11.12.2025
Дар соли таҳсили 2024-2025 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия 8 ҳазору 177 шаҳрванди Тоҷикистон қабул гардиданд. Чунин иттилоъ дода шуд зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия таҳсил доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Вохӯрии Вазири маориф ва илм бо донишҷӯёни тоҷик 10 декабр дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия баргузор шуд. Иброз гардид, ки дар маҷмуъ дар Федератсияи Русия 27 ҳазору 490 донишҷӯи тоҷик таҳсил дорад.
Зимни вохӯрӣ Вазири маориф ва илми Тоҷикистон иброз дошт, ки донишҷӯён ояндаи мамлакат, неруи илмию касбии он мебошанд. Баландии сатҳи дониш ва малакаи касбии донишҷӯён дар рушди иқтисод, илм ва соҳаи иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад.
Вазир таъкид намуд, ки имконияти таҳсили байналмилалие, ки имрӯз донишҷӯён аз он истифода мебаранд, натиҷаи сиёсати ҳамоҳангшуда ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия намунаи равшани ҳамкории стратегӣ ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ду давлат – Тоҷикистону Русия мебошад. Сарони ду давлат- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои рушди захираи инсонӣ ва густариши ҳамкории фарҳангию илмӣ заминаи устувор муҳайё намудаанд. Ин вазъият ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар муҳити пешрафтаи академӣ таҷриба ва малакаи сатҳи байналмилалӣ ҳосил намоянд.
Дар суҳбат бо донишҷӯён вазир таъкид намуд, ки солҳои таҳсил дар Федератсияи Русия бояд барои донишҷӯён давраи рушди касбӣ, афзоиши таҷриба ва мустаҳкам намудани дӯстӣ бошад. Донишҷӯёни мо бояд Тоҷикистонро дар берун аз мамлакат муваффақона муаррифӣ карда, ҳамчун мутахассисони тавоно ва боэътимод дар рушди мамлакат саҳм гузоранд.
Зимни мулоқот донишҷӯён доир ба дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шароиту имконияти мусоиди таҳсил ибрози назар намуданд.