05.07.2026

 img

(Дар ҳавошии пазируфта шудани ибтикори тозаи Сарвари давлати тоҷикон роҷеъ ба сулҳ дар СММ)

 

Чандест, ки навиди пазируфта шудани пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки санаи 25-уми июн дар Созмони Миллал амри воқеъ шуд, вирди забонҳост.

 

Чаро ин рӯйдод муҳим ва чаро барои кулли сайёра якхела аҳаммият дорад? Чунки сулҳ на фақат як мафҳуми хос барои улуми ҷомеашиносӣ, балки ормонест, ки ба ҳар як сокини ин кураи хок азизу муқаддас аст. Бузургтарин арзише ҳаст, ки ҳаётро бар марг, некиро бар бадӣ ва нурро бар зулмот тарҷеҳ медиҳад. Сулҳ заминаи зиндагӣ ва шукуфоӣ дар муқобили нестиву вайронкориҳост... Он ба масобаи кишти замин аст, ки дар он тухми зироат мекоранд, агар кишт мувофиқ нест, зироат ҳам нест... Пас, сулҳ авваласоси ҳаёт дар рӯйи Замин аст, аз ин рӯ, бениҳоят зарур барои пойдории бани башар аст...

 

Ҳоло дунёи муосир он қадар гирудор ва мушкилҳо дорад, ки дар ягон марҳалаи дигари рушду таҳаввулаш надошт. Давраҳое гузашт, ки мубориза барои мутеъ кардани халқҳо ва истилои қаламравҳо ва аз ин роҳ бунёд кардани империяҳои абарқудрат асоси сиёсати бархе кишварҳои ҷаҳон буд. Баъдан муборизаҳои милливу озодихоҳии мардумони таҳти асорат занҷири ин навъи бардагиро шикаст. Таҳаввулоти азиме дар тағйир додани шакли идораи давлатҳо ба вуҷуд омад, то ҷойе имкон дошт, шумори ҷумҳуриҳои демократӣ афзоиш ёфт.

 

Баъди Ҷанги дувуми ҷаҳон тартиботе ҷорӣ шуд, ки як навъ мувозинати абарқудратҳои ҷаҳониро нигаҳ медошт ва нақши созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳидро устувор намуда буд: наздики 60-70 сол муносиботи миёни халқҳову давлатҳо аз рӯйи қавонини байналмилалӣ дар ҳама соҳаҳо танзим мешуд, марзҳои миёни кишварҳо халалдор намегардид. Албатта, дар ин муддат низоъҳо ва муноқишаҳои хурд ва ё ҷузъӣ истисно набуданд, аммо барои кулли сайёра чандон хатарзо ба шумор намерафтанд.

 

Аммо муҳимтарин проблемаҳо, ба қавли муҳаққиқи масъалаҳои сиёсӣ Ювал Нӯҳи Ҳорорӣ дар китобаш “Таърихи мухтасари оянда”, ба замони нав, ба садаи XXI кӯч бастанд: ҷанг, гуруснагӣ ва бемориҳои сироятӣ [7, с. 8].

 

Аз инҳо тавассути ривоҷу равнақи илм ва технологияҳои пешрафтаи муосир масъалаҳои гуруснагиву бемориҳои сироятӣ бо кумаку ҳамдастии ҳам кишварҳои алоҳида ва ҳам лоиҳаҳое, ки тавассути созмонҳои байналмилалии соҳаҳои тандурустиву назофатӣ, ҳифзи бонувон ва кӯдакон, аз қабили Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқа, Барномаи ҷаҳонии ғизо, Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ, Хазинаи кӯдакони СММ ва ғайра дар ҷаҳон нисбатан ҳал шудаанд.

 

Ҳарчанд дар масъалаи рафъи гуруснагӣ мушкилот то кунун боқӣ мемонад (махсусан дар Африқо), масалан, тибқи маърӯзаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ “Вазъияти корҳо дар соҳаи амнияти озуқа дар ҷаҳон”, соли 2024 8,2 фоизи аҳолии ҷаҳон, ё 673 миллион кас бо гуруснагӣ даст ба гиребон буданд. Дар қитъаи Африқо (20 фоизи аҳолӣ) ва Осиёи Ғарбӣ (12,7 фоизи мардум) аз гуруснагӣ то кунун азият мекашанд [3].

 

Аммо дар масъалаи пешгирии ҷангҳо башарият то ҳол дар бунбаст қарор дорад. То нимаи асри XX қонуни нонавиштаи ҷангал амал мекард: агар ду кишвар дар ҳоли сулҳу созиш зиндагӣ мекарданд, имконияти сар задани ҷанг аз эътибор соқит намешуд. Масалан, соли 1913 Олмону Фаронса байни ҳам дар набард набуданд, аммо сиёсатмадорон хуб мефаҳмиданд, ки соли 1914 миёни онҳо ҷанг ногузир хоҳад шуд.

 

Дар нимаи дувуми садаи бистум ин қонун аз байн рафт ва шумори ҷангҳо коҳиш ёфтанд, ба вуҷуд омадани силоҳи ҳастаӣ абарқудратҳоро ба андешаи ҳамзистии осоишта ва дарёфти воситаҳои ҳалли мусолиҳатомези масъалаҳои мубрам водор сохт. Аммо мавҷудияти силоҳи ҳастаӣ навъҳои нави ҷангҳоро ба вуҷуд овард: рушди бесобиқаи технологияҳои нав силоҳи кибериро ба майдони мубориза овард ва терроризму ифротгароӣ дар аксар минтақаҳои ҷаҳон реша давонд.

