17.04.2026

 img

Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд. Яке аз чунин иқдомҳои муҳим иштироки кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла арзёбии PIRLS - 2026 мебошад.

 

Дар идомаи баргузории давраи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 миёни хонандагони синфҳои 4-ум, ки аз 14 апрел то 6 майи соли ҷорӣ дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, имрӯз, 17 апрели соли 2026 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Б. Музаффарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, намояндагони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ва дигар шахсони масъул дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» иштирок намуданд.

 

Татбиқи арзёбии PIRLS - 2026 дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» ба таври самаранок ба роҳ монда шуда, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, такмили муҳити омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии хонандагон ба захираҳои таълимӣ мебошад. Дар ин замина, истифодаи усулҳои муосири таълим, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди қобилияти тафаккури интиқодии хонандагон низ тақвият дода мешавад.

 

Зикр гардид, ки натиҷаҳои арзёбии PIRLS - 2026 барои муайян намудани вазъи воқеии сатҳи саводнокии хонандагон, такмили барномаҳои таълимӣ ва таҳияи сиёсати минбаъдаи соҳа заминаи муҳим фароҳам меоранд. Ҳамзамон, ин раванд имконият медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар муқоиса бо кишварҳои дигар муайян намуда, таҷрибаи пешқадамро дар низоми миллии маориф ҷорӣ намояд.

 

Дар маҷмӯъ, иштироки фаъолона дар арзёбиҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ба рушди устувори соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

  • БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 img
  • БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 img
  • БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқот бо муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид 25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳи муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, Фиристодаи махсуси Дабири кулл оид ба захираҳои об хонум Ретно Марсудӣ ва Ректори Донишгоҳи СММ - Муовини Дабири кулли СММ Тшилидзи Марваларо истиқбол гирифта, ба толори мулоқот даъват намуданд.   Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонони олимақом барои ташриф ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар конфронси мазкур ва дастгирии доимиашон аз “Раванди оби Душанбе” изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд.   Дар идомаи гуфтугӯ ба ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо, ба хусус дар самтҳои обу иқлим, нақлиёту логистика, нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ, рақамикунонӣ ва технологияҳои “сабз” баҳои баланд доданд.   Таъкид гардид, ки танҳо дар соҳаи об бо ибтикори Тоҷикистон 14 қатъномаи СММ қабул шудааст.   Изҳори бовар карда шуд, ки конфронси кунунӣ минбари муҳими ҷаҳонӣ барои муттаҳидсозии талошҳо дар ин самт ва рушди дипломатияи об гардида, дар доираи “Раванди оби Душанбе” ба ҳалли масъалаҳои умдаи вобаста ба об ва иқлим мусоидат хоҳад кард.   Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи пайгирии натиҷаҳои конфронсҳои қаблӣ, босамар доир намудани ҳамоиши кунунӣ ва омодагӣ ба чунин чорабиниҳои дигар дар солҳои 2026 ва 2028 сурат гирифт.   Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ бо Донишгоҳи СММ, аз ҷумла изҳори бовар карда шуд, ки густариши робитаҳои илмию амалии олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷик бо ин ниҳоди бонуфуз самараҳои арзишманд хоҳад дошт.

