27.09.2026

 img

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуда, ба сохтмони иншооти мазкур санги асос гузоштанд.

 

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳри Хоруғ идомаи тадбирҳои созанда дар самти рушди низоми маориф, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад.

 

Дар шароити рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва демографии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таъсиси муассисаҳои таълимии замонавӣ дар минтақаҳои кишвар барои рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими иқтидори иҷтимоию иқтисодии мамлакат аҳамияти зиёд дорад.

 

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои муассисаи таълимӣ дар шаҳри Хоруғ аз 7 ошёна иборат буда, барои фарогирии 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Тибқи нақша, сохтмони он то соли 2030 ба анҷом расонида шуда, ба истифода дода мешавад.

 

Дар бинои мазкур барои ташкили раванди муосири таълимӣ 48 синфхона, аз ҷумла 20-то барои машғулиятҳои амалӣ, 4 синфхонаи калонҳаҷми маърузавӣ ва 4 лабораторияи компютерӣ ҷойгир карда мешаванд.

 

Бо мақсади ба роҳ мондани таълими амалӣ ва корҳои илмию таҳқиқотӣ 10 лабораторияи соҳавӣ ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, лабораторияҳои сайёҳат ва меҳмондорӣ, сайёҳии кӯҳӣ, иқтисоди минтақаҳои кӯҳӣ, соҳибкорӣ ва тиҷорат, иқтисоди сабз ва рушди устувор, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, инчунин рушди оқилонаи минтақаҳои кӯҳӣ пешбинӣ гардидаанд.

 

Ҳамзамон, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ду маркази махсуси омӯзиши забонҳо ташкил карда мешавад, ки ба баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мусоидат хоҳад кард.

 

Тибқи лоиҳа, дар ошёнаи чоруми бино толори асосии маърузавӣ бо 1000 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, як толори конфронсӣ барои 150–200 нафар ва толори бисёрфунксионалии варзишию фарҳангӣ сохта мешаванд.

 

Дар муассисаи нав ба рушди захираҳои таълимӣ ва илмӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Барои ин Китобхона ва Маркази байналмилалии захираҳои таълимӣ бо масоҳати тақрибан 500 метри мураббаъ ташкил шуда, дорои толори хониш барои 150 нафар, китобхонаи рақамӣ, утоқҳои кории гурӯҳӣ ва инфиродӣ, маркази таҳқиқотӣ ва фазои омӯзиши электронӣ хоҳад буд.

 

Барои фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию маишӣ барои донишҷӯён ошхона ва кафетерия бо  250 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ин қисмати бино анборҳои маҳсулоти хушк ва хунук, ҳуҷраҳои махсуси шустушӯи зарфҳо ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир карда мешаванд.

 

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани имконият барои фаъолияти беруназсинфии донишҷӯён толори варзишӣ, фитнес, ҳуҷраҳои либосовезӣ ва ҳаммом низ пешбинӣ гардидаанд.

 

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаи оянда ба рушди илм ва таҳқиқоти соҳавӣ вобаста хоҳад буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои табиӣ ва иқлимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассиса Маркази илмӣ-таҳқиқотии рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъсис дода шавад.

 

Фаъолияти марказ ба омӯзиши иқтисоди кӯҳӣ, тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва табиӣ, рушди иқтисоди сабз, сайёҳии устувор ва истифодаи технологияҳои рақамӣ равона хоҳад гардид.

 

Баъди шиносои бо лоиҳаи шабакаҳои донишкадаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории  Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди биноҳои нав дар шаҳрҳои Хоруғу Истаравшан ва ноҳияи Восеъ санги асос гузоштанд

