17.06.2026

 img

Имрӯзҳо Тоҷикистони азиз ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қадам мениҳад. Дар ин баробар ҳазорон хонавода ба туфайли ин ҷашни муқаддас муждаи шодиро интизорӣ доштанд. Ин нишот тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба муносибати ин ҷашни бузург бо авфи 18038 нафар маҳкумшуда қабул гардид, намои воқеӣ пайдо мекунад. Қонуни авф санадест, ки дар баробари шароити ҳуқуқӣ тезтар ба зиндагии одамон ворид мешавад. Ба дили ҳазорон нафар шуълаи умед меафрӯзад.

 

Дар бисёр хонаҳо чашм ба роҳи омаданҳо аст. Модаре солҳо боз дар интизори фарзанди худ аст. Кӯдаке орзу дорад падарашро дар оғӯш бигирад. Ҳамсаре умедвор аст, ки рӯзҳои ҷудоӣ ба поён мерасанд. Қонуни авф барои чунин оилаҳо муждаи шодӣ меорад. Он ашки интизориро ба ашки хурсандӣ табдил медиҳад.

 

Таърихи тоҷикон аз қадим бо меҳрубонии инсонҳо, раҳму шафқат ва гузашту бахшиш пайвандӣ дорад. Авф низ идомаи ҳамин арзишҳост. Он нишон медиҳад, ки дар меҳвари сиёсати давлат инсон арзиши олӣ дорад. Каромат ва ҷавонмардии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто чун фазли пуртадбир ва умедбахшу ояндасоз мақоми арзишманд дорад. Ин иқдом баргирифта аз мактабест, ки давлатдории он бар асоси инсонмеҳварӣ бунёд гардидааст. Мактабе, ки дар он ба инсон имкони ислоҳ ва барои тағйир ёфтан ба ӯ шароит фароҳам оварда мешавад.

 

Имрӯзҳо, ки дар фазои меҳан ҷашни Ваҳдати миллӣ дар танин аст, маҳз бо талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат бо рисолати гузашту бахшиш аз гуноҳи ҳамдигарӣ қабои идона ба бар кард. Дар он замони тира Роҳбари давлат қайд карданд, ки дар зиндагӣ аз гуноҳи якдигар гузаштан ва ҳамдигарро бахшидан аз ҳама кори душвортар аст. Танҳо ҷавонмард метавонад гуноҳи дигаронро бубахшад. Ва дар идома зикр мекарданд, ки мо якдигарро мебахшем ва кишвари худро барқарор мекунем ва онро месозем. Яъне, ки авфи ҳамдигар ва гузашт кардан аз хатоҳои дигарон чун сифати ҷавонмардӣ дар сиришти Сарвари кишвар ҳувайдо буд.

 

Ҳазорон нафар аз файзи ин иқдоми ҳакимона ба пеши наздиконашон бармегарданд. Дар баробари изҳори пушаймонӣ шуълаи умеду боварӣ ба зиндагии нав дар замирашон фурӯзон мешавад. Боварманд ба ҷомеа мешаванд, ки онҳоро фаромӯш накарда, ба оғӯши худ мегирад. Бовар ба он менамоянд, ки аз аъмоли нописанд дарси ибрат гирифта, ба зиндагии нав дари уммедро боз кунанд.

 

Заноне, ки аз оғӯши фарзандон дур мондаанд, дубора гармии хонадонро эҳсос хоҳанд кард. Ноболиғоне, ки аз роҳи дуруст дур шудаанд, имкони бозгашт ба синфхона ва орзуҳои ҷавонии худро пайдо мекунанд. Сароғози ин паём ба тағйири сарнавишти як нафар дахл надошта, умедворӣ ба хонадонҳои зиёде меоварад.

 

Муҳимтар аз ҳама, пас аз озодӣ барои зиндагии нав фароҳамсозии шароити хуб низ таъкид гардид. Барои ҳамин мақомоти дахлдор вазифадор гардидаанд, ки ба шахсони озодшуда дар пайдо кардани ҷойи кор, таҳсил ва мутобиқ шудан ба ҷомеа кумак намоянд. Аз ин рӯ, дар баробари авф, дастгирии доираи маҳкумшудагон иқдоми саривақтӣ ва сутуданӣ аст.