    22

    25.05.2026
  •  img
    ҲАЙАТИ ВАКОЛАТДОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ 10-УМИ РОҲБАРОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ ИШТИРОК НАМУД Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода дар ҷаласаи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки соҳаҳои маориф ва илмро ҳамоҳанг месозанд, иштирок намуд.   Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, рақамикунонии фазои таълимӣ, инчунин омодасозии мутахассисони баландихтисос мутобиқ ба талаботи рушди инноватсионии замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти Донишгоҳи СҲШ, таҳкими робитаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ байни давлатҳои узви созмон равона гардид.   Зимни суханронии худ ҳайати Тоҷикистон нақши муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккул ва рушди Созмони Ҳамкории Шанхай таъкид намуд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар доираи СҲШ дар самти маориф ва илм пайваста таҳким бахшида, ба рушди ҳаракатпазирии академӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосири таълимӣ мусоидат менамояд.   Роҳбари ҳайат иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 ба лоиҳаи Донишгоҳи СҲШ ҳамроҳ гардида, имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии пешсафи кишвар дар фаъолияти он иштироки фаъол доранд. Дар солҳои охир зиёда аз 1700 донишҷӯи тоҷик дар барномаҳои муштараки таҳсилотӣ иштирок намуда, 236 донишҷӯ дар донишгоҳҳои кишварҳои узви СҲШ таҳсил кардаанд.   Инчунин, густариши ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти омодасозии мутахассисон, татбиқи барномаҳои дипломи дугона ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ таъкид карда шуд.   Дар ҳошияи чорабинӣ ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии кишварҳои узви СҲШ як қатор мулоқотҳои корӣ баргузор намуд. Дар мулоқотҳо дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо, татбиқи ташаббусҳои муштараки таълимӣ ва рушди лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.   Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, густариши табодули академӣ ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай таъйид намуданд.   Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи 10-ум Протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.   Дар доираи ҷаласа ҳамзамон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Тсю Йонг, муовини вазири илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Эсфандиёр Ихтиёрӣ, муовин оид ба сиёсатгузорӣ ва рушд дар сохтори илмӣ-технологии назди Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, технология, табодули академӣ ва татбиқи барномаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.

    26

    23.05.2026
  •  img
    «OIBO-2026». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд Хонандагони Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз 15 то 22 май дар дуюмин Олимпиадаи байналмилалии кушодаи биологӣ (OIBO-2026), ки дар Минтақаи федералии «Сириус»-и шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.   Дар ин сабқати бонуфуз зиёда аз 100 нафар хонанда аз 17 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арабистони Саудӣ, Бангладеш, Индонезия, Венесуела, Туркия, Тайланд, Африкаи Ҷанубӣ Миянма, Оссетия, Абхазия ва Камбоҷа иштирок карданд.   Хонандагони Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе — Шокиров Рошиддин, Зоирова Мушарраф ва Нозими Тоҳир бо сатҳи баланди дониш, малакаи илмӣ ва ҷаҳонбинии илмии худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сазоворона муаррифӣ карданд.   Дар натиҷаи рақобати шадиди зеҳнӣ дар даврҳои назариявӣ ва амалӣ хонандагони синфи 11-и литсей, Шокиров Рошиддин ва Зоирова Мушарраф ба гирифтани ҷойи сеюм сарфароз гардиданд. Ин дастовард бозгӯи сатҳи баланди омодагии таълимӣ, қобилияти таҳлилӣ ва заҳмати пайвастаи хонандагон ва омӯзгорон мебошад.   Ҳамчунин, дар даври лоиҳавӣ дастаи хонандагони Тоҷикистон бо пешниҳоди лоиҳаи илмӣ вобаста ба мавзӯи «Муайян намудани ҷинси моҳии гулмоҳии рангинкамон бо усули таҳлили генетикӣ» («Определение пола радужной форели методом генетического анализа») сазовори медали тилло гардиданд. Лоиҳа аз ҷониби ҳайати доварон барои муҳтавои илмӣ, навоварӣ ва аҳамияти экологии худ баҳои баланд гирифта, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.   Бояд таъкид намуд, ки чунин дастовардҳо маҳз дар заминаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва дастгириҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди қобилияти зеҳнии наврасону ҷавонон ба даст меоянд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, омодасозии хонандагони болаёқат ва дастгирии ташаббусҳои илмӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд бардоштани нуфузи маорифи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.   Маъмурияти литсей ин пирӯзиро ҳамчун натиҷаи заҳмати содиқонаи хонандагон, омӯзгорон, волидон ва дастгирии пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба иштирокчиён дар роҳи фатҳи қуллаҳои нави илмӣ комёбиҳои бештар орзу менамояд.

    19

    23.05.2026