27.09.2026

 img

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ, ҳамчунин, як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетикаро, ки дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд шуда буданд, мавриди истифода қарор доданд.

 

Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи 110/35 киловолтаи Қозидеҳро, ки дар деҳаи Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи Барқикунонии вилояти Бадахшон бунёд гардида, барои таҳкими шабакаи барқӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар ноҳияи Ишкошим пешбинӣ шудааст.

 

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неругоҳи офтобиро дар ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 3 мегаватт соат неруи барқ ифтитоҳ намуданд.

 

Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки неругоҳи офтобии деҳаи Рож дар вилоят яке аз неругоҳҳои калони истеҳсолкунандаи неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда ба шумор меравад. Барои истеҳсоли неруи барқ аз офтоб дар неругоҳи мазкур 4 ҳазору 752 панел истифода гардидааст.

 

Ҳамчунин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 112 киловатт, ки дар деҳаи Вранҷани ноҳияи Рӯшон бунёд шудааст, ба истифода доданд.

 

Неругоҳи офтобӣ бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии деҳаи Вранҷан бо неруи барқ бунёд гардидааст.  Бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти энергетикӣ дар минтақаҳои куҳистон, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии маҳал мусоидат мекунад.

 

Дар идома Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон, неругоҳи хурди обиро бо иқтидори 25 киловатт ба истифода доданд.

 

Ба истифода додани неругоҳи хурди обӣ барои сокинони деҳаи Биҷрав руйдоди муҳим буда, имконияти дастрасӣ ба неруи барқи доимиро барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори иҷтимоии деҳа фароҳам меорад.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Девлохи деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшон неругоҳи обиро бо иқтидори 15 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Зимни ифтитоҳи иншоот гуфта шуд, ки чунин иншооти энергетикӣ дар самти беҳдошти шароити зиндагии сокинон ва рушди ҳамаҷонибаи инфрасохтори деҳот заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Тохтамиши деҳоти Қизилработи ноҳияи Мурғоб ду неругоҳи таҷрибавии бодӣ бо иқтидори умумии 200 киловатт неруи барқро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.

 

Неругоҳҳои таҷрибавии бодӣ дар доираи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд бунёд гардидаанд.

 

Дар баробари неругоҳҳои бодӣ, дар ҳамин мавзеъ дар майдони беш аз як гектар панелҳои офтобӣ низ насб гардидаанд. Иқтидори умумии онҳо 1138 киловаттро ташкил дода, иқтидори захираи энергия дар батареяҳо ба 590 киловатт-соат мерасад. Ин маҷмуаи энергетикӣ имкон медиҳад, ки 145 хоҷагӣ дар тамоми фасли сол бо неруи барқ таъмин карда шавад.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти интиқоли барқи 110 Квт дар ноҳияи Рӯшонро мавриди истифода қарор доданд.

 

Хатти интиқоли барқи 110 киловолт дар масофаи 42 километр кашида шудааст. Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави интиқоли барқ дар рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи ноҳияи Рушон басо муҳим буда, ба баланд бардоштани устуворӣ ва эътимоднокии таъминоти неруи барқ мусоидат менамояд.

  • Ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетика дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон img
  • Ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетика дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон img
  • Ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетика дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон img
  • Ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетика дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон img
  • Ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетика дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон img
  • Ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетика дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ба истифода додани корхонаҳои бастубанди мева, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд. Фаъолияти иншооти нав дар асоси технологияи муосир ба коркарди меваҷоту сабзавот, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ равона карда шудааст.   Дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қоим аз сабзавоту меваҷот баъди коркард афшӯраю мураббо ва хамираи помидор истеҳсол карда мешавад. Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби соҳибкор Мурод Қоимдодзода сохта шуда, дар он 12 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин гардидаанд. Маҳсулоти корхона бо тамғаи Самари кӯҳсор ба бозор пешниҳод мегардад.   Масъулони корхонаи Самари кӯҳсор азм гирифтаанд, ки бо хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи меваю сабзавот шартномаҳои дуҷониба баста, дар тавлиди ашёи хом барои коркард саҳмгузорӣ намоянд. Минбаъд маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои коркард харидорӣ мегардад, ки беҳтарин васила барои пешгирӣ аз талафёбии самараи меҳнати деҳқонон, даромади бештари иқтисодӣ барои хоҷагиҳо ва имконият барои истеҳсоли маҳсулоти босифати табиӣ мебошад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи коркарди меваю сабзавот таваҷҷуҳи масъулини сохторҳои дахлдор ва коргарону мутахассисонро ба истифодаи имкониятҳои мавҷудаи табиати кӯҳистон, бастани шартнома бо хоҷагидорон, омӯзиши талаботи истеъмолкунанда, афзоиш додани истеҳсолоти рақобатпазири саноатӣ ва қонеъгардонии талаботи бозор ҷалб намуданд.     Оянда дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қоим бо истифодаи имкониятҳои иловагии технологияи воридшуда коркарди ангат ва истеҳсоли равғану шарбати он, инчунин бо ҷалби мутахассисони ҷавон корсервакунонии сабзавот ба роҳ монда хоҳад шуд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ ҳамчунин бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир экомебел» шинос шуданд.   Дар корхонаи истеҳсоли мебел 6 дастгоҳи муосир насб гардида, идоракунии он тавассути технологияи рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷевон ва мизу курсӣ мувофиқ ба дархости мизоҷон бо шаклу андозаҳои гуногун барои ошхона ва ҳуҷраи корию хоб истеҳсол карда мешавад.   Дар корхонаи мебел 10 нафар сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шудаанд ва вобаста ба зиёд шудани талабот ба маҳсулот, теъдоди кормандон афзун мегардад.   Таҷрибаи ғании дуредгарӣ, фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар имкон фароҳам овард, ки аз ҷониби соҳибкор Шогунбеки Акимбек бо ворид намудани технологияи муосир истеҳсоли маҳсулот тибқи таҷрибаи муосир ба роҳ монда шавад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ ҳамчунин корхонаи масолеҳи сохтмониро ба истифода доданд.   Дар корхона бо назардошти талабот дару тирезаҳои пластикӣ, профилҳои сохтмонӣ ва хишти сабук истеҳсол карда мешавад. Тавлиди маҳсулот тавассути 4 дастгоҳи муосир анҷом дода мешавад. Оянда вобаста ба талаботи бозор воридкунии 2 дастгоҳи дигар ва ба роҳ мондани истеҳсоли меху дастпӯшҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст.   Корхонаи масолеҳи сохтмонӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ аз ҷониби соҳибкор Воҳиди Искандар бунёд гардидааст.    Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне давоми 5 соли охир дар шаҳри Хоруғ 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 300 ҷойи нави корӣ бунёд гардида, теъдоди умумии корхонаҳо ба 72 расидааст.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ ифтитоҳи 7 корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Хоруғ собитгари ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар арзёбӣ карда, масъулини сохторҳои дахлдор ва соҳибкоронро барои истифодаи бештар аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, бунёду барқароркунии корхонаҳои саноатӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот вазифадор намуданд.

    19

    27.09.2026
  •  img
    Муаррифии лоиҳаҳои шабакаҳои донишкадаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуда, ба сохтмони иншооти мазкур санги асос гузоштанд.   Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳри Хоруғ идомаи тадбирҳои созанда дар самти рушди низоми маориф, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад.   Дар шароити рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва демографии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таъсиси муассисаҳои таълимии замонавӣ дар минтақаҳои кишвар барои рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими иқтидори иҷтимоию иқтисодии мамлакат аҳамияти зиёд дорад.   Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои муассисаи таълимӣ дар шаҳри Хоруғ аз 7 ошёна иборат буда, барои фарогирии 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Тибқи нақша, сохтмони он то соли 2030 ба анҷом расонида шуда, ба истифода дода мешавад.   Дар бинои мазкур барои ташкили раванди муосири таълимӣ 48 синфхона, аз ҷумла 20-то барои машғулиятҳои амалӣ, 4 синфхонаи калонҳаҷми маърузавӣ ва 4 лабораторияи компютерӣ ҷойгир карда мешаванд.   Бо мақсади ба роҳ мондани таълими амалӣ ва корҳои илмию таҳқиқотӣ 10 лабораторияи соҳавӣ ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, лабораторияҳои сайёҳат ва меҳмондорӣ, сайёҳии кӯҳӣ, иқтисоди минтақаҳои кӯҳӣ, соҳибкорӣ ва тиҷорат, иқтисоди сабз ва рушди устувор, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, инчунин рушди оқилонаи минтақаҳои кӯҳӣ пешбинӣ гардидаанд.   Ҳамзамон, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ду маркази махсуси омӯзиши забонҳо ташкил карда мешавад, ки ба баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мусоидат хоҳад кард.   Тибқи лоиҳа, дар ошёнаи чоруми бино толори асосии маърузавӣ бо 1000 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, як толори конфронсӣ барои 150–200 нафар ва толори бисёрфунксионалии варзишию фарҳангӣ сохта мешаванд.   Дар муассисаи нав ба рушди захираҳои таълимӣ ва илмӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Барои ин Китобхона ва Маркази байналмилалии захираҳои таълимӣ бо масоҳати тақрибан 500 метри мураббаъ ташкил шуда, дорои толори хониш барои 150 нафар, китобхонаи рақамӣ, утоқҳои кории гурӯҳӣ ва инфиродӣ, маркази таҳқиқотӣ ва фазои омӯзиши электронӣ хоҳад буд.   Барои фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию маишӣ барои донишҷӯён ошхона ва кафетерия бо  250 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ин қисмати бино анборҳои маҳсулоти хушк ва хунук, ҳуҷраҳои махсуси шустушӯи зарфҳо ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир карда мешаванд.   Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани имконият барои фаъолияти беруназсинфии донишҷӯён толори варзишӣ, фитнес, ҳуҷраҳои либосовезӣ ва ҳаммом низ пешбинӣ гардидаанд.   Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаи оянда ба рушди илм ва таҳқиқоти соҳавӣ вобаста хоҳад буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои табиӣ ва иқлимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассиса Маркази илмӣ-таҳқиқотии рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъсис дода шавад.   Фаъолияти марказ ба омӯзиши иқтисоди кӯҳӣ, тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва табиӣ, рушди иқтисоди сабз, сайёҳии устувор ва истифодаи технологияҳои рақамӣ равона хоҳад гардид.   Баъди шиносои бо лоиҳаи шабакаҳои донишкадаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории  Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди биноҳои нав дар шаҳрҳои Хоруғу Истаравшан ва ноҳияи Восеъ санги асос гузоштанд