 

Дар ҷаҳоне, ки садои низоъ, бемурувватӣ, хушунату бемеҳрӣ ҳамеша ба гӯш мерасад, ин иқдоми инсондӯстона арзиши баланд дорад. Агарчи давлат дар тавоноии қонун ва оштинопазир будани он ба ҳар ҷиноят мавқеъ гирад, фақат бузургмард бо фазли солорӣ ва роҳбурди инсонмеҳвар ба авфи маҳкумшудагон мепардозад.

 

Абубакр Бачамардзода, корманди

Академияи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ФАЗЛИ БУЗУРГМАРДИЮ ИНСОНМЕҲВАРӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҲИМОЯТИ БЕҶО АЗ ФАРЗАНД ВА ОҚИБАТҲОИ ОН Тарбияи фарзанд аз масъулияти муқаддастарини инсон ба шумор меравад. Ҳар як падару модар орзу дорад, ки фарзандаш босавод, хушахлоқ, соҳибкасб ва дар ҷомеа соҳиби ҷойгоҳи арзанда бошад. Барои расидан ба ин ҳадаф, оила ва муассисаи таълимӣ ҳамчун ду ниҳоди асосии тарбия бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Аммо дар шароити кунунӣ баъзан мушоҳида мешавад, ки бархе аз волидон дар ҳама ҳолат ҷониби фарзанди худро гирифта, бидуни омӯзиши воқеияти масъала ба омӯзгор ё муассисаи таълимӣ эрод мегиранд. Чунин муносибат, ки онро метавон «пуштибонии беандеша аз фарзанд» номид, тадриҷан ба як мушкили ҷиддии тарбиявӣ табдил ёфта истодааст.   Бешубҳа, дӯст доштани фарзанд амали табиӣ ва муқаддас аст, вале муҳаббат набояд чашми инсонро аз ҳақиқат пӯшонад. Вақте ки волидон ҳар амали фарзандро дуруст мешуморанд ва барои хатоҳои ӯ баҳона меҷӯянд, дар асл, ба ташаккули шахсияти ӯ халал мерасонанд, зеро кӯдак аз хурдӣ бояд дарк кунад, ки ҳар амал ҷавобгарӣ дорад ва инсон бояд барои хатои худ масъул бошад.   Имрӯз омӯзгорон на танҳо вазифаи таълим додан, балки масъулияти бузурги тарбияро низ бар дӯш доранд. Онҳо ҳар рӯз бо даҳҳо хонанда кор карда, кӯшиш менамоянд, дар дили онҳо меҳри дониш, эҳтиром ба қонун, одоби муошират ва масъулиятшиносиро ҷой диҳанд. Вақте ки омӯзгор ба хонанда барои иҷро накардани вазифа, вайрон кардани интизом ё муносибати нодуруст эрод мегирад, мақсади ӯ таҳқири кӯдак нест. Баръакс, ӯ мехоҳад хонандаро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кунад.   Мутаассифона, баъзе волидон танҳо ба гуфтаҳои фарзанд такя намуда, сухани омӯзгорро нодида мегиранд. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки ҳатто пеш аз шунидани мавқеи омӯзгор ӯро гунаҳкор эълон мекунанд. Дар чунин вазъият кӯдак эҳсос мекунад, ки новобаста аз рафтораш, ҳамеша пуштибонӣ мешавад. Ин эҳсос тадриҷан дар ӯ боварии бардурӯғро ба вуҷуд меорад, ки метавонад ҳар кореро анҷом диҳад ва барои он ҷавобгар набошад.   Педагогҳо ва равоншиносон бар он назаранд, ки яке аз шартҳои муҳимми ташаккули шахсияти солим, қобилияти эътирофи хато мебошад. Кӯдаке, ки ҳамеша сафед карда мешавад, аз қабули танқид ва ислоҳи камбудиҳои худ дур мемонад. Ӯ меомӯзад, ки сабаби нокомӣ ва хатоҳоро дар дигарон ҷустуҷӯ кунад. Дар натиҷа чунин шахс дар зиндагии минбаъда низ дар муносибат бо ҷомеа, ҳамкорон ва ҳатто аъзои оила ба мушкилот рӯ ба рӯ мешавад.   Масъалаи дигар, коста гардидани нуфузи омӯзгор дар наз­ди хонандагон аст. Агар кӯдак бубинад, ки падару модараш ҳар дафъа омӯзгорро ноҳақ меҳисобанд, эҳтироми ӯ нисбат ба омӯзгор кам мешавад. Ин ҳолат на танҳо ба раванди таълим, балки ба муҳити умумии мактаб низ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҷомеаи мо омӯзгор ҳамеша мақоми баланд дошту дорад. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо гуфтаанд: «Ҳаққи устод аз падар беш аст...», зеро падар сабаби ҳаёт бошад, устод сабаби камол аст.   Дар солҳои охир рушди технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба ин раванд таъсир расонидааст. Баъзан волидон бе таҳқиқи масъала танҳо аз рӯйи навор ё сухани фарзанд хулоса мебароранд. Ҳол он ки ҳар масъала ду ҷониб дорад ва барои баҳои одилона додан бояд андешаи ҳамаи иштирокчиёни воқеаро шунид. Адолат тақозо мекунад, ки ҳам сухани фарзанд ва ҳам мавқеи омӯзгор ба назар гирифта шавад.   Албатта, ин маънои онро надорад, ки омӯзгорон аз хато орӣ ҳастанд. Омӯзгор низ инсон аст ва метавонад иштибоҳ кунад, аммо роҳи ҳалли масъала баҳсу муноқиша ё айбҷӯии якдигар нест. Роҳи дуруст муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ мебошад. Вақте ки волидон ва омӯзгорон барои манфиати кӯдак дар як ҷода қадам мегузоранд, натиҷаи тарбия самаранок мегардад.   Иқбол ҲОМИДОВ, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №6-и ноҳияи Зафаробод

