20.05.2026

 img

20 майи соли 2026 дар IT Park-и шаҳри Душанбе Форуми наврасони асри технология бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт оғоз гардид.

 

Дар чорабини роҳбарият ва ҳайати кормнадони Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”, ҳайати ҳакамон ва хонандагни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт иштирок намуданд.

 

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ қайд карда шуд, ки ҳамасола бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарм Рустами Эмомалӣ дар пойтахт “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” бо шукӯҳ баргузор карда мешавад.

 

Форуми наврасони асри технология дар доираи ҳафтаи мазкур баргузор гардида, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон ва дарёфту муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.

 

Дар доираи Форум, иштирокчиён лоиҳаҳои худро аз рӯи номинатсияҳои «Барномаи компютерӣ», «Замимаи мобилӣ», «Web-сомона», «Чат-бот» ва «Дизайни графикӣ (UI/UX)» муаррифӣ намуданд.

 

Аз ҷониби ҳайати ҳакамон лоиҳаҳо баҳогузорӣ шуда, ғолибон муайян карда шуданд. Ғолибон дар маросими тантанавии ҷамъбасти “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” қадрдонӣ гардида, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд карда мешаванд.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас ва ҷавон шароит фароҳам оварда, нерӯи онҳо барои пешрафти соҳаҳои илм, технология ва тиҷорати рақамӣ қавитар мегардонад.

  • ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ИЛМ ИМРӮЗ ФОРУМИ НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ БАРГУЗОР ШУД img
  • ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ИЛМ ИМРӮЗ ФОРУМИ НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ БАРГУЗОР ШУД img
  • ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ИЛМ ИМРӮЗ ФОРУМИ НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ БАРГУЗОР ШУД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРӢ БО НАШРИЁТИ ДОНИШГОҲИ КЕМБРИҶ ВА МАРКАЗИ АРЗЁБӢ Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии маориф (Education World Forum 2026), ки дар шаҳри Лондон баргузор гардида истодааст, мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо намояндагони бо намояндагони Нашриёти Донишгоҳи Кембриҷ ва Маркази арзёбӣ (Cambridge University Press & Assessment) доир гардид.   Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди омӯзиши забони англисӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии арзёбӣ дар муассисаҳои таълимии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, омодасозии омӯзгорон ва татбиқи усулҳои муосири баҳодиҳӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо иброз намуданд.   Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои ташаккули низоми таҳсилоти рақобатпазир, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагону донишҷӯён ва мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи ҷаҳони муосир заминаи мусоид фароҳам оварад.   Инчунин, ҷонибҳо аҳаммияти истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арзёбии сатҳи донишро муҳим арзёбӣ намуда, изҳори умед карданд, ки ҳамкориҳои минбаъда ба рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшанд.

    5

    21.05.2026
  •  img
    АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ФАРЗАНДОНИ ФИДОИИ МИЛЛАТ 21 майи соли 2026 роҳбарият, ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо мақсади эҳтиром ва гиромидошти хизматҳои фарзандони содиқи миллат ба Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ҳозир шуданд.   Дар ҷараёни ин боздиди маънавӣ иштирокдорон аз оромгоҳҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин шахсияти маъруфи таъриху фарҳанги миллӣ Нисор Муҳаммад дидан намуда, ба рӯҳи поки онҳо арҷ ва гулчанбар гузошта, дуои хайр карданд.   Ин тадбири фарҳангиву тарбиявӣ дар руҳияи сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ватансозонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, барои таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи давлатдории тоҷикон аҳаммияти муҳим дорад.   Зикр шуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки ин фарзандони номдори миллат ба Тоҷикистон оварда шуда, номи онҳо ҳамчун муборизони роҳи истиқлол, озодӣ ва давлатдории миллӣ гиромӣ дошта мешавад.   Ҳамзамон, дар рафти маросим хотираи неки дигар намояндагони шинохтаи илму фарҳанг ва адабиёти тоҷик низ пос дошта шуд.

    10

    21.05.2026
  •  img
    ҲАМОИШ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ Бахшида ба 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ устодону кормандон, мураббиёну варзишгарон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуда, дастовардҳои риштаи футбол ва намоиши бозии футбол манзури ҳозирин гардонида шуд.   Муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки ташаббуси эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва барои Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.   Ректори донишкада зикр намуд, ки чунин чорабиниҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва рушди футбол миёни ҷавонон мусоидат мекунанд.   Қайд гардид, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол соли 2024 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, 25 май расман ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.   Дар анҷоми ҳамоиш як қатор устодон, мураббиён ва донишҷӯёни фаъол бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, ҳамзамон маросими ифтитоҳи мусобиқаи футболи хурди “Ҷоми Истиқлол” барои дарёфти Ҷоми Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

    5

    21.05.2026