    19

    27.09.2026
  •  img
    Муаррифии 6 лоиҳаи роҳ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта мешаванд 27 сентябр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуд.   Марҳилаи якуми таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон - Варшез аз Дашти Шипад то Пастхуф 82,2 километрро дар бар мегирад. Лоиҳа қисми долони байналмилалии нақлиётии Душанбе-Кулма-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад. Роҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад.   Ҳоло аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ раванди интихоби ширкатҳои машваратӣ ва паймонкор барои бунёди роҳи Шипад-Пастхуф ҷараён дорад.   Марҳилаи дуюми таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез аз деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон то деҳаи Турбати ноҳияи Шуғнонро бо дарозии 80 километр дар бар мегирад.   Татбиқи марҳилаи якум ва дуюми лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез имкон медиҳад, ки аз шаҳри Душанбе то шаҳри Хоруғ роҳҳо мумфарш шуда, бехатарии ҳамлу нақл беҳтар гардад, вақти сафар кутоҳ, хароҷот барои интиқоли молу маҳсулот кам шавад, ташаккули тиҷорати минтақавӣ таъмин ва иқтидори транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар долони байналмилалии нақлиётӣ афзоиш ёбад.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори вазорату идораҳо ва коргарону мутахассисонро барои босифат ба анҷом расонидани сохтмон, истифодаи пурраи имкониятҳо ҷиҳати ҷалби сармоя барои бунёди қисматҳои дигари роҳ ва оғоз намудани сохтмон вазифадор карданд.   Мумфаршкунии роҳи қитъаи Шоҳон-Зиғар, маркази ноҳияи Рӯшон ва Хоруғ-Роштқалъа дар доираи татбиқи лоиҳаҳо анҷом дода мешаванд.   Қитъаи Шоҳон-Зиғари роҳи Душанбе-Хоруғ-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин бо дарозии 34 километр мумфарш карда мешавад.   Бояд ёдовар шуд, ки қитъаи Шоҳон-Зиғар соли 2011 ба истифода дода шуда буд ва дар муддати 15 соли истифода баъзе аз қисматҳои роҳ осеб дидаанд. Дар доираи мумфаршкунӣ бартарафкунии кӯҳу камари рехта ва барқарорсозии қисматҳои харобгардидаи ин масир низ ба нақша гирифта шудааст.   Роҳи маркази ноҳияи Рӯшон бошад, бо дарозии 20 километр навсозӣ шуда, тибқи талабот барои ҳаракат шароит хуб мегардад.   Дарозии умумии роҳи Хоруғ-Роштқалъа 37 километрро дар бар гирифта, қад-қади дарёи Шохдара мутобиқ ба талабот барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва интиқоли молу маҳсулот шароит фароҳам оварда мешавад. Кандани хок, бартарафкунии кӯҳу камар, бунёди такядеворҳо, мустаҳкамкунии соҳили дарё ва таъмини бехатарии ҳаракат дар доираи амалишавии лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.    Ҳоло асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳрезии лоиҳаи роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим ҷиҳати дар оянда ҷалб кардани сармоя ва анҷом додани сохтмон ҷараён дорад. Тибқи нақшаи пешакӣ, дарозии умумии роҳ 104 километрро дар бар гирифта, бо паҳноии 12 метр барои нақлиёт сохта мешавад.   Роҳи Хоруғ-Ишкошим яке аз масирҳои муҳими стратегӣ ва сайёҳии Бадахшон ба шумор рафта, таҷдиди он пайвастагии нақлиётиро беҳтар, бехатарии ҳаракат ва рушди иқтисодию иҷтимоиро таъмин мекунад.   Дар маҷмуъ, дар доираи 6 лоиҳа, ки ба Роҳбари давлат дар шаҳри Хоруғ муаррифӣ карда шуд, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон солҳои наздик бунёд, навсозӣ ва мумфаршкунии 358 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ аз ҷониби маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.   Дар идомаи ҳамин тадбирҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати иҷрои намунавии супориши Роҳбари давлат навсозии роҳи водии Язгулом ҷараён дорад. Аллакай то охирон деҳаи ин водии ноҳияи Ванҷ ба масофаи 34 километр корҳои тахту ҳамворкунӣ ва сангфаршкунӣ ба анҷом расонида шуда, аз ин 16 километр мумфарш шудааст. Мумфаршкунии 16 километри дигар анҷом дода мешавад. Ин роҳ дорои аҳамияти маҳаллӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб-Ванҷ-даромадгоҳи Рӯшон сохта мешавад.   Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар доираи сохтмони роҳи мултимодалии Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо бунёду навсозии 90 километр қитъаи роҳи Мурғоб – Кулма ва гузаргоҳи сарҳадии Кулма – Каросу ояндаи наздик оғоз меёбад.   Бунёди роҳу пул ва нақбҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки дар долони байналмилалии Душанбе-Хоруғ-сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳаракати нақлиёт дар 4 фасли сол таъмин гардад, сокинони маҳаллӣ аз хизматрасонии сатҳи баланди роҳу нақлиёт баҳравар шаванд ва боркашонии байналмилалӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон афзоиш ёбад.

    2

    27.09.2026