    33

    25.07.2026
  •  img
    Маориф ва илм – омили баланд гардидани сатҳи иҷтимоии ҷомеа Дар шароити ҷаҳони муосир масъалаи рушди инсон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ва таъмини пешрафти иҷтимоии шаҳрвандон ба яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа табдил ёфтааст. Давлатҳое, ки ба рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, таҳкими дониш ва ташаккули шахсияти фаъол таваҷҷуҳи бештар медиҳанд, имконияти васеи рушди устувор пайдо мекунанд.   Ҷомеаи муосир дар шароити тағйироти босуръати илмӣ, технологӣ ва иқтисодӣ қарор дорад. Рушди технологияҳои рақамӣ, тағйирёбии бозори меҳнат, пайдоиши касбҳои нав ва талаботи рӯзафзун ба мутахассисони баландихтисос инсонро водор месозад, ки пайваста дониш ва малакаи худро такмил диҳад.   Таваҷҷуҳ ба соҳаҳои маориф, илм, омодасозии кадрҳои баландихтисос, рушди ҷавонон ва татбиқи технологияҳои муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки инсон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дорад.   Шахсе, ки мехоҳад дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо намояд, бояд пайваста омӯзад, ҷаҳонбинии худро васеъ созад ва ба талаботи нави замон мутобиқ гардад.   Рушди илму маориф дар муҳити ором ва устувори ҷомеа имконпазир мебошад. Таърих нишон медиҳад, ки бесуботӣ ва низоъҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, ба имкониятҳои рушди инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Дар чунин шароит шахс наметавонад тамоми неруи худро барои омӯзиш, меҳнат ва эҷодкорӣ равона созад.   Ваҳдати миллӣ на танҳо омили суботи сиёсӣ, балки заминаи муҳимми рушди инсон низ мебошад. Ҷомеае, ки дар он ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ҳукмфармост, метавонад имкониятҳои бештарро барои пешрафти шаҳрвандон фароҳам оварад.   Яке аз хусусиятҳои муҳимми ҷомеаи муосир фароҳам овардани имконияти интихоби озод мебошад. Инсон бояд тавонад роҳи таҳсил, касб, фаъолияти меҳнатӣ ва самти рушди шахсии худро мустақилона муайян намояд.   Дар шароити имрӯза омӯзиши доимӣ ва такмили ихтисос ба зарурати зиндагӣ табдил ёфтааст. Ҷомеаи муосир ба шахсоне ниёз дорад, ки қобилияти таҳлил, эҷодкорӣ, истифодаи технологияҳои нав ва омодагӣ ба омӯзиши пайвастаро доранд.   Дониш, малака, таҷриба ва қобилияти эҷодӣ сармояи асосии инсон мебошанд. Шахсе, ки барои рушди худ талош мекунад, китоб мехонад, илм меомӯзад, таҷриба андӯхта, малакаю маҳорати касбии худро такмил медиҳад, имконияти бештар барои расидан ба мақоми арзанда пайдо менамояд.   Дар ҷаҳони муосир танҳо соҳиби маълумот будан кофӣ нест, муҳим он аст, ки инсон тавонад донишҳои худро дар амал татбиқ кунад.   Дар ҳамаи ҷомеаҳои пешрафта таҳсилот ҳамчун яке аз воситаҳои асосии тағйирёбии мақоми иҷтимоии инсон эътироф шудааст.   Сармоягузорӣ ба маориф дар асл сармоягузорӣ ба ояндаи давлат мебошад. Чунонки Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Ояндаи давлат ва миллат аз насли соҳибмаърифат ва донишманд вобаста аст». Аз ин рӯ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва пайванди илм бо истеҳсолот яке аз роҳҳои муҳимми пешрафти кишвар мебошад.   Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми рушди ҷомеаи муосир такя ба дониш, меҳнат, қобилият ва ташаббус роҳҳои рушди мушаххас кардан аст.   Дар шароити имрӯза муҳимтарин омил савод, дониш, маориф, меҳнат, малакаи касбӣ, ташаббускорӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳити устувори иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.   Ҷомеае, ки барои ҳар як шаҳрванди худ роҳи пешрафтро боз мекунад, ҷомеаи қавӣ, рақобатпазир ва ояндадор хоҳад буд, зеро пешрафти давлат аз пешрафти инсон оғоз меёбад.   Маҳмадулло НАИМОВ, Аслиддин НАСУРДИНЗОДА, устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    49