 

Бо вуҷуди саъю талоши башарияти тараққихоҳи ҳама кунҷу канори олам, баргузории музокироту ҳамоишҳои судманд дар мавриди аз байн бурдани низоъҳо ва муноқишаҳое, ки билоқибат дунёро ба набарди саросарӣ хоҳанд кашид, ҳам дар қитъаи Аврупо ва ҳам Шарқи наздик то кунун оташи ҷанг фурӯзон аст.

 

Агарчи инсоният аз бомдоди таърих орзуи ҳамзистии осудаи миёни ақвому миллат ва кишварҳоро дошт, вале бо вуҷуд, аз ногузир будани ҷанг ҳамеша андеша мекард. Масалан, дар “Ҷумҳур” ном рисолаи пири хирадмандони Юнонзамин Афлотун, ки ба асри V-и қабл аз милод рост меояд ва дар он давлати ормонӣ (идеалӣ) тавсиф мешавад, аз мавҷудияти гурӯҳи размандагони ҳимоятгар сухан рафтааст. Сарчашмаи сар задани ҷангҳоро Афлотун дар “вайрон шудани руҳ”-и одамӣ мебинад, ки натиҷаи ҷоҳталабист ва Афлотун онро бо вожаи “полемос” (халал ёфтани руҳ) ифода кардааст.

 

Маҳз хоҳишҳои беҳадду ҳудуди иддае аз ҷомеа барои ба даст овардани сарватҳои муфт боиси ҷангҳо мегардад. “Вақте ки ҷанг ҷараён мегирад, ҳам ҳаёти хусусӣ ва ҳам зиндагии ҷомеа зери хатар хоҳад монд...” [4, с. 108].

 

Аҷиб аст, ки дар фалсафаи замони нав назари муҳаққиқону олимон ба масъалаи ҷанг мухталиф аст. Фаразан, Мишел Фуко, ҳакими маъруфи фаронсавӣ, дар яке аз мусоҳибаҳояш “сиёсатро ҳамчун идомаи ҷанг, аммо бо воситаҳои дигар” номидааст [6, с. 150].

 

Николай Чернишевский, адиб ва адабиётшиноси машҳури рус, ба суоли “оё ҷанг метавонад харобиовар бошад ва ё манфиатбахш?” посух дода, ки “донистан лозим, ки сухан дар бораи чӣ навъи ҷанг меравад: фаҳмидани вазъият, вақт ва макони ҷанг муҳим аст” [8, с. 669].

 

Файласуф Владимир Соловёв тезиси “мавҷудияти ҷанги хуб ва сулҳи бад”-ро ба миён гузоштааст. Хушбахтона, шумори чунин файласуфоне, ки зарурати ҷангро ёдрас мекарданд, нисбат ба онҳое, ки хатари онро пешгӯйӣ менамуданд, хеле кам аст [5].

 

Вақтҳои охир идеяи ба даст овардани сулҳ ба воситаи зӯроварӣ, яъне ҷанг низ дар долону даҳлезҳои ҳам сиёсатмадорон ва ҳам ходимони ҷамъиятиву фарҳангӣ (махсусан дар заминаи муноқишаҳои имрӯзаи ҷаҳон) садо медиҳанд ва низ ҳастанд санадҳое, ки моҳиятан маънои духӯра доранд. Масалан, дар қатъномаи № 688-и СММ (аз моҳи апрели соли 1991) ба “мудохила”-и (интервенсияи) кишварҳо ҳангоми “хатар ба амнияти байналмилалӣ” ишора шудааст, ки тартиби мушаххаси фаҳму дарк надорад.

 

Чун ба таърих бингарем, ҳама истилогарони номдор, аз Искандари Мақдунӣ сар карда, сабаби ҷангҳояшонро дар барқарории “адолат” ва таъмини сулҳи “абадӣ” унвон кардаанд... Ин қисмати баррасиҳоро бо сухани ҳикматдори яке аз донишмандони амрикоӣ Жан Нортон Крю, ки худаш бевосита иштирокчии ҷанги якуми ҷаҳон буд, хотима медиҳем. “Агар ҷомеа хирдаманд бошад, бояд чунин натиҷагирӣ кунад: ҷанг бемории башарият аст, яке аз маризиҳоест мисли вабо, ки худро аз он эҳтиёт кардан имконпазир аст. Мумкин аст, ки дар тамоми кураи замин он нест карда шавад, агар ҳама талаботи беҳдоштӣ риоят шавад. Чӣ гуна метавон ин чораҳоро андешид, чӣ навъ имтиҳон ва татбиқ кард? Албатта, дар шинохти беморӣ, дар тарзи густариш ёфтан ва нобуд карданаш ҳангоми сар задан...” [1, с. 143].

 

Гуфтем, ки орзуи башарият аз қадим то кунун зиндагӣ дар ҳоли набудани ҷангҳост. Аммо то ҳоло ин орзу ҷомаи амал намепӯшад ва таърихи башар ба ин гувоҳ аст. Ҳалли муноқишаҳо бо назардошти манфиати ҳама гурӯҳҳо ва табақаҳои машғул ба низоъ ва ба раҳбарӣ гирифтани принсипи ғайризӯрӣ ягона усули орому осуда нигаҳ доштани вазъи ноороми ҷаҳони муосир ва ба асос гирифтани ҳуқуқи байналмилалӣ паҳлуи дигари ин принсип аст.

 

Оинномаи СММ, ки 26-уми июни соли 1945 дар Сан-Франсиско қабул шуд, сулҳро арзиши олӣ эътироф кард. Мувофиқи моддаи 1-уми оинномаи мазкур нигаҳ доштани сулҳу амнияти байналмилалӣ ҳадафи асосии Созмони Милал аст. Ҳамчунин Эъломия дар бораи тарбияи халқҳо дар руҳияи сулҳ (аз 15-уми декабри соли 1978) муқаррар кардааст, ки сулҳ олитарин арзиш ба шумор меравад. Аз муҳтавои ин санад бармеояд, ки сулҳи миёни халқҳо аз ҷониби ҳама ҷунбишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динӣ бояд дастгирӣ ёбад. Фазои сулҳ, боварӣ ва фаҳму дарки ҳамдигарӣ заминаи ҳама муносибатҳо бошад.

 

Ба ин мазмун даҳҳо санадҳое дар миқёси байналмилалӣ қабул шудаанд, ки на танҳо хислати умумӣ доранд, балки масъалаву муаммоҳои мушаххаси сулҳро баррасӣ мекунанд, аз қабили Эъломияи Гаага дар бораи ҳалли мусолиҳатомези низоъҳои байналхалқӣ (1907), Эъломияи СММ роҷеъ ба ҳуқуқи халқҳо ба сулҳ (1984), Эъломияи байналхалқӣ дар бораи мубориза бо терроризми ҳастаӣ (2005) ва ғайра.

 

Агарчи Иммануил Кант, файласуфи маъруф ва гули сари сабади фалсафаи клосикии урупоӣ, дар садаи XIX зиста бошад ҳам, пешгӯйии фавқулода муҳимми ӯ то замони мо аҳамммияташро гум накардааст. Тибқи фармудаи ӯ, “башарият ду роҳ барои оянда дорад, яке доир ба сулҳи ҷовидонӣ шартнома бастан ва дигаре хуфтан дар қабристони бузурге, ки баъди ҷанги охирин пайдо хоҳад шуд”.

 

Ин файласуф сабаби рух додани ҷангҳоро дар вайронии аввалияи табиати инсонҳо медид, аммо бо вуҷуд, идеяи созишномаи байналмилалиро ягона роҳи ҳалли низоъҳо дар саросари олам мешумурд. Яъне тавассути дипломатия ва санадҳои дипломатӣ ҳал кардани масъалаи ҷангу сулҳро маҳз Кант ба миён гузоштааст [2, с. 188].

 

Андешаи наздик ба мавқеи Кантро олими маъруф Эйнштейн низ баён кардааст: “Сулҳро бо зӯрӣ наметавон нигаҳ дошт. Онро танҳо бо роҳи дуруст фаҳмидани ҳамдигар ба даст овардан мумкин аст”.

 

Дар низоми илмҳои ҳуманитарӣ, бавижа равоншиносӣ, ақидае ҳаст, ки аз ҷониби пайравони дигар илмҳо низ гарм истиқбол мешавад. Қобилияти фаҳмидану дарк кардани қимати сулҳ ва зиндагии осоишта маҳз дар он халқу миллатҳое бештар аст, ки дар фарҳангу тамаддунашон ин чиз табиатан реша дорад.

 

Мардуми шарифи тоҷик аз ҳамин қабил ҳалқҳоест, ки шуруъ аз “Авесто”, ки нахустин ёдгории фарҳанг, ахлоқ ва дину ойини тоҷикон ба шумор меравад, ҳамеша хостори сулҳ ва ростӣ дар муносибат бо дигарон будааст ва сулҳу ҳамкорӣ ҳамчун ду сутуни ин куҳантарин таълимоти башардӯстона арзиш доштааст.

 

Ин ки мардуми мо таърихан ва аз нигоҳи хулқу атвор ва равиши андешаву тарзи зист доимо сулҳро аз ҷанг бартарӣ медод, ба ҷаҳониён маълум аст. Ҳамчунин таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеч давру замоне тоҷик ба болои кишвари дигаре лашкар накашидааст.

 

Неруи нарм ё беҳтарин василаи таъсири ин мардум дар муносибатҳо бо ҳамсоягони дуру наздик - андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек якҷо бо адабиёту фарҳанги асили ҳаётдӯстонааш будааст. То кунун ин навъи таъсир ва дипломатия ривоҷ дорад ва як намунаи беназири он тавассути суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли ҷорист.

 

Пазируфта шудани қатъномаи пешниҳодкардаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири насли оянда”, ки бешубҳа, на санади эъломиявӣ, балки дорои хислати стратегӣ ва ахлоқию маънавист, на фақат пирӯзии дипломатияи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, балки ба кулли башарияти ҷаҳон бори дигар собит намудани табиати таърихан шаклгирифтаи сулҳхоҳонаи мардуми мост, ки дар тамаддуни он ҳазорсолаҳо боз замина дорад.

 

Дар суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид мешавад, ки ҷаҳон хоҳони сулҳ аст, ҳамон навъи сулҳе, ки ояндаи боэътимодро барои наслҳои оянда фароҳам оварад. Ба вуҷуд овардани бовариву эътимод миёни ақвому милали мухталиф, иқдомҳои созанда барои нигаҳдошти низоми ҷаҳонӣ дар асоси қонунҳо ва асноди қабулшудаи байналмилалӣ, роҳи ҳал набудани посухи ҳарбӣ ба масъалаҳои печидаи сиёсӣ, ҷанг ҳамчун монеаи асосии тараққӣ накардани кишварҳои рӯ ба рушди устувор муҳтавои асосии суханронии Президенти кишвари моро аз минбари баланди Созмони Милал таркиб додаанд.

 

Дар нахустин ҷумлаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибатҳои манфии дарозмуддат доштани баъзе падидаҳои ҷаҳони муосир номбар шудаанд: “Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт. Дар ин зимина, муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ ба мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад” [9].

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мактаби сулҳофариаш дар ақсои олам эътироф ва мавриди истиқбол қарор гирифтааст, мафҳуми сулҳро на фақат ба маънои адами ҷангу муноқиша, балки хеле фарохтар мефаҳмад ва ба самъи мардуми ҷаҳон мерасонад. Ин қатънома дар шароите пазируфта шуд, ки ба қавли Президенти Тоҷикистон, “миллионҳо нафар мардуми осоишта дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба хавфу хатарҳои амниятӣ дучор гардидаанд”.

 

Истиқрори сулҳ, аз назари Сарвари давлати тоҷикон, бо ҳалли масъалаҳое печ мехӯрад, ки дар сурати мубориза накардан бо онҳо хатарҳои аз муноқишаҳои мусаллаҳона ҳам хавфноктар рух медиҳанд ва зиндагии осоиштаи мардумони ҷаҳонро халалдор хоҳанд кард. Ин масъалаҳо - таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ мебошанд. Афзоиши афкори исломситезӣ, инчунин, падидаи истифода аз “сиёсати духӯра” дар муносибатҳои байналмилалӣ низ монеаҳои сулҳи пойдор ва равобити боэътимоди миёни мардумони олам арзёбӣ шудаанд.

 

Яъне аз нигоҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои таъмини сулҳ ва таъмини ояндаи босубот, танҳо қабул ва эътирофи ин ё он санади байналмилалӣ кофӣ нест, балки ба роҳ мондани чунин раванде ҳаст, ки иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳо ва таҳлили муфассали ҳаводиси имрӯза, нигоҳи тоза ба рӯйкардҳои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза ва дар асоси ҳамаи инҳо роҳандозӣ кардани амалҳои мушаххас ва ибтикороти барои сулҳи ҷаҳонӣ судманд мебошад.

 

Барои ояндагон вогузор намудани сулҳи пойдор ҳамчун нахустшароити зиндагии шоистаи мардуми ҷаҳон ва дар ин замина ба мерос гузоштани намунаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни халқҳо ва давлатҳо ва аз ҳама муҳим – имконияти идома додани муносибатҳои неку ҳасана бо назардошти манфиатҳои миллии тарафҳо – чунин аст шарҳи маънову мафҳуми ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон ва паёми ин кас ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.

 

Аз назари Сарвари давлати тоҷикон, сулҳ як раванди воқеист, ки дар сурати комёб шудан ба он бояд ҳифз ва таҳкиму пуштибонӣ ёбад. Нигоҳи дурбинона ба сулҳ, ҳамчун арзиши олии башарият бояд меъёри муносибатҳои байналмилалӣ гардад.

 

Ҳамин тавр, пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” иқдоми хеле муҳим, саривақтӣ, инсонмеҳвар ва дорои паёми амиқи умумибашарӣ буда, ба хотири боз ҳам бештар муттаҳид сохтани ҷомеаи байналмилалӣ, ҷалби саъю кӯшишҳои муштарак барои ҳифзи сулҳ, таҳкими субот ва пешгирии низоъҳо равона шудааст.

 

Дар радифи чандин ибтикороти дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дафъа бо қабул шудани қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки бо амалҳо ва масъулияти бузург дар таҳкими сулҳ саҳм гузоранд.

 

Нуктаи муҳимми дигар ҳамин аст, ки Пешвои миллати тоҷик ташаббуси сулҳро бо дигар ибтикороти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои об ва иқлим ба таври ҳамгиро пешниҳод намуданд. Ин равиши ҳамоҳанг шаҳодати он аст, ки сулҳ на танҳо шарти субот, балки пояи рушди устувор ва зиндагии шоистаи башар низ мебошад.

 

Дар пасманзари суханронии Сарвари давлати тоҷикон аз минбари баланди СММ нуктаи дигарро ҳам ба ёд гирифтан лозим аст: агар имрӯз барои таҳкими сулҳ талош накунем, таърих моро маҳкум хоҳад кард. Ҳар насл вазифадор аст, ки барои наслҳои оянда на танҳо сарзамини обод, балки мероси гаронбаҳои инсондӯстӣ, ваҳдат ва сулҳ ба ёдгор гузорад. Ва, бешак, беҳтарин мероси инсонӣ сулҳу оромии пойдор мебошад.

 

Бояд як сухани дигар низ гуфтаву навишта шавад, ки ин ташаббус, ки аз қалби миллати сулҳпарвари тоҷик тавассути роҳбари дурандеш ва хирадоини ӯ ба миён омадааст, на танҳо манфиати Тоҷикистон, балки манфиати тамоми ҷомеаи башарро фаро мегирад. Ин иқдоми наҷиб ва саривақтии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, паёми возеҳ ба ҷаҳониён мебошад: сулҳ масъулияти як миллат нест, балки масъулияти муштараки тамоми башарият аст.

 

АДАБИЁТ

1. Головнин Н.Н. О социологическом изучении войны // Социс. 1992. № 3. – С. 143.

2. Горохов П. А., Южанинова Е. Р. Трактат Иммануила Канта “К вечному миру”: возможность реализации проекта // Теория и практика общественного развития. - 2015. - № 11. - С. 188.

3. Доклад ВОЗ «Положение дел в области продовольственной безопасности и питания в мире» (СОФИ - 2025). Электронный ресурс: https://www.who.int/ru/news/item/28-07-2025-global-hunger-declines-but-rises-in-africa-and-western-asia-un-report /Дата обращения: 06.10.2025/

4. Платон Государство. – М.: Изд-во АСТ, 2024. – 224 с. – С. 108.

5. Соловьев В.С. Три разговора о войне, прогрессе и конце всемирной истории // Сочинения: В 2 т. Т. 2. - М., 1990.

