24.07.2026
Ифрот аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш, аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ ва сахтгирӣ дар андеша ё рафтор мебошад. Дар умум, маънои ифрот – шиддат, хушунат ва тундгароӣ буда, ҳамчун ҳисси ботинӣ дар инсон зуҳур карда, бо хушунат ва нафрати зиёд зоҳир мегардад.
Нафароне, ки аз донишҳои диниву дунявӣ огоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ ба ифрот дода намешаванд. Тавре ки устод Рӯдакӣ мефармояд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Яъне, сабабҳои пайдоиши ифротгароӣ нодонию бемаърифатист. Вақте ки инсон дониш ва фаҳмиши дуруст надорад, ба осонӣ ба андешаҳои ифротӣ гирифтор мешавад. Бояд қайд намуд, ки хатарноктарин инсонҳо онҳоеанд, ки сатҳи донишу ҷаҳонбиниашон хуб нест ва таассуб (ё эътиқодот)-и диниашон зиёд аст.
Дар ин замина, таъсири муҳити бад ва таблиғоти носолим аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳ метавонад ҷавононро ба роҳҳои нодуруст ҷалб намояд. Яке аз роҳҳои осоне, ки таблиғгарон ҷавононро ба ифрот ҷалб мекунанд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, бо истифода аз ваъдаҳои бузург бофта, бо суханони «ту интихобшуда ҳастӣ», «ту метавонӣ», «дигарон аз нофаҳмиву нодониашон бо мо нестанд», «ту нав ҳама чиро фаҳмидӣ ва огоҳ шудӣ» ва амсоли инҳо сурат мегирад, ки ба эҳсосоти ҷавонон бе таъсир намемонад. Дар натиҷа, эҳсос ба ақлу маърифат ғолиб меояду ҷавонон ба ин роҳ медароянд.
Роҳҳое, ки афроди манфиатхоҳ барои ҷалби ҷавонон ва гумроҳ кардани онҳо истифода мебаранд, пеш аз ҳама, маҳв кардани хислатҳои ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мебошад, ки оқибат ба беэътиноӣ нисбат ба миллату меҳан ва арзишҳои милливу фарҳангӣ оварда мерасонад.
Яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин падида таълиму тарбияи дуруст мебошад. Муассисаҳои таълимӣ бояд на танҳо дониш, балки тафаккури интиқодӣ, қобилияти таҳлил ва фарҳанги баҳсро омӯзонанд. Ҷавоне, ки илму дониш меомӯзад, қодир аст, ки савол диҳад, муқоиса ва таҳлил кунад ва хулосаи мустақил барорад, ба доми таблиғоти нодурусти душманон намеафтад ва фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи онҳо намешавад. Дар баробари ин, нақши оила, низ дар пешгирии ин амали номатлуб бисёр муҳим аст. Муҳити солими оилавӣ, гуфтугӯ ва баёни озоди фикру ақидаҳо байни аъзои оила новобаста ба синну сол, метавонад фарзандро аз қадам гузоштан ба ин роҳи бад эмин нигоҳ дорад.
Абдумуталиб ҒАЙБУЛЛОЕВ,
директори МТМУ №36-и ноҳияи Айнӣ