23.07.2026

 img

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» вохӯрии кормандони вазорат бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, кормандони вазорат ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия У. Юсуфзода иштирок намуданд.

 

Дар оғози вохӯрӣ муовини вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти татбиқи ҳадафу вазифаҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, таъмини шаффофият ва таҳкими интизоми иҷроию молиявӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф ибрози назар намуд.

 

Таъкид гардид, ки пешгирии омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани масъулияти шахсони мансабдор, истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо аз вазифаҳои муҳимми роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад.

 

Зимни вохӯрӣ намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сабабу шароитҳои ба содир гардидани ҷиноят мусоидаткунанда, роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва зарурати пурзӯр намудани назорати дохилиидоравӣ маълумот пешниҳод намуд.

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, риояи тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ДАР МЕҲВАРИ ВОХӮРӢ img
  • БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ДАР МЕҲВАРИ ВОХӮРӢ img
  • БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ДАР МЕҲВАРИ ВОХӮРӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифротгароӣ – хатар ба ҷомеаи башарӣ Ифрот аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш, аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ ва сахтгирӣ дар андеша ё рафтор мебошад. Дар умум, маънои ифрот – шиддат, хушунат ва тундгароӣ буда, ҳамчун ҳисси ботинӣ дар инсон зуҳур карда, бо хушунат ва нафрати зиёд зоҳир мегардад.   Нафароне, ки аз донишҳои диниву дунявӣ огоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ ба ифрот дода намешаванд. Тавре ки устод Рӯдакӣ мефармояд: Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.   Яъне, сабабҳои пайдоиши ифротгароӣ нодонию бемаърифатист. Вақте ки инсон дониш ва фаҳмиши дуруст надорад, ба осонӣ ба андешаҳои ифротӣ гирифтор мешавад. Бояд қайд намуд, ки хатарноктарин инсонҳо онҳоеанд, ки сатҳи донишу ҷаҳонбиниашон хуб нест ва таассуб (ё эътиқодот)-и диниашон зиёд аст.   Дар ин замина, таъсири муҳити бад ва таблиғоти носолим аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳ метавонад ҷавононро ба роҳҳои нодуруст ҷалб намояд. Яке аз роҳҳои осоне, ки таблиғгарон ҷавононро ба ифрот ҷалб мекунанд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, бо истифода аз ваъдаҳои бузург бофта, бо суханони «ту интихобшуда ҳастӣ», «ту метавонӣ», «дигарон аз нофаҳмиву нодониашон бо мо нес­танд», «ту нав ҳама чиро фаҳмидӣ ва огоҳ шудӣ» ва амсоли инҳо сурат мегирад, ки ба эҳсосоти ҷавонон бе таъсир намемонад. Дар натиҷа, эҳсос ба ақлу маърифат ғолиб меояду ҷавонон ба ин роҳ медароянд.   Роҳҳое, ки афроди манфиатхоҳ барои ҷалби ҷавонон ва гумроҳ кардани онҳо истифода мебаранд, пеш аз ҳама, маҳв кардани хислатҳои ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мебошад, ки оқибат ба беэътиноӣ нисбат ба миллату меҳан ва арзишҳои милливу фарҳангӣ оварда мерасонад.   Яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин падида таълиму тарбияи дуруст мебошад. Муассисаҳои таълимӣ бояд на танҳо дониш, балки тафаккури интиқодӣ, қобилияти таҳлил ва фарҳанги баҳсро омӯзонанд. Ҷавоне, ки илму дониш меомӯзад, қодир аст, ки савол диҳад, муқоиса ва таҳлил кунад ва хулосаи мустақил барорад, ба доми таблиғоти нодурусти душманон намеафтад ва фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи онҳо намешавад. Дар баробари ин, нақши оила, низ дар пешгирии ин амали номатлуб бисёр муҳим аст. Муҳити солими оилавӣ, гуфтугӯ ва баёни озоди фикру ақидаҳо байни аъзои оила новобаста ба синну сол, метавонад фарзандро аз қадам гузоштан ба ин роҳи бад эмин нигоҳ дорад.   Абдумуталиб ҒАЙБУЛЛОЕВ, директори МТМУ №36-и ноҳияи Айнӣ