6. Фуко М. Интеллектуалы и власть: Избранные политические статьи, выступления и интервью: Пер. с франц. С.Ч. Офертаса под общ.ред. В.П. Визгина и Б.М. Скуратова. - М., 2002. - С. 150.

7. Харари Юваль Ной. Homo Deus. Краткая история будущего / пер. с англ. А. Андреева – М.: Синдбад, 2018. – 496 с. – С. 8.

8. Чернышевский Н.Г. Очерки гоголевского периода русской литературы // Избр. философские сочинения. - М., 1950. - Т. 1. – С. 669.

9. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид. Манбаи электронӣ: Санаи муроҷиат: 06.10.2025/.

 

Ҳафиз РАҲМОН,

адабиётшинос

  • ЭЙ НУРИ ДИДА, СУЛҲ БЕҲ АЗ ҶАНГУ ДОВАРӢ... img

Хабарҳои дигар

  •  img
    СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА: ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН БА ХОТИРИ ФАРДОИ БАШАРИЯТ Дар ҷаҳони мураккаби имрӯз, ки инсоният бо ҷангу низоъҳо, таҳдидҳои амниятӣ, ифротгароӣ ва дигар хатарҳои умумиҷаҳонӣ рӯ ба рӯ мебошад, таҳкими сулҳ ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки заминаи асосии рушди устувор, таълиму тарбия, пешрафти илм, иқтисод ва зиндагии шоистаи ҳар як инсон мебошад.   Маҳз бо чунин диди ояндабинона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”-ро пешниҳод намуданд. Ин иқдоми муҳимми байналмилалӣ идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеи фаъол ва созанда дорад.   Тоҷикистон таҷрибаи нодири сулҳу ваҳдати миллиро аз сар гузаронидааст. Таҷрибаи барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки бо иродаи сиёсӣ, гуфтугӯ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати миллӣ метавон ҳатто душвортарин мушкилотро ҳал кард. Имрӯз маҳз ҳамин таҷрибаи нодир ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз минбарҳои байналмилалӣ ба хотири таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои муҳим пешниҳод намояд.   Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда даъватест ба ҳамаи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, то дар тарбияи насли оянда ба арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Зеро ояндаи башарият аз он вобаста аст, ки имрӯз мо чӣ гуна инсонро тарбия мекунем.   Дар ин раванд нақши соҳаи маориф беназир аст. Муассиса ҷойест, ки дар он дар баробари дониш, ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва фарҳанги шаҳрвандӣ низ ташаккул меёбад. Омӯзгор шахсест, ки метавонад дар қалби хонанда эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, масъулиятшиносӣ, фарҳанги муколама ва муҳаббат ба Ватанро ҷой диҳад. Аз ҳамин хотир, таҳкими сулҳи пойдор пеш аз ҳама аз синфхона оғоз меёбад.   Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ вазифаи низоми маориф боз ҳам муҳимтар мегардад. Имрӯз ҷавонон қисми зиёди иттилоотро аз фазои рақамӣ дарёфт мекунанд. Аз ин рӯ, рушди саводи рақамӣ, ташаккули тафаккури интиқодӣ, истифодаи оқилонаи технологияҳо ва муқовимат ба иттилооти бардурӯғ аз омилҳои муҳимми ҳифзи суботи ҷомеа мебошанд. Ҷомеаи рақамӣ танҳо дар сурате метавонад пешрафта бошад, ки бар пояи сулҳ, эътимод ва масъулият бунёд гардад.   Имрӯз инсоният беш аз ҳар вақти дигар ба дониш, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дорад. Технология метавонад масофаҳоро кӯтоҳ намояд, аммо танҳо фарҳанги сулҳ метавонад дилҳоро ба ҳам наздик созад. Илм метавонад имкониятҳои нав офарад, вале танҳо сулҳ шароити истифодаи самараноки онҳоро таъмин мекунад.   Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имрӯз ва барои даҳсолаҳои оянда аҳаммияти стратегӣ дорад. Он ҷомеаи ҷаҳониро ба масъулияти муштарак дар назди наслҳои оянда даъват намуда, бори дигар нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои глобалӣ тақвият мебахшад.   Хулоса, эълон гардидани солҳои 2027-2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ба хотири насли оянда далели равшани нуфузу эътибори рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин иқдоми таърихӣ муваффақияти дипломатияи Тоҷикистон, саҳми арзандаи миллати тоҷик дар роҳи таҳкими сулҳ, суботи пойдор ва бунёди ояндаи осоишта барои башарият аст.   Сулҳ арзишест, ки онро наметавон танҳо бо санадҳо ҳифз кард. Он дар оила тарбия меёбад, дар муассиса ташаккул пайдо мекунад, дар ҷомеа устувор мегардад ва бо ҳамдигарфаҳмӣ, маърифат ва масъулияти ҳар як инсон пойдор мемонад. Аз ин рӯ, рисолати ҳар яки мо аз он иборат аст, ки сулҳро ҳамчун арзиши волои инсонӣ ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.   Ҷамшед САФАРЗОДА, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамии назди ВМИҶТ

