томи ҳаёти атроф ва истифодаи ахборот барои ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, рушди маҳорату малакаи фикррониву мушоҳида, муқоиса, ҷудо намудан ва хулосабарорӣ намудан, ташаккули тасаввуротҳои оддитарини математикӣ тартиб додану ҳал намудани масъалаҳои математикӣ, дарк кардан ва ҳал кардани муаммоҳои арифметикӣ, сайқал додани маҳорати ҷамъу тарҳ кардани рақамҳо, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва тафаккури мантиқӣ, дарёфти кӯдакони болаёқату боистеъдод, баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиёну омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо доир мегардад. Дар озмун кўдакони гурўҳи калон ва гурўҳи омодагӣ ба мактаби муассисаҳои таълимии томактабии (5-7 сола) новобаста аз шакли моликият ва тобеият иштирок менамоянд. Иштирокчиёни озмун ба гурўҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд: - тарбиягирандагони гурўҳи калон (5-6 -сола); - тарбиягирнадагони гурўҳи омодагӣ (6-7-сола). Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорату малакаи ҳал кардани мисолу масъалаҳои математикӣ, тафаккури мантиқии кӯдакон бартарӣ дода мешавад. Озмун асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, ба довталабоне, ки дар гурӯҳҳои таълим бо забони ғайритоҷикӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, имконияти бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) баромад кардан дода мешавад. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯи талаботи зерин муайян карда мешавад: - санҷиши тафаккури математикӣ (диктанти математикӣ) - ҳалли масъалаи математикӣ аз рӯи расми пешниҳодшуда дар тахта ва ҳисоб карда тавонистани амалҳо (кам ва зиёд кардан); - бо истифодаи шаклҳои геометрӣ сохтани ашёву манзараҳо (тибқи супориш); - ҳалли муаммоҳои математикӣ; - дар маводҳои таълимӣ муайян карда тавонистани тасаввуротҳо оид ба вақту фазо ва тарафҳо; - маҳорати истифодаи маводҳои таълимӣ ва бозичаҳои тафаккурро таҳрикдиҳанда (сохтани шаклҳои геометрӣ аз қоғаз, расму манзараҳо аз лото, лего, (пазлҳо, мазайкаҳо), пирамидаҳо ва истифода бурда тавонистани кубик - рубик). Ғолибон  аз ҷониби ташкилкунандагони озмун  ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.  

    1336

    10.02.2026
  •  img
    СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ОИД БА ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ШОҲНОМАХОНӢ" Бо мақсади иҷрои амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати давлатӣ дар самти рушди маърифати миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, тарғиби мероси гаронбаҳои адабӣ ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ миёни хонандагону наврасон, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб семинари машваратӣ оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар кори семинар шахсони масъули озмун, директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик, роҳбарони маҳфилҳои адабӣ иштирок намуданд. Дар оғози семинар таъкид карда шуд, ки озмуни «Шоҳномахонӣ» ҳамчун тадбири муҳимми фарҳангиву маърифатӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, рушди малакаи суханварӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои адабии хонандагон нақши муҳим мебозад. Зикр гардид, ки тавассути чунин озмунҳо насли наврас ба омӯзиши амиқи осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҷалб гардида, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар онҳо тақвият меёбад. Зимни баромадҳо аҳаммияти озмун дар рушди маънавиёти ҷомеа таъкид гардида, аз масъулини соҳа даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даврҳои гуногуни озмун тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.  Дар идома талаботи низомномаи озмун, тартиби баргузории марҳилаҳо, меъёрҳои баҳогузорӣ, усулҳои дурусти интихоб ва омодасозии иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ба омӯзгорон тавсия дода шуд, ки ҳангоми омодасозии хонандагон ба дурустии талаффуз, фаҳмиши мазмун, фарҳанги нутқ, саҳнаороӣ ва дониши таърихию адабӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Иштирокчиён вобаста ба таҷрибаи кори худ фикру пешниҳодҳо иброз намуда, роҳҳои такмили раванди омодасозии хонандагон, беҳтар намудани фаъолияти маҳфилҳои адабӣ ва баланд бардоштани сифати баргузории озмунро баррасӣ карданд.  Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ВМИҶТ  

    1339

    10.02.2026
  •  img
    БАЙНИ МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА KING’S COLLEGE LONDON ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар медиҳад. Ёддошти тафоҳуми баимзорасида ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олӣ равона гардида, фароҳам овардани имконияти мусоид барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Шоҳигарии Муттаҳида — King’s College London-ро дар назар дорад. Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо имкон доранд дар самтҳои тарғиби имконияти таҳсил, мубодилаи иттилоот вобаста ба барномаҳои таълимӣ, раванди қабул ва хизматрасониҳои дастгирии донишҷӯён, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба таҳсили донишҷӯёни бурсиявӣ ҳамкории судманд ба роҳ монанд. Дар доираи ин ҳамкорӣ King’s College London омодагии худро барои  расонидани дастгирии маъмурӣ ва машваратӣ ба донишҷӯёне, ки аз ҷониби Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба таҳсил равона мегарданд, иброз намуда, ҳамзамон таваҷҷуҳи худро ба ҷалби донишҷӯёни болаёқати тоҷик таъкид намуд. Зимни музокирот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки татбиқи Ёддошти тафоҳум ба таҳкими робитаҳои академӣ, болоравии сатҳи касбии ҷавонони тоҷик ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф мусоидат мекунад.  

    1274

    09.02.2026