  • Муаррифии лоиҳаҳои шабакаҳои донишкадаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон img
  • Муаррифии лоиҳаҳои шабакаҳои донишкадаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон img
  • Муаррифии лоиҳаҳои шабакаҳои донишкадаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ба истифода додани корхонаҳои бастубанди мева, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд. Фаъолияти иншооти нав дар асоси технологияи муосир ба коркарди меваҷоту сабзавот, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ равона карда шудааст.   Дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қоим аз сабзавоту меваҷот баъди коркард афшӯраю мураббо ва хамираи помидор истеҳсол карда мешавад. Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби соҳибкор Мурод Қоимдодзода сохта шуда, дар он 12 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин гардидаанд. Маҳсулоти корхона бо тамғаи Самари кӯҳсор ба бозор пешниҳод мегардад.   Масъулони корхонаи Самари кӯҳсор азм гирифтаанд, ки бо хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи меваю сабзавот шартномаҳои дуҷониба баста, дар тавлиди ашёи хом барои коркард саҳмгузорӣ намоянд. Минбаъд маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои коркард харидорӣ мегардад, ки беҳтарин васила барои пешгирӣ аз талафёбии самараи меҳнати деҳқонон, даромади бештари иқтисодӣ барои хоҷагиҳо ва имконият барои истеҳсоли маҳсулоти босифати табиӣ мебошад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи коркарди меваю сабзавот таваҷҷуҳи масъулини сохторҳои дахлдор ва коргарону мутахассисонро ба истифодаи имкониятҳои мавҷудаи табиати кӯҳистон, бастани шартнома бо хоҷагидорон, омӯзиши талаботи истеъмолкунанда, афзоиш додани истеҳсолоти рақобатпазири саноатӣ ва қонеъгардонии талаботи бозор ҷалб намуданд.     Оянда дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қоим бо истифодаи имкониятҳои иловагии технологияи воридшуда коркарди ангат ва истеҳсоли равғану шарбати он, инчунин бо ҷалби мутахассисони ҷавон корсервакунонии сабзавот ба роҳ монда хоҳад шуд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ ҳамчунин бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир экомебел» шинос шуданд.   Дар корхонаи истеҳсоли мебел 6 дастгоҳи муосир насб гардида, идоракунии он тавассути технологияи рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷевон ва мизу курсӣ мувофиқ ба дархости мизоҷон бо шаклу андозаҳои гуногун барои ошхона ва ҳуҷраи корию хоб истеҳсол карда мешавад.   Дар корхонаи мебел 10 нафар сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шудаанд ва вобаста ба зиёд шудани талабот ба маҳсулот, теъдоди кормандон афзун мегардад.   Таҷрибаи ғании дуредгарӣ, фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар имкон фароҳам овард, ки аз ҷониби соҳибкор Шогунбеки Акимбек бо ворид намудани технологияи муосир истеҳсоли маҳсулот тибқи таҷрибаи муосир ба роҳ монда шавад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ ҳамчунин корхонаи масолеҳи сохтмониро ба истифода доданд.   Дар корхона бо назардошти талабот дару тирезаҳои пластикӣ, профилҳои сохтмонӣ ва хишти сабук истеҳсол карда мешавад. Тавлиди маҳсулот тавассути 4 дастгоҳи муосир анҷом дода мешавад. Оянда вобаста ба талаботи бозор воридкунии 2 дастгоҳи дигар ва ба роҳ мондани истеҳсоли меху дастпӯшҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст.   Корхонаи масолеҳи сохтмонӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ аз ҷониби соҳибкор Воҳиди Искандар бунёд гардидааст.    Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне давоми 5 соли охир дар шаҳри Хоруғ 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 300 ҷойи нави корӣ бунёд гардида, теъдоди умумии корхонаҳо ба 72 расидааст.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ ифтитоҳи 7 корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Хоруғ собитгари ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар арзёбӣ карда, масъулини сохторҳои дахлдор ва соҳибкоронро барои истифодаи бештар аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, бунёду барқароркунии корхонаҳои саноатӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот вазифадор намуданд.