    7

    05.07.2026
  •  img
    НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ҶАҲОНӢ Сулҳ яке аз муқаддастарин ва волотарин арзишҳои тамаддуни башарӣ ба шумор меравад. Аз замонҳои қадим то имрӯз тамоми пешрафти инсоният маҳз дар фазои сулҳу оромӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳар куҷо сулҳ ҳукмфармо бошад, илму фарҳанг, иқтисод рушд мекунад ва инсон метавонад арзишҳои маънавии худро такмил диҳад. Дар илми сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ сулҳ ҳамчун низоми муносибатҳои одилона, эҳтироми ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, ҳамкории созанда ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо маънидод мегардад.   Хиради мардуми тоҷик низ аз қадимулайём бар ҳамин арзиш устувор гардидааст. Дар фарҳанги сиёсӣ, адабӣ ва ахлоқии тоҷикон сулҳ ҳамчун рамзи адолат, инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва саодати ҷомеа тавсиф ёфтааст. Мутафаккирон ва адибони тоҷику форс сулҳро пояи бақои давлат ва хушбахтии инсон донистаанд. Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дӯстиро асоси зиндагии инсон ва шарти хушбахтии ҷомеа меҳисобад: Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон.   Ифодаи «ҳеҷ шодӣ нест» таъкид бар он аст, ки ҳеҷ сарват, мансаб ё қудрате наметавонад ҷойгузини оромӣ ва муносибатҳои неки инсонӣ гардад. Калимаи «ҷаҳон» тамоми ҳаёти инсон ва арзишҳои моддию маънавиро фаро мегирад. Аз ин рӯ, устод Рӯдакӣ дӯстиро пояи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта медонад. Шоир ба хулоса мерасад, ки инсон дар муҳити сулҳ, дӯстӣ ва амният метавонад хушбахтии ҳақиқиро эҳсос намояд.   Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» адолатро асоси сулҳ ва бақои давлат мешуморад: Зи неруи дод аст кишвар ба пой, Зи бедодӣ ояд ба кишвар газой.   Дар ин байт калимаи «дод» маҷмуи инсоф, қонун, ҳуқуқ ва масъулияти ҳокимиятро нисбат ба мардум ифода мекунад. Ибораи «кишвар ба пой» рамзи устувории давлат, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ мебошад. Дар муқобил, «бедодӣ» рамзи зулм, худкомагӣ ва поймолшавии ҳуқуқ аст, ки оқибати он «газой», яъне, таназзул ва вайронии давлат мебошад.   Саъдии Шерозӣ ваҳдати инсониятро асоси сулҳи ҷаҳонӣ медонад: Банӣ одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.   Ҷалолиддини Балхӣ муҳаббатро сарчашмаи сулҳ ва воситаи дигаргунсозии ҷомеа мешуморад: Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад, Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.   Муҳаббат рамзи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ибораи «талхҳо ширин шавад» ба он ишора мекунад, ки муҳаббат метавонад душманиро ба дӯстӣ ва ихтилофро ба оштӣ табдил диҳад.   Таҳлили осори мутафаккирон нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷикон аз ибтидо бар арзишҳои сулҳ, адолат, дӯстӣ, инсондӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтааст. Маҳз ҳамин ҷаҳонбинии сулҳпарварона дар тӯли ҳазорсолаҳо ба қисми ҷудонашавандаи фарҳанги давлатдории тоҷикон табдил ёфтааст.   Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳ, ҳамкорӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва дип­ломатияи бисёрҷониба ташаккул дод. Ин сиёсат идомаи мантиқии арзишҳои давлатдории таърихии тоҷикон буда, ҳадафи асосии он таҳкими субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.   Пас аз барқарор гардидани Ваҳдати миллӣ дар соли 1997 таҷ­рибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли низоъҳо мавриди омӯзиши ҷо­меаи байналмилалӣ қарор гирифт. Дар асоси ҳамин таҷриба Тоҷикис­тон тадриҷан ба яке аз давлатҳои ташаб­бускори масъалаҳои глобалӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфт.   Дар солҳои охир бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Дар ҳамин замина, қабули Қатъномаи СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Ташаббуси мазкур ба густариши фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, муколамаи байни тамаддунҳо, иштироки ҷавонон дар таҳкими сулҳ ва пешгирии низоъҳо равона гардидааст. Бо пешниҳоди ин ташаб­бус Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун ҷонибдори дип­ломатияи сулҳ, ҳамкории созанда ва масъулияти муштарак дар ҳифзи амнияти байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшид.   Аҳаммияти ин ташаббус ба ташаккули фарҳанги сулҳ, таҳкими муколамаи байни давлатҳо ва тамаддунҳо, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар пешгирии низоъҳо, рушди дипломатияи пешгирикунанда ва таҳкими масъулияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини амният ва рушди устувор нигаронида шудааст. Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нави сиёсӣ, геополитикӣ, иқтисодӣ ва экологӣ рӯ ба рӯ мебошад, чунин ташаббусҳо метавонанд ба таҳкими эътимоди байналмилалӣ ва густариши ҳамкории созанда такони ҷиддӣ бахшанд.   Ҳамин тариқ, «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» таҷассумгари идомаи анъанаҳои сулҳпарварии халқи тоҷик буда, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ ва татбиқи ҳадафҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид боз ҳам тақвият мебахшад. Аз ин рӯ, татбиқи самараноки ҳадафҳои ин даҳсола метавонад ба таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани ояндаи амну осоишта барои наслҳои имрӯзу фардо мусоидат намояд.   Баҳром ИСМОИЛЗОДА, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

    6

    05.07.2026
  •  img
    ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ДАЪВАТ БА МАСЪУЛИЯТИ ҶАҲОНӢ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА Дар шароити муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи сулҳ беш аз ҳар вақти дигар ба яке аз мавзуъҳои меҳварии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии инсоният табдил ёфтааст. Пешрафти босуръати илм, технология, равандҳои ҷаҳонишавӣ, густариши иқтисоди рақамӣ ва афзоиши робитаҳои байнидавлатӣ аз як тараф имкониятҳои нави рушдро фароҳам оварда бошанд, аз ҷониби дигар, низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, буҳронҳои экологӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои фаромиллӣ масъалаи ҳифзи сулҳро ба зарурати умумии башарӣ табдил додаанд.   Дар чунин вазъият сулҳ дигар танҳо ҳамчун мафҳуми сиёсӣ ё ҳолати набудани ҷанг фаҳмида намешавад. Он арзиши бунёдии тамаддуни инсонӣ, шарти асосии рушди устувор, заминаи таҳкими давлатдорӣ, кафолати пешрафти маорифу илм ва муҳимтар аз ҳама, амонати маънавӣ барои наслҳои оянда мебошад.   Аз ҳамин нуқтаи назар ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» дорои аҳаммияти бузурги сиёсӣ, фалсафӣ ва тамаддунӣ мебошад. Ин ташаббус паёми равшани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки сулҳ бояд на танҳо ҳамчун натиҷаи созишҳои сиёсӣ, балки ҳамчун фарҳанг, маърифат, масъулият ва арзиши устувори ҳаёти инсонӣ ҳифз ва тақвият дода шавад.   Моҳияти ин ташаббус дар он ифода меёбад, ки сулҳ бояд ба қисми ҷудонашавандаи тафаккури ҷамъиятӣ ва сиёсати байналмилалӣ табдил ёбад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба дарки нави сулҳ ниёз дорад: сулҳ на танҳо набудани ҷанг, балки мавҷудияти адолат, эҳтиром, муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва масъулияти муштарак нисбат ба сарнавишти инсоният мебошад.   Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки арзиши сулҳ пеш аз ҳама дар амал ва дар лаҳзаҳои сангини таърих дарк мегардад. Мардуми тоҷик дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ оқибатҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд. Ин таҷрибаи талх нишон дод, ки вайрон шудани сулҳу субот метавонад дар муддати кӯтоҳ ба ҳаёти ҷомеа, иқтисод, фарҳанг, маориф ва рӯҳияи мардум зарбаи ҷиддӣ расонад. Аммо барқарор намудани сулҳ, эътимод ва ваҳдати миллӣ иродаи қавии сиёсӣ, хиради давлатӣ, ҳамдигарфаҳмии ҷомеа ва заҳмати тӯлониро талаб мекунад.   Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавассути сиёсати сулҳпарварона, муколама, созиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон тавонист аз марҳалаи буҳрони сиёсӣ гузашта, ба давраи субот, рушд ва созандагӣ ворид гардад. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи муҳими сулҳофарӣ, ҳамдигарбахшӣ ва ҳалли осоиштаи низоъҳо арзёбӣ мегардад.   Сулҳ дар маънои васеъ танҳо оромии сарҳадҳо ё қатъи ҷанг нест. Сулҳ оромии ҷомеа, иттиҳоди мардум, фаъолияти босамари муассисаҳои таълимӣ, рушди илм, пешрафти иқтисод, амнияти оила, тарбияи солими фарзандон ва боварии шаҳрвандон ба фардо мебошад. Дар ҷомеае, ки сулҳ вуҷуд надорад, низоми маориф рисолати худро пурра иҷро карда наметавонад, иқтисод устувор рушд намекунад, илм ва фарҳанг пеш намераванд ва инсон имкони пурраи амалӣ намудани қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии худро аз даст медиҳад.   Аз ин рӯ, сулҳро метавон сармояи бузурги маънавии давлат ва миллат номид. Ҳар гуна дастоварди иқтисодӣ, илмӣ ва технологӣ танҳо дар муҳити сулҳу субот самараи воқеӣ медиҳад. Агар сулҳ набошад, неруи инсонӣ ба ҷойи созандагӣ ба рафъи оқибатҳои буҳрон равона мегардад. Агар сулҳ устувор бошад, ҷомеа ба пешрафт, навсозӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва рушди устувор ноил мегардад.   Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини ташаббуси мазкур мафҳуми масъулияти байнинаслӣ мебошад. Ҳар як насл дар назди наслҳои баъдӣ масъулият дорад. Мо на танҳо истифодабарандаи дастовардҳои гузашта, балки амонатдори оянда низ ҳастем. Қарорҳое, ки имрӯз дар соҳаҳои сулҳ, амният, маориф, муҳити зист, иқтисод ва фарҳанг қабул мешаванд, ба сифати зиндагии наслҳои оянда таъсири мустақим мерасонанд.   Ҷангҳо ва низоъҳо танҳо мушкили як давра нестанд. Онҳо метавонанд пайомадҳои вазнини худро барои даҳсолаҳо боқӣ гузоранд: харобии иқтисодӣ, заифшавии маориф, муҳоҷирати маҷбурӣ, аз даст рафтани сармояи инсонӣ, нобоварӣ дар ҷомеа ва осебҳои амиқи равонӣ. Баръакс, сулҳу субот ба наслҳои оянда имконият медиҳад, ки дар муҳити ором таҳсил кунанд, касб омӯзанд, эҷод намоянд ва дар рушди ҷомеаи худ саҳм гузоранд.   