05.05.2025

Бо мақсади шиносоӣ аз раванди таълиму тарбия, корҳои ободонӣ, шароити синфхонаҳо ва интизоми меҳнат имрӯз, 5 майи соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бидуни огоҳӣ аз як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор дидан намуд.
Ҳарчанд таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф рӯз аз рӯз афзояд ҳам, вале мутаассифона бо вуҷуди имкониятҳои васеъ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагӣ бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии баъзе роҳбарони муассисаҳо боис бар он шудааст, ки раванди таълиму тарбия ва корҳои ободонию интизоми меҳнат то ҳол дар баъзе муассисаҳо ҳалли худро наёфтаанд.
Зимни боздиди вазири маориф ва илм маълум гардид, ки мутаассифона дар баъзе аз муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор аз камтаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳо корҳои таълимию тарбиявӣ ва ободонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, интизоми меҳнат ва иштироки хонандагон дар дарс ба таври ҷиддӣ нигаронкунанда мебошанд.
Аз ҷумла, ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 (Бобоёров Зокирҷон) ва муовини директор оид ба хоҷагидорӣ (Муҳиддинов Маҳмадшоҳ) дар вақти корӣ бе сабабҳои узрнок дар кор ҳузур надоштанд.
Муассисаи мазкур дорои 16 синфхона буда, барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар он 38 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 913 нафар хонанда дар ду баст машғул мебошанд.
Дар синфи 9 «А»-и муассисаи мазкур аз шумораи 33 нафар хонанда 22 нафар иштирок дошта, 14 нафар ё ин ки 38,8%-и хонандагон иштирок надоштанд. Мувофиқи ҷадвали дарсии синфи мазкур мебоист, ҳар як хонанда 6 китоби дарсиро бо худ меоварданд, ки маҷмуи китобҳои овардашуда 132 ададро ташкил медод. Санҷиш собит намуд, ки хонандагон аз 2 то 3 китоб овардаанд, ки 50%-ро ташкил медиҳад.
Аз шумораи 22 нафар хонанда, ягон нафар ба одитарин саволҳои пешниҳодшда, аз ҷумла, муаррифии худ ба забонҳои русӣ ва англисӣ, муодилаҳои одӣ аз синфи 7 ва технологияи иттилоотӣ чист, ҷавоб гардонида натавонистанд.
Ҳолати синфи мазкур ва дар умум, муассиса ба одитарин талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй набуда, роҳравҳо ва гирду атрофи муассиса новобаста аз он ки мактуби дастурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассисаҳо дар арафаи Наврӯз ирсол гардида буд, дар амал исботи худро наёфтааст. Сару либоси тавсиявӣ дар муассиса на аз ҷониби хонандагон ва на аз ҷониби омӯзгори дарсдиҳанда (Сафарова Шоира, ки худро донишҷӯйи курси дуюми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муаррифӣ намуд) риоя карда нашудааст.
Дар синфи 10 «А»-и муассисаи мазкур бошад, аз шумораи 33 нафар хонанда 22 нафар иштирок дошта, 11 нафар хонанда ё ин ки 33,3% бо сабабҳои номаълум иштирок надоштанд. Дар ин синф низ ба истиснои 2 нафар хонанда як нафар ба саволҳои русӣ ва як нафар ба саволҳои забони англисии матраҳгардида ҷавоб дода тавонистанд. Аз шумораи 22 нафар хонанда 20 нафар хонанда ба ягон савол ҷавоб надоданд, ки ин нигаронкунанда мебошад.
Вобаста ба ҷавоби саволҳое, ки бо муҳосиби муассиса сурат гирифт, фаъолияти муҳосиби муассиса (Дӯсматова Элмира) низ ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид.
Дар давоми фаъолияти се соли охир муассиса низ дастовардҳои назаррас надошта, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал менамоянд, хонандагону омӯзгорон сазовори ҷойи ифтихорӣ нагардидаанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бошад, дар як баст барои 1650 хонанда пешбинӣ гардида, айни ҳол дар он 2668 нафар хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд. Шумораи умумии омӯзгорон бошад 98 нафар мебошад.
Ҳангоми боздид аз синфи 9 «Б»-и муассиаи мазкур маълум гардид, ки иштироки хонандагон нисбатан хуб бошад ҳам, бо худ новардани китобҳо аз ҷониби хонандагон нигаронкунанда мебошад. Хонандагони синфи 9 «Б»-и муассисаи мазкур дар рӯзи душанбе 6 соат дарс дошта, аз онҳо хонандагон ба ҳисоби миёна 2-3 китоб бо худ овардаанд, ки 50%-ро ташкил мекунад. Илова бар ин, 6 нафар хонанда умуман китоб наовардаанд, ки нигаронкунанда мебошад.
Зимни бозид маълум гардид, заминҳои назди муассисаи мазкур самаранок истифода гардида, дар он гулу гиёҳ ва зироатҳои гуногун шинонида шуда, гирду атрофи муассиса тозаву озода мебошад.
Вазири маориф ва илм зимни боздид вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар самти интизоми меҳнат, раванди таълиму тарбия ва корҳои ободонӣ нигаронӣ карда, таъкид дошт таҳлили раванди таълиму тарбия, сатҳи интизоми меҳнат ва вазъи корҳои ободонӣ нишон дод, ки новобаста аз дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф, дар фаъолияти роҳбарият ва омӯзгорон саҳлангорӣ, камфаъолиятӣ ва муносибати ғайримасъулона ба назар мерасад. Ин ҳолат нигаронкунанда буда, ба сифати таълим ва сатҳи тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад.
Вазир таъкид намуд, ки ҳар як корманди соҳаи маориф бояд бо дилу нияти нек, эҳсоси баланди ватандорӣ ва садоқат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ монда, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро дар самти таъмини шароити муносиб барои таълим, тарбияи солими насли наврас ва тақвияти маърифатнокии ҷомеа ҷиддӣ ба роҳ монад. Фаъолияти беғаразона ва масъулиятшиносона бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як корманди маориф қарор дошта бошад. Дар ҳама зинаҳо зарур аст, ки ба камбудӣ роҳ дода нашавад ва барои расидан ба нишондиҳандаҳои баланди касбӣ саъю талоши бештар ба харҷ дода шавад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон