10.04.2026

 img

10 апрел дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи «Масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсилот, гузариш ба низоми 12-солаи таълим» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

 

Зимни ҳамоиш муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки масъалаҳои баррасишаванда воқеан барои рушди устувори давлат ва ҷомеаи мо аҳамияти калидӣ доранд. Соҳаи илму маориф ва танзими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, аз ҷумла фаъолияти динӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки бевосита ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифат ва сатҳи масъулияти шаҳрвандии насли наврас таъсир мерасонанд.

 

Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз 9 марти соли 2024 баён гардиданд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

 

Дар ҳамоиш муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода доир ба ваъзи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии мамлакат, инчунин тадбирҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва чораҳои ҳамкории байниидоравӣ сухан гуфт.

  • Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд img
  • Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶӢ – ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲО Дар толори хурди раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ҷаласаи кумитаи тадорукоти сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид.   Дар ҷаласа ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд иштирок намуданд.   Зимни баррасии масъалаҳо Лутфия Абдухолиқзода таъкид кард, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм аҳаммияти махсус дорад.   Ба гуфтаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими робитаҳои илмӣ, ҷалби довталабон ва муаррифии имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Ҳамзамон, масъулини муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивал омодагии ҳамаҷониба дида, дастовардҳои худро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.   Қайд гардид, ки Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ рӯзҳои 9-10 апрел дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Интизор меравад, ки чорабинӣ бо иштироки васеи донишгоҳҳои хориҷӣ ва довталабон баргузор гардида, ба рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намояд.   Дар ҷамъбаст ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин изҳор намуд, ки баргузории Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар сатҳи баланд таъмин гардида, он ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва густариши имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

    42

    11.04.2026
  •  img
    ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо ҳайати Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори миссия ҷаноби Виктор Лутенко баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар шароити муосир таъкид намуда, зикр карданд, ки муҳоҷират ба як унсури муҳимми иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа табдил ёфта, таҳкими пайванди маориф ва муҳоҷират аҳамияти муҳим касб намудааст.   Зимни мулоқот қайд гардид, ки низоми маорифи кишвар имрӯз ҳамчун манбаи дониш василаи муҳимми таҳкими устувории иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии ҷавонон ба зиндагии мустақил баромад мекунад. Дар ин замина, як қатор самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ба масъалаи дастгирии кӯдакони аз муҳоҷират осебдида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки барои чунин кӯдакон муассисаҳои таълимӣ бояд ҳамчун муҳити мусоиди иҷтимоӣ ва равонӣ хизмат намоянд. Ҳамзамон, зарурати таҳияи механизмҳои муассири реинтегратсияи кӯдаконе, ки аз хориҷи кишвар, махсусан аз Федератсияи Россия бармегарданд, муҳим арзёбӣ гардид.   Инчунин, рушди малакаҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирии ҷавонон яке аз самтҳои калидӣ номида шуд. Қайд гардид, ки густариши таҳсилоти касбӣ ва роҳнамоии дурусти касбӣ метавонад ба коҳиш додани хавфҳои муҳоҷирати ғайримунтазам мусоидат намояд.   Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо рушди таълими фосилавиро ҳамчун абзори муҳимми нигоҳ доштани робитаи кӯдакони дар хориҷбуда бо барномаи таълимии миллӣ ва забони модарӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, ворид намудани дониш ва малакаҳои муҳоҷирати бехатар ба барномаҳои таълимӣ муҳим дониста шуд.   Дар рафти мулоқот фаъолияти амалии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси лабораторияҳои IT, дастгирии марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва татбиқи барномаҳои рушди малакаҳои рақамӣ, ҳамчун намунаи ҳамкории самаранок арзёбӣ гардид.   Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ, тақвияти механизми ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба манфиати кӯдакон ва ҷавонон равона шудаанд, изҳор намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    57

    10.04.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ СЕЮМИН ФЕСТИВАЛ-НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД Имрӯз, 10 апрели соли 2026 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 ба кори худ расман оғоз бахшид. Чорабинӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳаи маориф, корпусҳои дипломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хонандагону довталабон баргузор гардид.   Дар маросими ифтитоҳ муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҷавонони кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ҷавонон имрӯз метавонанд ҷаҳонбинии худро тавсеа бахшида, таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи давлатҳои пешрафта идома дода, донишу малакаи худро такмил диҳанд.   Ҳамзамон, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Холиқзода зимни баромади худ зикр намуд, ки айни замон зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони ҷумҳурӣ дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд. Қайд карда шуд, ки ин раванд ба баланд гардидани обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.   Зикр гардид, ки аз вилояти Суғд наздик ба 8000 нафар хонандагон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят барои иштирок дар фестивал ташриф овардаанд. Иштирокчиён имконият доранд, ки бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ мустақиман мулоқот намуда, дар бораи ихтисосҳо, шароити таҳсил ва имкониятҳои грантӣ маълумоти муфассал ба даст оранд.   Таъкид шуд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои рушди босифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам овардааст.   Қайд гардид, ки фестивал ҳамчун майдони муаррифии имкониятҳои таҳсил, барқарорсозии робитаҳои мустақим миёни донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ хизмат намуда, барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла роҳандозии дипломҳои дугона, таъсиси факултетҳои муштарак ва амалисозии лоиҳаҳои илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.   Ҳамзамон, иброз гардид, ки сифати низоми таҳсилот ва эътирофи байналмилалии он яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, мутахассисони соҳибкасб ҳамчун неруи асосии рушди устувори ҷомеа арзёбӣ мегарданд.   Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти баргузории фестивалро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши робитаҳои илмӣ ва рушди фазои ягонаи таҳсилоти олӣ муҳим арзёбӣ карданд.   Фестивал-намоишгоҳи байналмилалӣ ҳамчун платформаи муҳими муаррифии имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар арзёбӣ гардида, ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти босифат мусоидат менамояд.

    44

    10.04.2026