Дар ин раванд маориф нақши калидӣ дорад. Сулҳ аз тарбия оғоз мешавад. Фарҳанги сулҳ дар мактаб, дар оила, дар муҳити омӯзиш, дар муносибати омӯзгор бо хонанда ва дар ҷаҳонбинии насли ҷавон ташаккул меёбад. Агар кӯдак аз хурдсолӣ бо арзишҳои эҳтиром, таҳаммулгароӣ, ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ тарбия ёбад, дар оянда ӯ ҳамчун шахси созанда, масъул ва сулҳпарвар ба камол мерасад.   Маориф танҳо интиқоли дониш нест. Маориф ташаккули инсон аст. Ҷомеае, ки мехоҳад сулҳи пойдор дошта бошад, бояд ба тарбияи маънавӣ, ҷаҳонбинии солим, саводнокии ҳуқуқӣ, фарҳанги шаҳрвандӣ ва тафаккури интиқодии ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳад. Зеро нодонӣ, таассуб, бетафовутӣ ва паст будани маърифати иҷтимоӣ метавонад заминаи ихтилоф, ифротгароӣ ва нофаҳмиро ба вуҷуд оварад.   Дар замони муосир масъалаи фарҳанги сулҳ бо фазои рақамӣ низ робитаи мустақим пайдо кардааст. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои иттилоотӣ ва воситаҳои рақамӣ ба муҳити асосии муошират, омӯзиш ва таъсиррасонӣ табдил ёфтаанд. Ин фазо метавонад воситаи густариши дониш, ҳамкорӣ ва муколама бошад, аммо дар сурати истифодаи нодуруст метавонад ба паҳншавии иттилооти бардурӯғ, суханони нафратангез, иғво ва нофаҳмӣ мусоидат намояд.   Аз ин рӯ, фарҳанги сулҳ дар асри рақамӣ бояд бо саводнокии иттилоотӣ ва масъулияти рақамӣ пайваст бошад. Шаҳрванди муосир бояд тавонад иттилоотро таҳлил кунад, манбаъҳоро санҷад, ба андешаи дигарон эҳтиром гузорад ва аз паҳн намудани маълумоти носанҷида ё сухани таҳқиромез худдорӣ намояд. Фарҳанги муоширати рақамӣ имрӯз ҷузъи муҳими фарҳанги сулҳ мебошад.   Сулҳ ҳамчунин бо адолати иҷтимоӣ ва эҳтироми шаъну шарафи инсон робитаи ногусастанӣ дорад. Ҷомеае, ки дар он ҳуқуқи инсон, имкониятҳои баробар, эҳтиром ба қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ таъмин мегардад, аз лиҳози иҷтимоӣ устувортар мебошад. Сулҳи воқеӣ танҳо дар сурате пойдор мемонад, ки он бар эътимод, адолат, ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобил асос ёбад.   Дар таърихи афкори фалсафӣ низ сулҳ ҳамеша ҳамчун яке аз арзишҳои олӣ маънидод гардидааст. Мутафаккирони Шарқу Ғарб сулҳро бо ақл, адолат, ахлоқ, маърифат ва камолоти инсон пайваст медонанд. Дар анъанаи фалсафии Шарқ сулҳ пеш аз ҳама натиҷаи тарбияи ахлоқӣ, покии ботин, эҳтиром ба инсон ва ҳамоҳангии ҷомеа дониста шудааст. Дар фалсафаи Ғарб бошад, сулҳ бештар бо волоияти ҳуқуқ, муколамаи сиёсӣ ва масъулияти давлатҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ алоқаманд аст.   Ин умумияти арзишӣ нишон медиҳад, ки сулҳ хоси як миллат ё як фарҳанг нест. Сулҳ арзиши умумибашарист. Он забон, дин, нажод, сарҳад ва манфиатҳои маҳдудро фаро гирифта, ҳамчун пояи зиндагии муштараки инсонҳо хизмат мекунад.   Ташаббуси Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» маҳз ба ҳамин фаҳмиши васеи сулҳ такя мекунад. Ин ташаббус ҷомеаи ҷаҳониро ба он даъват менамояд, ки сулҳро ҳамчун масъулияти муштарак, ҳамчун шарти рушди устувор ва ҳамчун амонати маънавии наслҳо ҳифз намояд.   Дар шароити ҷаҳонишавӣ ягон давлат наметавонад масъалаҳои амният, сулҳ, иқлим, муҳоҷират, ифротгароӣ ва рушди устуворро танҳо ҳал намояд. Ин масъалаҳо ҳамкории байналмилалӣ, эътимоди мутақобил, риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва муколамаи доимиро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон аҳаммияти васеи байналмилалӣ дорад ва метавонад ба таҳкими ҳамкории давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои илмӣ-маърифатӣ мусоидат намояд.   Миллати тоҷик аз қадим сулҳро пояи ободӣ ва зиндагии шоиста донистааст. Дар фарҳанги мардумии мо сулҳ бо баракат, осоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҷомеа пайванд дорад. Ин ҷаҳонбинӣ имрӯз низ аҳаммияти худро гум накардааст. Баръакс, дар шароити таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ он мазмуни бештар пайдо мекунад.   Ҳифзи сулҳ танҳо вазифаи давлатҳо нест. Ин масъулияти ҳар як инсон аст. Ҳар як сухани нек, ҳар як амали созанда, ҳар як муносибати эҳтиромона, ҳар як кӯшиши фаҳмидани дигарон метавонад ба таҳкими сулҳ мусоидат намояд. Сулҳ аз муносибати инсон ба инсон оғоз мешавад ва дар сатҳи ҷомеа, давлат ва ҷаҳон густариш меёбад.   Ҳамин тариқ, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» даъвати амиқи маънавӣ ва тамаддунӣ мебошад. Он моро водор месозад, ки ба сулҳ ҳамчун арзиши олӣ, ба оянда ҳамчун масъулият ва ба наслҳои баъдӣ ҳамчун амонат нигоҳ кунем.   Дар ҷаҳоне, ки бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯст, чунин ташаббус аҳаммияти хоса дорад. Зеро ояндаи инсоният танҳо бо технология, иқтисод ва қудрати сиёсӣ таъмин намешавад. Ояндаи инсоният пеш аз ҳама ба сулҳ, маърифат, адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак вобаста аст.   Далер АЛИЗОДА, директори Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    2

    05.07.2026