23.07.2026
Пазируфта шудани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» эълон шудани солҳои 2027-2036, ки ташаббускори ин иқдоми наҷиб Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бамаротиб боло бурд ва боиси сарфарозиву шодмонии сокинони кишвар гардид.
Пойдории суботу оромӣ, сулҳ ва аҳаммияти он дар пешрафти ҷомеа барои Пешвои муаззами миллат мафҳумҳои ошно ва аз масоиле буданд, ки ҳанӯз пеш аз интихоб шуданашон ба ҳайси Сарвари давлат ҳамчун вакили мардум аз минбари Шурои Олӣ матраҳ менамуданд. Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ки дар мамлакат акнун ноамниҳо шуруъ гардида буданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон хиради азалӣ ва заковати баланде, ки доштанд, бо истифода аз минбари мақоми олии қонунгузории мамлакат ҷангу ноамниро накуҳиш ва дасисабозону оташафрӯзони ҷангро маҳкум мекарданд ва ҳушдор медоданд, ки пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад. Бо интихоб шуданашон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 барои он кас масъалаи таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, барқарории ваҳдату ҳамдилӣ дар меҳвари фаъолияти давлатдориашон қарор гирифт.
Барои поён додан ба ҷангу мухолифатҳои дохилӣ Ҳукумати мамлакат бо сарварии фарзанди сарсупурдаи миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати зиёд ба харҷ доданд. Ин ки имрӯз мамлакати мо ором асту ваҳдати саросарӣ пойдор, натиҷаи ҳамон диловарию азхудгузаштанҳои Пешвои муаззами миллат аст. Дар роҳи расидан ба сулҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳеҷ мушкилот наҳаросиданд, пайгирона, шаборӯзӣ дар андешаи сулҳ буданду муштоқона ва беқарор роҳи расидан ба ваҳдати миллиро меҷустанд. Моҳи декабри соли 1996 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати бемисл халабонҳои чархболро амри рафтан ба Хусдеҳи Афғонистон, ҷое, ки пур аз мухолифини мусаллаҳ буд, доданд. Мулоқоти Хусдеҳ нуктаи олии музокироти сулҳи тоҷикон, гардиши куллӣ ва нишасти ҳалкунанда дар роҳи расидан ба оштии миллӣ гардид. Ниятҳои неки сулҳофаринӣ, ваҳдатхоҳӣ, кордонӣ ва миллатдӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якдигарфаҳмӣ миёни ду ҷониб асоси расидан ба тафоҳуми миллӣ дар Тоҷикистон гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суҳбату мулоқотҳо ва суханрониҳояшон, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамеша дар меҳвари гуфтугӯҳояшон пойдории сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа будааст. Мавсуф чандин маротиба аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид дар робита ба масъалаи вазъияти Афғонистон суханронӣ доштанд ва аз кишварҳои ҷаҳон хостанд, ки ба он чи дар Афғонистон мегузарад, бепарво набошанд.
Сарвари давлат дар ҷаласаи ғайринавбатии кишварҳои арабӣ ва Созмони ҳамкории Исломӣ 15 сентябри соли 2025 дар ҷамъи раҳбарони 57 кишвари мусалмонии дунё ҳамлаи низомиро ба Қатар, таҷовузи Исроил ба Ғазза ва куштори мардуми бегуноҳро маҳкум ва таъкид намуданд, ки «идомаи амалкардҳои хушунатомез танҳо боиси ташаннуҷ ва пайдоиши ихтилофоти нав мегардад ва дар чунин шароит таҳкими ҳамбастагии уммати мусалмон аҳаммияти фавқулодда дорад».
Замоне ки ИМА ва Исроил бар зидди Эрон амалиёти низомиро оғоз намуда, роҳбари ин мамлакат ва чандин мансабдорони баландпояи Эронро аз байн бурданд, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаҳои низомӣ ба як кишвари соҳибихтиёрро нақзи қонунҳои байналмилалӣ дониста, онро маҳкум карданд ва бо нишони ҳамдилӣ бо мардуми бо мо дӯсту ҳамзабон ва дорои муштаракоти таърихию фарҳангӣ корвони сулҳу дӯстиро иборат аз 110 адад мошин ҳомили маводи ғизоӣ ва ашёи рӯзгор ба Эрон фиристоданд.
Сулҳ таъмини адолату баробарӣ, тинҷӣ, оромӣ, ободӣ, пешрафт ва шукуфоӣ, бародариву ваҳдату дӯстӣ аст. Аз ин рӯ, эълон шудани солҳои 2027-2036 «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ташаббуси бисёр арзишманд аст.
Қабули қатъномаи мазкур имкон медиҳад, бигӯем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат Пешвои миллат, балки Пешвои сулҳи ҷаҳон аст.
Давлатмарде, ки бештар аз 30 сол ба ҷаҳон паёми сулҳу ваҳдат мерасонанд, як кишвари ноамну ҷангзадаро ба мамлакати дар минтақа намунавӣ табдил доданд, 10 соли дарпешистода (солҳои 2027-2036) «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» эълон гардидаву ҳарфашон ҳамеша аз сулҳу созандагӣ ва ваҳдату пешрафт будааст, арзандаанд, ки сазовори Ҷоизаи ҷаҳонии сулҳи Нобел гарданд.
Толибшо САИДОВ,
мутахассиси раёсати таҳсилоти томактабии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон