МУҲОКИМАИ “ЧАҲОРЧӮБАИ МИЛЛИИ РУШДИ ТАҲСИЛОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”
27.12.2024
Имрӯз, 27-уми декабри соли 2024 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муҳокимаи “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Дар муҳокимаи “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини вазири маориф ва илм Сафарзода Дилшод, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат, ҳамҳангсози лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат”, намояндагони Кумитаи падару модарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни муҳокима муовини вазири маориф ва илм қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифро ҳамчун самти калидии пешрафти кишвар ба таври мунтазам рушд ва тавсеа мебахшад. Роҳбарияти олии кишвар пайваста кӯшиш мекунанд, ки тамоми сатҳҳои таҳсилот, аз боғча то мактаби олӣ таълим ба талаботи ҷаҳонӣ ва эҳтиёҷоти ҷомеа мутобиқ карда шаванд. Ҳадафи асосии “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тарҳрезӣ ва татбиқ кардани як низоми таълимие мебошад, ки дастрасӣ ва сифати таҳсилотро баланд бардошта, барои омодасозии насли нав ба талаботи бозори меҳнат дар арсаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Зеро рушди устувори кишвар аз рушди соҳаи маориф вобастагии калон дорад. Инчунин дар доираи ин чаҳорчӯба бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ низ дар назар дошта шудааст.
Гуфта шуд, ки “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” самтҳои муҳимми стратегии таъмини дастрасии баробар ба таҳсилот дар муҳити фарогир ва муҷаҳҳаз, баланд бардоштани сифати таълим, ворид намудани технологияи муосир ба раванди таълим ва ҳамкории оила ва муассисаҳои таълимиро дар бар мегирад.
Дар идома як қатор иштирокчиёни чорабинӣ вобаста ба моҳияти “Чаҳорчӯбаи милли рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фикру андешаҳои худро ироа намуда, таъкид гардид, ки “Чаҳорчӯбаи милли рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадами дигаре барои рушди маориф дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ карда мешавад. Ҳадафи асосии он фароҳам овардани муҳити таълими созгор ба ҳар як хонандаи тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида буд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон