28.09.2024

 img

Омӯзгори фанни биологияи Муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Дилором Ҷалолова ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024» гардида, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

 

Имрӯз, 28-уми сентябри соли 2024 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода озмуни мазкур ҷамъбаст шуда, ғолиб эълон гардид.

 

Ҳамчунин, иштирокчиёни озмун – Беҳрӯз Мамаднасимов ва Наргис Ширматова бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Зебунисо Қосимова ва Гулнора Сулейманова бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ҳамасола бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфт ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор, рушди касбии омӯзгорон, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди омӯзиш, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳсилот дар соҳа, инчунин дарёфти кадрҳои боистеъдод ва ба вуҷуд овардани махзани кадрӣ гузаронида мешавад.

 

Дар озмун иштирокчиён аз рӯйи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ва тахтаи электронӣ ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро нишон дода, барои ғолибият сабқат карданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ДИЛОРОМ ҶАЛОЛОВА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024» ДОНИСТА ШУД img
  • ДИЛОРОМ ҶАЛОЛОВА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024» ДОНИСТА ШУД img
  • ДИЛОРОМ ҶАЛОЛОВА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024» ДОНИСТА ШУД img
  • ДИЛОРОМ ҶАЛОЛОВА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024» ДОНИСТА ШУД img
  • ДИЛОРОМ ҶАЛОЛОВА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024» ДОНИСТА ШУД img
  • ДИЛОРОМ ҶАЛОЛОВА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024» ДОНИСТА ШУД img
  • ДИЛОРОМ ҶАЛОЛОВА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024» ДОНИСТА ШУД img
  • ДИЛОРОМ ҶАЛОЛОВА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024» ДОНИСТА ШУД img
  • ДИЛОРОМ ҶАЛОЛОВА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024» ДОНИСТА ШУД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДБЗХТ БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 6 майи соли 2026 маросими тақсимот ва сафарбарнамоии донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисосҳои омӯзгорӣ баргузор гардид.   Дар он сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саъдуллозода, ректори Донишгоҳ Ж. Гулназарзода, сардори шуъбаи пайгирии фаъолияти мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вазорат, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат ва 25 намоянда аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат доштанд.   Дар оғоз иттилоъ дода шуд, дар соли таҳсили 2025-2026 ба бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера 735 нафар хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 67 нафар зиёд мебошад. Аз он 316 нафар хатмкунадагони равияи омӯзгории шуъбаи рӯзона (нисбат ба соли гузашта 74 нафар зиёд мебошад).   Ҳамчунин 419 нафар хатмкунандагони равияи омӯзгории шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (нисбат ба соли гузашта 7 нафар кам мебошад) ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд 42 нафар мебошанд.   Ректор донишгоҳ чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар бораи касби пуршарафи омӯзгорӣ, имконот ба омӯзгорони ҷавон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, эътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва дастгириву иқдомоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф ва илм сухан гуфта, инчунин, донишҷӯён, ки омӯзгорони оянда ҳастанд, ба масъулиянокиву дақиқкорӣ дар ин ҷодаи пурифтихору масъулиятпазир ҳидоят кард.   Дар идома, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм хатмкардагони донишгоҳро ҷавонони саодатманду хуштолеъ номида, иброз дошт, ҷавонон бояд ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар ба донишандӯзиву забономӯзӣ машғул шуда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар бардоранд.   Инчунин таъкид гардид, ки дар оянда хатмкардагони донишгоҳ бо дониши воло ва забондонӣ ҳамчун омӯзгорони муваффақ дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони миллат саҳми назаррас гузошта, онҳоро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят менамоянд.

    31

    06.05.2026
  •  img
    ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” барои соли 2026 баргузор гардид. Ҳадафи озмун, мутолиаи асарҳои Пешвои миллат мебошад. Озмуни мазкур имкон медиҳад, ки ҳар як фарди худогоҳи миллӣ тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда пайванд созад.   Мавриди зикр аст, ки ҳар як асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли имрӯзу фардоро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбият менамояд. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврасу ҷавонон нақши басо бузургу шоиста мегузоранд.   Ҳамин тариқ, дар асоси хулосаи ҳайати комиссия иштирокдорон ба ҷойҳои зерин сазовор дорниста шуда, ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд: Маҳмадализода Хайрандеш Диловар - донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (ҷойи якум); Миралиён Шаҳло - магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” (ҷойи дуюм); Ҷураева Зебонисо - донишҷӯйи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (ҷойи сеюм).

    35

    06.05.2026
  •  img
    ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2026» Имрӯз, 6 майи соли 2026 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2026” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 баргузор гардид.   Дар озмун довталабон аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди касбӣ, сатҳи дониш, малакаи педагогӣ ва эҷодкории худро муаррифӣ намуданнд. Иштирокчиён бо дарсҳои намунавӣ, баромадҳои методӣ ва пешниҳоди таҷрибаи пешқадам сазовори баҳои баланд гардиданд.   Бо мақсади таъмини шаффофият ва баҳогузории одилона, ҳайати доварони озмун аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар мутахассисони соҳаи маориф таъсис дода шуд. Ҳамзамон, барои ташкили сатҳи баланди чорабинӣ кумитаи тадорукот фаъолият бурда, ҷараёни озмунро мувофиқи талаботи муқарраргардида ба роҳ монд.   Дар рафти чорабинӣ инчунин намояндагони иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия иштирок доштанд, ки саҳми онҳо дар ташкили чорабинӣ назаррас арзёбӣ мегардад.   Даври ноҳиявии Озмун бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур З. Зуҳурзода оғоз гардида, зимни баромади худ ӯ аҳамияти баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, рушди малакаҳои касбӣ ва дарёфти истеъдодҳои навро таъкид намуд.   Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, рушди методикаи таълим ва табодули таҷрибаи пешқадам нақши муҳим дошта, барои пешрафти соҳаи маориф мусоидат менамояд.

    30

    06.05.2026