    13

    27.09.2026
  •  img
    Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии Дуои модар дар шаҳри Хоруғ 27 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд.   Иншооти мазкур дар идомаи иқдомҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.    Ин боғи фарҳангию фароғатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақоми волои Модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва нақши бузурги ӯ дар тарбияи фарзандону ободии ҷомеа бунёд гардидааст. Гузоштани муҷассамаи Модар дар ин мавзеъ ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин муқаддасоти инсонӣ маҳсуб меёбад.   Боғи навбунёду зебо дар мавзеи хушманзараи маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ ҷойгир мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин боғ моҳи ноябри соли 2025 оғоз гардида, лоиҳакашии он аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии ноҳияи Шуғнон ва корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амирҳамза ба анҷом расонида шудааст.    Дар раванди бунёди боғ ба ободонӣ ва сабзкории он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ҳудуди он чор суҳбаткада сохта шудааст, ки барои истироҳати сокинон ва меҳмонони шаҳр шароити муносиб фароҳам меорад. Гулҳои рангоранги ороишӣ ба муҳити боғ таровати хос бахшида, сабзазор ва ороиши зебои мавзеъ симои онро боз ҳам дилрабо гардонидааст.   Ҳудуди боғи мазкур пурра чароғон гардида, шабонгоҳ ба макони зебои истироҳатӣ табдил меёбад. Равшании чароғҳо дар баробари зебогии муҳити атроф, ҳамзамон барои сайругашт ва фароғати сокинон фазои мусоид фароҳам меорад.    Бунёди чунин маконҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳри Хоруғ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани маҳал мусоидат менамояд.

    11

    27.09.2026
  •  img
    Ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетика дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ, ҳамчунин, як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетикаро, ки дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд шуда буданд, мавриди истифода қарор доданд.   Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи 110/35 киловолтаи Қозидеҳро, ки дар деҳаи Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.   Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи Барқикунонии вилояти Бадахшон бунёд гардида, барои таҳкими шабакаи барқӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар ноҳияи Ишкошим пешбинӣ шудааст.   Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неругоҳи офтобиро дар ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 3 мегаватт соат неруи барқ ифтитоҳ намуданд.   Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки неругоҳи офтобии деҳаи Рож дар вилоят яке аз неругоҳҳои калони истеҳсолкунандаи неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда ба шумор меравад. Барои истеҳсоли неруи барқ аз офтоб дар неругоҳи мазкур 4 ҳазору 752 панел истифода гардидааст.   Ҳамчунин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 112 киловатт, ки дар деҳаи Вранҷани ноҳияи Рӯшон бунёд шудааст, ба истифода доданд.   Неругоҳи офтобӣ бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии деҳаи Вранҷан бо неруи барқ бунёд гардидааст.  Бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти энергетикӣ дар минтақаҳои куҳистон, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии маҳал мусоидат мекунад.   Дар идома Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон, неругоҳи хурди обиро бо иқтидори 25 киловатт ба истифода доданд.   Ба истифода додани неругоҳи хурди обӣ барои сокинони деҳаи Биҷрав руйдоди муҳим буда, имконияти дастрасӣ ба неруи барқи доимиро барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори иҷтимоии деҳа фароҳам меорад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Девлохи деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшон неругоҳи обиро бо иқтидори 15 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Зимни ифтитоҳи иншоот гуфта шуд, ки чунин иншооти энергетикӣ дар самти беҳдошти шароити зиндагии сокинон ва рушди ҳамаҷонибаи инфрасохтори деҳот заминаи мусоид фароҳам меорад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Тохтамиши деҳоти Қизилработи ноҳияи Мурғоб ду неругоҳи таҷрибавии бодӣ бо иқтидори умумии 200 киловатт неруи барқро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.   Неругоҳҳои таҷрибавии бодӣ дар доираи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд бунёд гардидаанд.   Дар баробари неругоҳҳои бодӣ, дар ҳамин мавзеъ дар майдони беш аз як гектар панелҳои офтобӣ низ насб гардидаанд. Иқтидори умумии онҳо 1138 киловаттро ташкил дода, иқтидори захираи энергия дар батареяҳо ба 590 киловатт-соат мерасад. Ин маҷмуаи энергетикӣ имкон медиҳад, ки 145 хоҷагӣ дар тамоми фасли сол бо неруи барқ таъмин карда шавад.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти интиқоли барқи 110 Квт дар ноҳияи Рӯшонро мавриди истифода қарор доданд.   Хатти интиқоли барқи 110 киловолт дар масофаи 42 километр кашида шудааст. Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави интиқоли барқ дар рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи ноҳияи Рушон басо муҳим буда, ба баланд бардоштани устуворӣ ва эътимоднокии таъминоти неруи барқ мусоидат менамояд.

    3

    27.09.2026