14.04.2025

 img

14 апрели соли 2025 дар “Маркази ЭКСПО - Душанбе”-и шаҳри Душанбе рӯзи якуми дуюмин Фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

 

Дар намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, директор ва кормандони Маркази барномаҳои байналмилалӣ, кормандони соҳаи маориф, намояндагони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо, ҳамчунин намояндагони 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико иштирок намуданд.

 

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини вазири маориф ва илм қайд намуд, ки фестивал – намоишгоҳи мазкур бо мақсади тақвияти фаъолият дар самти густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ баргузор карда мешавад. Аз ҳамин лиҳоз хонандагону довталабони тоҷикро мебояд аз имконияти мавҷуда самаранок истифода бурда, барои омӯзиши илму дониш ва азхудкунии касбу ҳунари замони муосир саъю кӯшиш намоянд.

 

Намоишгоҳи мазкур барои шиносоии пурраи ҷавонону наврасони кишвар бо дастоварду имкониятҳои донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ҷалби шумораи бештари ҷавонони тоҷик ба ин муассисаҳо, дар риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологияҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ фаро гирифтани ҷавонони мамлакат ва ба ин васила кам намудани таъсири хурофот ва радикализми динӣ ба тафаккури ҷомеа, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, инчунин, фароҳам намудани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд.

 

Фестивал – намоишгоҳи мазкур аз 14 то 18 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд баргузор гардида, аллакай дар рӯзи аввал зиёда аз 6 ҳазор хонандагону толибилмон аз он дидан намуданд.

 

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар фестивал – намоишгоҳи мазкур 180 нафар намояндаи 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ, аз ҷумла, ИМА, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кипр, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Беларус иштирок менамоянд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ДУЮМИН ФЕСТИВАЛ - НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР “МАРКАЗИ ЭКСПО - ДУШАНБЕ” img
  • ДУЮМИН ФЕСТИВАЛ - НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР “МАРКАЗИ ЭКСПО - ДУШАНБЕ” img
  • ДУЮМИН ФЕСТИВАЛ - НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР “МАРКАЗИ ЭКСПО - ДУШАНБЕ” img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Корҳои сохтмонӣ дар иншооти маъмурӣ соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯст ва аъзои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо тарҳи зебо ва риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд шудааст.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои нав барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандони ҳизб, тақвияти корҳои ташкилию тарғиботӣ ва роҳандозии ташаббусҳои нав дар самти кор бо ҷавонону бонувон ва дигар қишрҳои ҷомеа шароити хуби фаъолият муҳайё гардидааст.   Бинои нави кумита аз 47 ҳуҷраи корӣ, осорхона, толори ҷаласа бо 250 ҷойи нишаст, толорҳои мизи мудаввар, китобхона ва китобхонаи электронӣ иборат мебошад.   Дар осорхонаи иншоот маводҳо аз эъломияи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ то қабули санадҳои муҳими таърихӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, лаҳзаҳои баргузории анҷуманҳои ҳизбӣ, дастовардҳои соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолӣ, раванди корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи Роғун, лаҳзаҳои гиромидошти қаҳрамонони Тоҷикистон, аксу ҳуҷҷатҳо ва ёдгориҳои дорои аҳамияти таърихию миллӣ гирд оварда шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо бозгӯи марҳилаҳои ташаккул, дигаргуниҳои созанда ва саҳифаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд.   Дар гӯшаи алоҳидаи китобхона асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиёда аз 5 ҳазор китоби бадеӣ, илмӣ ва гуногунсоҳа барои кормандону донишҷӯён нигоҳдорӣ мешавад. Ҳамчунин, махзани рақамии китобхона 1 миллион нусха адабиёти гуногунсоҳа ва бадеиро бо имкониятҳои васеи электронӣ ташкил медиҳад.   Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла, энергияи офтобӣ, сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва рушди иқтисоди сабз дар бино панелҳои офтобӣ насб карда шудааст, ки он барои таъмини самараноки неруи барқ, сарфаи захираҳои энергетикӣ, истифодаи технологияи муосир, рушди энергияи тоза ва татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз заминаи воқеӣ мегузорад.   Дар бинои ҳизб, ҳамчунин маркази омӯзишӣ мавҷуд аст, ки барои таълими  забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон, курсҳои пешвоёни ҷавон, пухтани таомҳои миллӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ба соҳибкорони ватандӯст ва аъзои ҳизб барои бунёди чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос намуда, кормандони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ба ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, вусъат додани созандагиву бунёдкориҳо ва тарғиби ҳадафҳои стратегии кишвар ҳидоят карданд. 

    5

    01.11.2026
  •  img
    Ифтитоҳи корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ Сирдарё дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.   Дар корхона 5 хатти технологӣ насб гардида, зарфҳои пластикӣ ва афшураҳои мевагию обҳои ташнагишикан истеҳсол мешавад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарё аз ҷониби бародарони соҳибкор Каримзодаҳо бунёд гардида, 85 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.   Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 240 тонна афшура ва 400 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнагишикан мебошад.   Гуфта шуд, ки афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир дар истеҳсолот имкон медиҳад, ки самараи меҳнати кишоварзон саривақт коркарду бастабандӣ, талафёбии меваю сабзавот дар саҳро пешгирӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ афзоиш ёбад ва имкониятҳои содиротӣ васеъ гардад.   Иттилоъ дода шуд, ки технологияи аз кишварҳои пешрафта воридшуда имкон медиҳад маҳсулот тибқи талабот коркард ва аз самараи меҳнати деҳқонон маҳсулоти саноатии табиӣ истеҳсол карда шавад.    Таъкид гардид, ки бунёди корхонаи коркарди меваю сабзавот дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръат намунаи гузариш аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ ба шумор меравад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ва сохторҳои марбутаи соҳаро ба истифодаи пурраи имкониятҳои технологӣ, ҷамъоварию коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои байналмилалӣ ҷалб намуданд.    Зикр шуд, ки танҳо дар 5 соли охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 74 корхонаи саноатӣ бо тақрибан 900 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

    3

    01.11.2026
  •  img
    Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Субҳи 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ,  ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот  бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд  ташриф оварданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд  ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

    7

    01.11.2026