    6

    24.07.2026
  •  img
    МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО КАДРҲОИ ОМӮЗГОРӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД Муқаддима Омӯзгорӣ яке аз касбҳои пуршараф, пурмасъулият ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Ин пеша аз инсон фидокорӣ, садоқат, сабру таҳаммул ва заҳмати пайвастаро талаб мекунад, зеро пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа ва рушди давлат ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли наврас вобастагии зич дорад. Аз ҳамин сабаб, дар ҷомеаи мо ба мақому манзалати омӯзгор эҳтироми хосса зоҳир гардида, ба омода намудани мутахассисони соҳибкасбу баландихтисоси соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.   Эҳтиёҷот ба омӯзгорон ва бартараф намудани мушкилот Мусаллам аст, ки сол аз сол шумораи муассисаҳои таълимӣ ва теъдоди хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш меёбад. Ин раванд зарурати бештар омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси омӯзгориро ба миён меорад. Омӯзгорони ҷавон ҳамчун неруи асосии рушди соҳаи маориф бояд бо донишҳои муосир, маҳорати баланди касбӣ ва ҷаҳонбинии васеъ «мусаллаҳ» гарданд. Ҳамасола омилҳои гуногун боиси пайдо шудани ниёз ба кадрҳои омӯзгорӣ мегарданд. Аз ҷумла, ба синни нафақа расидани омӯзгорон, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак, фавт, сафар ба хориҷи кишвар, иваз намудани ҷойи кор ва дигар омилҳои объективию субъективӣ аз ҷумлаи сабабҳое мебошанд, ки эҳтиёҷотро ба омӯзгорон ба миён меорад.   Бо мақсади бартараф намудани эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ солҳои охир як қатор тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд. Имрӯз дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ихтисосҳои омӯзгорӣ мавҷуд буда, ҳамасола ҳазорҳо мутахассиси ҷавон омода ва ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар мегарданд. Ба ин маънӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотии вазорат таъкид намуд, ки соли гузашта муассисаҳои таълимӣ ба 3800 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доштанд, ки пурра бартараф гардиданд. Илова бар ин, 5 ҳазор омӯзгори дигар барои фаъолият ба муассисаҳои таълимии кишвар ҷалб карда шуданд. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ зиёда аз 136 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи довталабон ба ихтисосҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сол аз сол бештар гардида, нақшаи қабули донишҷӯён аз рӯйи ин равияҳо низ афзоиш меёбад. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм барои омода намудани мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос тадбирҳои судманд меандешанд.   Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибихтисоси омӯзгорӣ яке аз вазифаҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Иҷрои муваффақонаи ин вазифа ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия, рушди қобилияти хонандагон ва болоравии сатҳи донишандӯзии онҳо мусоидат менамояд. Ҳамасола раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба эҳтиёҷот ба Вазорати маориф ва илм дархост пешниҳод менамоянд. Дар асоси ин дархостҳо мутахассисони ҷавон тибқи роҳхат ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар карда мешаванд.   Бо мақсади дастгирии омӯзгорони ҷавон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» қабул гардидааст. Дар доираи амалисозии ин қарор омӯзгорони ҷавон бо як қатор имтиёзҳои иҷтимоӣ таъмин мегарданд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 18 нафар, дар вилояти Хатлон 117 нафар, дар вилояти Суғд 21 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26 нафар омӯзгори ҷавон аз чунин имтиёзҳо баҳравар шудаанд. Ҳамчунин, дар асоси ин қарор аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба 29 нафар омӯзгори ҷавон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.   