    24.07.2026
  •  img
    Ифротгароӣ – хатар ба ҷомеаи башарӣ Ифрот аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш, аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ ва сахтгирӣ дар андеша ё рафтор мебошад. Дар умум, маънои ифрот – шиддат, хушунат ва тундгароӣ буда, ҳамчун ҳисси ботинӣ дар инсон зуҳур карда, бо хушунат ва нафрати зиёд зоҳир мегардад.   Нафароне, ки аз донишҳои диниву дунявӣ огоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ ба ифрот дода намешаванд. Тавре ки устод Рӯдакӣ мефармояд: Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.   Яъне, сабабҳои пайдоиши ифротгароӣ нодонию бемаърифатист. Вақте ки инсон дониш ва фаҳмиши дуруст надорад, ба осонӣ ба андешаҳои ифротӣ гирифтор мешавад. Бояд қайд намуд, ки хатарноктарин инсонҳо онҳоеанд, ки сатҳи донишу ҷаҳонбиниашон хуб нест ва таассуб (ё эътиқодот)-и диниашон зиёд аст.   Дар ин замина, таъсири муҳити бад ва таблиғоти носолим аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳ метавонад ҷавононро ба роҳҳои нодуруст ҷалб намояд. Яке аз роҳҳои осоне, ки таблиғгарон ҷавононро ба ифрот ҷалб мекунанд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, бо истифода аз ваъдаҳои бузург бофта, бо суханони «ту интихобшуда ҳастӣ», «ту метавонӣ», «дигарон аз нофаҳмиву нодониашон бо мо нес­танд», «ту нав ҳама чиро фаҳмидӣ ва огоҳ шудӣ» ва амсоли инҳо сурат мегирад, ки ба эҳсосоти ҷавонон бе таъсир намемонад. Дар натиҷа, эҳсос ба ақлу маърифат ғолиб меояду ҷавонон ба ин роҳ медароянд.   Роҳҳое, ки афроди манфиатхоҳ барои ҷалби ҷавонон ва гумроҳ кардани онҳо истифода мебаранд, пеш аз ҳама, маҳв кардани хислатҳои ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мебошад, ки оқибат ба беэътиноӣ нисбат ба миллату меҳан ва арзишҳои милливу фарҳангӣ оварда мерасонад.   Яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин падида таълиму тарбияи дуруст мебошад. Муассисаҳои таълимӣ бояд на танҳо дониш, балки тафаккури интиқодӣ, қобилияти таҳлил ва фарҳанги баҳсро омӯзонанд. Ҷавоне, ки илму дониш меомӯзад, қодир аст, ки савол диҳад, муқоиса ва таҳлил кунад ва хулосаи мустақил барорад, ба доми таблиғоти нодурусти душманон намеафтад ва фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи онҳо намешавад. Дар баробари ин, нақши оила, низ дар пешгирии ин амали номатлуб бисёр муҳим аст. Муҳити солими оилавӣ, гуфтугӯ ва баёни озоди фикру ақидаҳо байни аъзои оила новобаста ба синну сол, метавонад фарзандро аз қадам гузоштан ба ин роҳи бад эмин нигоҳ дорад.   Абдумуталиб ҒАЙБУЛЛОЕВ, директори МТМУ №36-и ноҳияи Айнӣ

    35

    24.07.2026