БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ТОҶИК

11.11.2024

Субҳи имрӯз, 11-уми ноябри соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи озмун Раҳим Саидзода аз рафти баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик дидан карда, бо ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва волидон суҳбат намуд.

Вазири маориф ва илм ба иштирокчиёни озмун муваффақият таманно намуда, таъкид дошт, ки барои дар сатҳи хуб баргузор намудани озмун шароити мусоид муҳайё буда, иштирокчиёни озмун метавонанд, дар фазои осоиштаю шаффоф мувофиқи донишу маҳораташон сабқат намоянд. Ҳамчунин, барои шаффоф баргузор гардидани озмун барои омӯзгорон ва волидони иштирокдор рафти озмун тариқи мустақим дар толори алоҳида нишон дода шуда, онҳо метавонанд, бевосита шоҳиди маҳорату донишсанҷии шогирд ва фарзанди худ гарданд.

Вазири маориф ва илм зимни суҳбат бо ҳайати ҳакамон иброз намуд, ки дар рафти озмун шаффофият дар мадди аввал гузошта шуда, ба иштирокчиёни озмун дар доираи низомнома ва адабиёти пешниҳодшуда саволу ҷавоб карда шавад.

Ҳамчунин, дар рафти суҳбат гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” озмуни сарнавиштсоз буда, дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор намудани он қарзи виҷдонӣ ва шаҳрвандӣ дар баробари сарпарасти озмун, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ТОҶИК img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАЗОРАТИ РАФТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУТОЛИАИ КИТОБҲОИ ИЛМИЮ БАДЕӢ Даври вилоятии озмуни  "Беҳтарин хонандаи китобҳои илмӣ ва бадеӣ дар байни кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон" ҳамарӯза доир гардида истодааст.   Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз ташкили озмуни мазкур иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалб намудан ба китобхонӣ мебошад.   Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода барои назорати рафти озмун иштирок карда, ба ҳайати ҳакамон ҷиҳати таъмини шаффофият ва баҳогузорӣ кардани беҳтарин хонандагони китобхонаҳои илмӣ ва бадеӣ таъкид намуданд.   Гуфта шуд, ки озмун ҳамаи кормандони соҳаи маорифро дақиқан ба мутолиаи китоб ҷалб мекунад. Зеро аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо довталабон ширкат намуда, донишу маҳорати худро месанҷанд.    Лозим ба ёдоварист,ки даври вилоятии озмуни мазкур идома дошта, ҳамарӯза довталабон фаъолона иштирок доранд.   Хадамоти матбуоти  Раёсати маорифи  вилояти Хатлон

    5

    02.12.2024
  •  img
    МИНБАРАТ АЗ ПАРТАИ МАКТАБ. БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ МАКТАБИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта аз Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздид карданд.   Дар раванди боздид тазаккур дода шуд, ки осорхонаи мазкур аз санаи 9-уми марти соли 2005 ба фаъолият шуруъ карда, дар он даврони мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даврони фаъолияташон даврабандӣ шуда, инъикос гардидааст. Ҳамчунон, синфхонаи таҳсилкардаи Пешвои миллат бо мизу курсиҳо нигоҳ дошта шудааст.

    15

    30.11.2024
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ, ТАҲТИ РОҲБАРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - КАРИМЗОДА РАВШАН АЪЗАМ Имрӯз, 30-юми ноябри соли 2024 таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримзода Равшан Аъзам дар бинои маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара" ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат баргузор гардид.   Ҳисоботи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо доир ба омӯзиши фаъолияти муассисаҳои давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат" ва "Гимназияи ҷумҳуриявӣ" дар ноҳияи Данғара шунида шуда, дастовардҳо ва норасоиҳои мавҷуда дар муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардиданд.   Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартарафсозии норасоиҳо дар самтҳои таълим, тарбия, таъминоти моддию техникӣ ва нутқи шифоҳии хонандагон супоришҳои мушаххас дода, барои дар муҳлати кутоҳтарин бартараф кардани онҳо таъкид намуданд.

    14

    30.11.2024