Имтиёзот ва мақоми баланди омӯзгор дар Тоҷикистон Масъалаи норасоии кадр­ҳои омӯзгорӣ имрӯз ба яке аз мушкилоти ҷиддии низоми маорифи ҷаҳон табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), агар тадбирҳои муассир андешида нашаванд, то соли 2030 норасоии омӯзгорон дар ҷаҳон ба 44 миллион нафар мерасад. Ҳамзамон, дар бисёр кишварҳо ҳиссаи омӯзгорони аз 50-сола боло афзоиш ёфта, тамоюли тарки касби омӯзгорӣ низ бештар мушоҳида мешавад. Ин вазъ давлатҳои гуногунро водор намудааст, ки тавассути ислоҳоти соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити меҳнат ва ҷорӣ намудани барномаҳои ҳавасмандгардонӣ мушкилоти мазкурро бартараф намоянд.   Шоистаи таъкид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ва мақоми омӯзгор ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо далели равшани ин сиёсат мебошад:   Якум, баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон. Беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати омӯзгорон беш аз 20 маротиба зиёд гардидааст. Ба ин мазмун, аз моҳи сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф боз ба андозаи 20-25 фоиз зиёд карда мешавад, ки ин тадбир барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва ҳавасмандии омӯзгорон аҳаммияти калон дорад.   Дуюм, фароҳам овардани имтиёзҳои иҷтимоӣ барои омӯзгорон. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба касби омӯзгорӣ ва дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» барои омӯзгорон имтиёзҳои гуногунро пешбинӣ менамоянд.   Сеюм, қадрдонӣ бо ҷоизаҳо ва мукофотҳои давлатӣ. Бо мақсади баланд бардоштани обрӯю нуфузи касбӣ ва ҳавасманд намудани омӯзгорони соҳибтаҷрибаю навовар, ҳамасола омӯзгорони фаъол бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд, аз ҷумла, бо медали «Хизмати шоиста» ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон». Дар баробари ин, омӯзгорони лаёқатманд барои дастовардҳои назаррас бо «Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф» ва «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» сарфароз мешаванд. Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол омӯзгорони фаъол, соҳибтаҷриба ва навоварро бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ менамояд.   Чорум, мулоқотҳои мунтазам бо омӯзгорон. Яке аз омилҳои муҳимми баланд гардидани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, таваҷҷуҳи рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли маориф мебошад. Пешвои миллат мунтазам бо омӯзгорону кормандони соҳаи маориф мулоқот намуда, нақши онҳоро дар тарбияи насли ояндасоз, соҳибмаърифату ватандӯст, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди давлатдорӣ муҳим арз­ёбӣ мекунанд.   Хулоса Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ имрӯз ба яке аз мушкилоти муҳимми низоми маорифи ҷаҳон табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҳамасола талабот ба омӯзгорони соҳибихтисос афзоиш ёфта, кишварҳои гуногун барои ҷалб, нигоҳдорӣ ва ҳавасманд намудани омӯзгорон тадбирҳои муассири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва касбиро амалӣ менамоянд.   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибихтисос тадбирҳои судманд амалӣ менамоянд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз ҷумлаи муҳимтарин иқдомҳои давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқ, таҳкими мақоми иҷтимоӣ ва дахлнопазирии шаъну шарафи омӯзгор мебошад.   Татбиқи чунин сиёсати давлатӣ боис гардидааст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба интихоби касби омӯзгорӣ бештар шавад. Ҳамасола ҳазорон нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм намуда, дар асоси роҳхат ва шартномаҳои дахлдор ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар мегарданд. Дар баробари ин, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо технологияҳои муосир ва беҳтар шудани шароити таълиму тарбия имконият фароҳам овардааст, ки омӯзгорону хонандагон дар муҳити мусоиди таълимӣ фаъолияту таҳсил намоянд.   Дар баробари тадбирҳои давлату ҳукумат, ҷомеа, падару модарон, воситаҳои ахбори омма ва тамоми қишрҳои ҷомеа низ бояд дар баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи омӯзгор саҳми созгор гузоранд. Дарвоқеъ, эҳтиром гузоштан ва таъмини имтиёзот ба омӯзгор такмилбахши илму маърифат ва сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад.   Насриддин ОХУНЗОДА, «Омӯзгор»

