eDonish: омили такмилбахши таълим
27.12.2024
Замони муосирро бидуни истифодаи техника ва технологияҳои нав тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ҷумла, ин омил дар муассисаҳо мавқеи барҷаста касб кардааст ва дар мактабҳо аз имконоти воситаҳои техникӣ бамаврид истифода бурда мешавад.
Чандест, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барномаи «eDonish» амал мекунад. Бояд қайд кард, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ (06.08. 2020, №409) «Дар бораи татбиқи барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» барномаи мазкур дар се марҳала ба роҳ монда шуд, ки марҳалаи якум 50 муассиса, марҳалаи дуюм 55 ва марҳалаи сеюм 45 муассисаро дар бар мегирад.
Директори Маркази таҳлилию иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода иброз дошт, ки айни ҳол барномаи мазкур дар 150 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба таври ройгон роҳандозӣ шудааст. Ҳадаф аз татбиқи барномаи мазкур гузаштан аз низоми анъанавӣ ба низоми электронӣ мебошад. Инчунин, дар 20 мактаби шаҳри Душанбе журналҳои анъанавӣ аз байн рафта, пурра журнали электронӣ истифода мешавад, ки ин омил фаъолияти омӯзгоронро осон намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои диққатҷалбкунанда шудани «eDonish» дар соли 2025 бахши озмоишҳои виртуалӣ низ ба роҳ монда мешавад, ки омӯзгорони физикаву химия метавонанд бо истифода аз он дарсҳояшонро самарабахш ба роҳ монанд.
– Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз ҷиҳати техникӣ танқисӣ намекашанд ва бо компютерҳо таъмин мебошанд. Ҳамчунин, муассисаҳо бо интернет пайвастанд. Барои беҳтару хубтар ва босифат ба роҳ мондани барномаи «eDonish» аз ҷониби Шаҳри ҳушманд (Smart City) якҷоя бо Маркази таҳлилию иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мунтазам семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон ва маъмурони барнома гузаронида мешавад, - иброз дошт З. Муродзода.
Омӯзгорон доир ба фаъолияти барномаи мазкур андешаҳои гуногун доранд. Ҳангоми суҳбат бо як идда омӯзгорон маълум гашт, ки корашон дучанд шудааст. Фирӯза Солиҷонова, омӯзгори математика-информатика, ҳамчунин, маъмури «eDonish» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки омӯзгорони муассиса ҳам журнали анъанавӣ ва ҳам журнали электрониро пур мекунанд. Аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо сабаби зиёд будани шумораи хонандагон дар синфхонаҳо дар раванди машғулиятҳо бо ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ кор кардан имкон надорад.
Ҷамила Шоинова, муовини директор оид ба таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ зикр кард: «Яке аз хусусиятҳои хуби барномаи электронии «eDonish» дар он аст, ки ҳисоботи омориро аниқу дақиқ пешниҳод менамояд. Истифодаи барномаи мазкур барои омӯзгорон муфид хоҳад буд, агар танҳо журнали электронӣ пур кунанд. Мушкили дигаре, ки мо пайваста ба он дучор мешавем, суст будани суръати интернет аст».
Дар литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе низ барномаи электронии «eDonish» роҳандозӣ гардидааст. Муовини директор оид ба таълим ва тарбияи литсейи мазкур Салоҳиддин Раҳмонов қайд кард: «Вобаста ба талаботи замон дар муассиса барномаи мазкур амал мекунад. Дар литсей журналҳои анъанавӣ истифода намешаванд ва омӯзгорон пурра бо журнали электронӣ кор мекунанд. Бо сабабҳои техникӣ ҳолатҳое мешавад, ки баҳо дар журнал сабт намешавад ва омӯзгорон дар журнали муқаррарии худ сабт мекунанд. Истифодаи бахши «Face ID»-и «eDonish» ба давомоти хонандагон дар дарсҳо таъсири мусбат гузоштааст».
Инчунин, барномаи электронии «eDonish» ба волидон имкон медиҳад, ки рӯзномаи фарзандонашонро ба таври маҷозӣ назорат намоянд ва китобҳои заруриро дар шакли электронӣ дастрас кунанд. Аз суҳбат бо волидон мушаххас гардид, ки онҳо дар хусуси барномаи мазкур ақидаҳои гуногун доранд.
Сарвиноз Муҳаммедова, модари Маҳиноз ва Дилнавоз Носироваҳо, хонандагони литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе буда, аз фаъолияти барнома қаноатманд аст.
– Ҳамарӯза фарзандонамро ба муассисаи таълимӣ мебарам, вале мешавад, рӯзҳое, ки аз серкорӣ наметавонам онҳоро то литсей ҳамроҳӣ намоям. Барномаи «eDonish» кори моро бисёр осон намуд, чунки кадом соат фарзандонамон ба мактаб ворид мешаванду кадом соат аз он ҷо мераванд, сари вақт огоҳ мешавем ва аз сатҳи дониши онҳо мунтазам маълумот ба даст меорем.
Машҳура Усмонова, модари Субҳия ва Саҷоат, хонандагони МТМУ №87-и ноҳияи Сино, қайд кард, ки «Вақте мо, волидон, ҳамаҷониба фарзандони худро таҳти назорат қарор медиҳем, боиси он мегардад, ки таваҷҷуҳашон ба хониш зиёд шавад. Дар зимн, дарсгурезии хонандагон ва ба амалҳои номатлуб даст задани онҳо низ оҳиста-оҳиста аз байн хоҳад рафт».
Барномаи «eDonish» дорои сомонаи худ бо номи www.edonish.tj буда, аз рубрикаҳои гуногун, аз қабили «Рейтинг», «Китобхона», «Ахбор» ва ғайра иборат аст. Бояд гуфт, ки барномаи электронии «eDonish» низоми таълими муассисаҳоро такмил мебахшад.
Ирода ТИЛАБОВА,
Хуршеда АЗИЗОВА,
«Омӯзгор»