02.11.2026

 img

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ба истифода додани бинои муассисаи таълимии хусусии Идрок дар ноҳияи Шаҳристон, ҳамчунин, барои бунёди корхонаҳои коркарди гӯшту шир ва истеҳсоли обҳои ташнагишикан санги асос гузоштанд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди гӯшту шир бо таъсиси 25 ҷойи корӣ ва корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан бо фароҳам овардани 15 ҷойи нави корӣ бунёд карда мешаванд.

 

Ҳадафи бунёди ин корхонаҳо рушди саноати маҳаллӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат мебошад. Инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳия муҳим дониста шуд.

 

Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин иншооти истеҳсолӣ барои таҳкими иқтидори саноатии ноҳияи Шаҳристон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ ва обҳои ташнагишикан метавонад барои қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва коҳиш додани вобастагӣ ба маҳсулоти воридотӣ мусоидат намояд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бунёди иншоотро дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.

  • Гузоштани санги асос барои бунёди 2 корхона дар ноҳияи Шаҳристон img
  • Гузоштани санги асос барои бунёди 2 корхона дар ноҳияи Шаҳристон img
  • Гузоштани санги асос барои бунёди 2 корхона дар ноҳияи Шаҳристон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии 9 иншоот дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 2 ноябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоот ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.   Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Майдони Парчами давлатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллии сокинон бунёд гардидааст. Иншоот барои баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, инчунин, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти  Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Шаҳристонро фосилавӣ оғоз бахшиданд. Бинои нав дорои 17 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, 6 ташхисгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Фаъолияти марказ ба таҳкими назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани ташхисҳои зарурӣ муҳим арзёбӣ гардид.   Ҳамчунин, бинои чойхонаи миллӣ дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Чойхонаи мазкур нахустин чунин иншоот дар деҳаи Ободӣ буда, бо риояи меъёрҳои меъмории миллӣ бунёд ёфтааст. Он барои истироҳату фароғати сокинон ва баргузории маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ мегардад.   Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти фермаи чорвопарварӣ, ки дар деҳаи Ободӣ бунёд гардидааст, расман оғоз бахшиданд. Дар ферма барои нигоҳубину парвариши чорвои зотӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Таъкид гардид, ки фаъолияти иншооти истеҳсолӣ метавонад дар рушди соҳаи чорводорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори истеъмолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас гузорад.   Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро, ки дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таълимӣ барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.   Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №62 воқеъ дар деҳаи Фатмовути ноҳияи Айнӣ тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Гуфта шуд, ки ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати фарогирии хонандагон бо таълиму тарбияи босифат муҳим мебошад.   Дар ноҳияи Айнӣ, инчунин, ду иншооти муҳимми иҷтимоӣ - муассисаи таҳсилоти томактабии Шукуфаҳои умед ва маркази фарҳангӣ дар деҳаи Шамтуч ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.   Кӯдакистони Шукуфаҳои умед бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардида, барои 60 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар муассиса барои  таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Маркази фарҳангӣ бошад, бо мақсади ташкилу баргузории чорабиниҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдоди наврасону ҷавонон бунёд шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии Нозанинро, ки дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бунёд гардидааст, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи томактабӣ барои фарогирии 120 кӯдак пешбинӣ шуда,  дар он барои  таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии кӯдакон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани иншооти гуногун дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айниро дар самти рушди инфрасохтори маҳаллӣ, густариши фаъолияти истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ намуданд.   Таъкид гардид, ки ин иқдомҳо барои ободонии маҳал, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд заминаи мусоид мегузоранд.

    48

    02.11.2026
  •  img
    Ба истифода додани бинои муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрок дар ноҳияи Шаҳристон Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анорқул Ҷӯразода сохта шуда, дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ноҳияи Шаҳристон қадами муҳим ба ҳисоб меравад.   Бинои литсей мутобиқ ба талаботи соҳаи маориф сохта шуда, дорои синфхонаҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, ду озмоишгоҳ, китобхона, синфхонаи компютерӣ, ошхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Шароити мавҷуда ба ташкили раванди самараноки таълим, аз худ намудани донишҳои назариявию амалӣ ва рушди қобилияту истеъдоди хонандагон мусоидат менамояд.   Ҳамчунин, дар муассиса барои ташкили машғулиятҳои фаннӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияи муосир шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Майдончаи варзишӣ низ барои таҳкими саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди қобилияти ҷисмонии насли наврас мусоидат мекунад.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимӣ 25 омӯзгор бо кор таъмин шуданд.   Инчунин, дар назди литсей маҷмааи варзишӣ бунёд ёфтааст, ки барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва обутоби бадан пешбинӣ шудааст.   Толори хуштарҳи маҷмаа барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар фасли сармо мусоид аст. Толори обутоби бадан қисми дигари ин маҷмаа мебошад, ки бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, шароити хубро барои ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим фароҳам меорад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани муассисаи таълимии хусусии Идрок дар ноҳияи Шаҳристонро иқдоми муҳим дар роҳи рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас арзёбӣ намуда, ба иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ таҳсин хонданд.

    55

    02.11.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Бо мақсади рушди қобилияти зеҳнӣ ва тафаккури мантиқии хонандагон, дарёфт ва дастгирии наврасони болаёқат, фароҳам овардани муҳити рақобати солими зеҳнӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даври дуюм (ноҳиявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5–11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор гардид.   Олимпиада дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» тибқи Низомномаи олимпиадаҳои фаннӣ ва дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ташкил карда шуд.   Дар рӯзи аввали олимпиада 1070 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз рӯйи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ ва забони англисӣ иштирок намуда, донишу малака ва қобилияти зеҳнии худро санҷиданд.   Дар рафти баргузории олимпиада мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва директори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» иштирок намуда, бо ҷараёни баргузории озмун ва шароити иштироки хонандагон шинос шуданд.   Таъкид гардид, ки баргузории олимпиадаҳои фаннӣ дар баробари муайян намудани сатҳи дониш ва маҳорати хонандагон, барои тақвияти шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши фанҳои таълимӣ, рушди тафаккури эҷодию мантиқӣ ва дарёфти истеъдодҳои наврас заминаи мусоид фароҳам меорад.   Зикр кардан бамаврид аст, ки дастгирӣ ва роҳнамоии хонандагони болаёқат, фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои рушди неруи зеҳнии онҳо ва омода намудани насли донишманду соҳибистеъдод аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба шумор меравад.

    4

    02.11.2026