    15

    23.07.2026
  •  img
    ПЕШВОИ СУЛҲИ ҶАҲОН Пазируфта шудани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» эълон шудани солҳои 2027-2036, ки ташаббускори ин иқдоми наҷиб Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бамаротиб боло бурд ва боиси сарфарозиву шодмонии сокинони кишвар гардид.   Пойдории суботу оромӣ, сулҳ ва аҳаммияти он дар пешрафти ҷомеа барои Пешвои муаззами миллат мафҳумҳои ошно ва аз масоиле буданд, ки ҳанӯз пеш аз интихоб шуданашон ба ҳайси Сарвари давлат ҳамчун вакили мардум аз минбари Шурои Олӣ матраҳ менамуданд. Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ки дар мамлакат акнун ноамниҳо шуруъ гардида буданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон хиради азалӣ ва заковати баланде, ки доштанд, бо истифода аз минбари мақоми олии қонунгузории мамлакат ҷангу ноамниро накуҳиш ва дасисабозону оташафрӯзони ҷангро маҳкум мекарданд ва ҳушдор медоданд, ки пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад. Бо интихоб шуданашон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 барои он кас масъалаи таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, барқарории ваҳдату ҳамдилӣ дар меҳвари фаъолияти давлатдориашон қарор гирифт.   Барои поён додан ба ҷангу мухолифатҳои дохилӣ Ҳукумати мамлакат бо сарварии фарзанди сарсупурдаи миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати зиёд ба харҷ доданд. Ин ки имрӯз мамлакати мо ором асту ваҳдати саросарӣ пойдор, натиҷаи ҳамон диловарию азхудгузаштанҳои Пешвои муаззами миллат аст. Дар роҳи расидан ба сулҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳеҷ мушкилот наҳаросиданд, пайгирона, шаборӯзӣ дар андешаи сулҳ буданду муштоқона ва беқарор роҳи расидан ба ваҳдати миллиро меҷустанд. Моҳи декабри соли 1996 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати бемисл халабонҳои чархболро амри рафтан ба Хусдеҳи Афғонистон, ҷое, ки пур аз мухолифини мусаллаҳ буд, доданд. Мулоқоти Хусдеҳ нуктаи олии музокироти сулҳи тоҷикон, гардиши куллӣ ва нишасти ҳалкунанда дар роҳи расидан ба оштии миллӣ гардид. Ниятҳои неки сулҳофаринӣ, ваҳдатхоҳӣ, кордонӣ ва миллатдӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якдигарфаҳмӣ миёни ду ҷониб асоси расидан ба тафоҳуми миллӣ дар Тоҷикистон гардид.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суҳбату мулоқотҳо ва суханрониҳояшон, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамеша дар меҳвари гуфтугӯҳояшон пойдории сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа будааст. Мавсуф чандин маротиба аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид дар робита ба масъалаи вазъияти Афғонистон суханронӣ дош­танд ва аз кишварҳои ҷаҳон хостанд, ки ба он чи дар Афғонистон мегузарад, бепарво набошанд.   Сарвари давлат дар ҷаласаи ғайринавбатии кишварҳои арабӣ ва Созмони ҳамкории Исломӣ 15 сентябри соли 2025 дар ҷамъи раҳбарони 57 кишвари мусалмонии дунё ҳамлаи низомиро ба Қатар, таҷовузи Исроил ба Ғазза ва куштори мардуми бегуноҳро маҳкум ва таъкид намуданд, ки «идомаи амалкардҳои хушунатомез танҳо боиси ташаннуҷ ва пайдоиши ихтилофоти нав мегардад ва дар чунин шароит таҳкими ҳамбастагии уммати мусалмон аҳаммияти фавқулодда дорад».   Замоне ки ИМА ва Исроил бар зидди Эрон амалиёти низомиро оғоз намуда, роҳбари ин мамлакат ва чандин мансабдорони баландпояи Эронро аз байн бурданд, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаҳои низомӣ ба як кишвари соҳибихтиёрро нақзи қонунҳои байналмилалӣ дониста, онро маҳкум карданд ва бо нишони ҳамдилӣ бо мардуми бо мо дӯсту ҳамзабон ва дорои муштаракоти таърихию фарҳангӣ корвони сулҳу дӯстиро иборат аз 110 адад мошин ҳомили маводи ғизоӣ ва ашёи рӯзгор ба Эрон фиристоданд.   Сулҳ таъмини адолату баробарӣ, тинҷӣ, оромӣ, ободӣ, пешрафт ва шукуфоӣ, бародариву ваҳдату дӯстӣ аст. Аз ин рӯ, эълон шудани солҳои 2027-2036 «Даҳсолаи байналми­лалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ташаббуси бисёр арзишманд аст.   Қабули қатъномаи мазкур имкон медиҳад, бигӯем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат Пешвои миллат, балки Пешвои сулҳи ҷаҳон аст.   Давлатмарде, ки бештар аз 30 сол ба ҷаҳон паёми сулҳу ваҳдат мерасонанд, як кишвари ноамну ҷангзадаро ба мамлакати дар минтақа намунавӣ табдил доданд, 10 соли дарпешистода (солҳои 2027-2036) «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» эълон гардидаву ҳарфашон ҳамеша аз сулҳу созандагӣ ва ваҳдату пешрафт будааст, арзандаанд, ки сазовори Ҷоизаи ҷаҳонии сулҳи Нобел гарданд.   Толибшо САИДОВ, мутахассиси раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    13

    23.07.2026