01.11.2026

 img

1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.

 

Дар корхона 5 хатти технологӣ насб гардида, зарфҳои пластикӣ ва афшураҳои мевагию обҳои ташнагишикан истеҳсол мешавад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарё аз ҷониби бародарони соҳибкор Каримзодаҳо бунёд гардида, 85 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

 

Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 240 тонна афшура ва 400 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнагишикан мебошад.

 

Гуфта шуд, ки афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир дар истеҳсолот имкон медиҳад, ки самараи меҳнати кишоварзон саривақт коркарду бастабандӣ, талафёбии меваю сабзавот дар саҳро пешгирӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ афзоиш ёбад ва имкониятҳои содиротӣ васеъ гардад.

 

Иттилоъ дода шуд, ки технологияи аз кишварҳои пешрафта воридшуда имкон медиҳад маҳсулот тибқи талабот коркард ва аз самараи меҳнати деҳқонон маҳсулоти саноатии табиӣ истеҳсол карда шавад. 

 

Таъкид гардид, ки бунёди корхонаи коркарди меваю сабзавот дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръат намунаи гузариш аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ ба шумор меравад.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ва сохторҳои марбутаи соҳаро ба истифодаи пурраи имкониятҳои технологӣ, ҷамъоварию коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои байналмилалӣ ҷалб намуданд. 

 

Зикр шуд, ки танҳо дар 5 соли охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 74 корхонаи саноатӣ бо тақрибан 900 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

  • Ифтитоҳи корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ Сирдарё дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров img
  • Ифтитоҳи корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ Сирдарё дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров img
  • Ифтитоҳи корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ Сирдарё дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров img
  • Ифтитоҳи корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ Сирдарё дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Корҳои сохтмонӣ дар иншооти маъмурӣ соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯст ва аъзои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо тарҳи зебо ва риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд шудааст.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои нав барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандони ҳизб, тақвияти корҳои ташкилию тарғиботӣ ва роҳандозии ташаббусҳои нав дар самти кор бо ҷавонону бонувон ва дигар қишрҳои ҷомеа шароити хуби фаъолият муҳайё гардидааст.   Бинои нави кумита аз 47 ҳуҷраи корӣ, осорхона, толори ҷаласа бо 250 ҷойи нишаст, толорҳои мизи мудаввар, китобхона ва китобхонаи электронӣ иборат мебошад.   Дар осорхонаи иншоот маводҳо аз эъломияи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ то қабули санадҳои муҳими таърихӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, лаҳзаҳои баргузории анҷуманҳои ҳизбӣ, дастовардҳои соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолӣ, раванди корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи Роғун, лаҳзаҳои гиромидошти қаҳрамонони Тоҷикистон, аксу ҳуҷҷатҳо ва ёдгориҳои дорои аҳамияти таърихию миллӣ гирд оварда шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо бозгӯи марҳилаҳои ташаккул, дигаргуниҳои созанда ва саҳифаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд.   Дар гӯшаи алоҳидаи китобхона асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиёда аз 5 ҳазор китоби бадеӣ, илмӣ ва гуногунсоҳа барои кормандону донишҷӯён нигоҳдорӣ мешавад. Ҳамчунин, махзани рақамии китобхона 1 миллион нусха адабиёти гуногунсоҳа ва бадеиро бо имкониятҳои васеи электронӣ ташкил медиҳад.   Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла, энергияи офтобӣ, сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва рушди иқтисоди сабз дар бино панелҳои офтобӣ насб карда шудааст, ки он барои таъмини самараноки неруи барқ, сарфаи захираҳои энергетикӣ, истифодаи технологияи муосир, рушди энергияи тоза ва татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз заминаи воқеӣ мегузорад.   Дар бинои ҳизб, ҳамчунин маркази омӯзишӣ мавҷуд аст, ки барои таълими  забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон, курсҳои пешвоёни ҷавон, пухтани таомҳои миллӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ба соҳибкорони ватандӯст ва аъзои ҳизб барои бунёди чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос намуда, кормандони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ба ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, вусъат додани созандагиву бунёдкориҳо ва тарғиби ҳадафҳои стратегии кишвар ҳидоят карданд. 

    8

    01.11.2026
  •  img
    Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Субҳи 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ,  ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот  бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд  ташриф оварданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд  ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

    11

    01.11.2026
  •  img
    Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ Базаи таъминоти Ширкати Барс дар шаҳри Бӯстон 1 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Базаи таъминоти Ширкати Барс дар шаҳри Бӯстон оғоз гардид.   Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.   Зимни шиносоӣ, ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки корхона бо хатҳои муосири технологӣ муҷаҳҳаз буда, дар он барои чорвои калону майда, паранда ва моҳӣ хӯроки омехта истеҳсол карда мешавад.   Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол истеҳсоли 37 ҳазору 440 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Бо мақсади нигоҳдории дурусти ашёи хом ва маҳсулот, дар ҳудуди корхона 10 анбор бунёд ёфтааст.   Иншоот бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва истифодаи конструксияҳои металлӣ бунёд шудааст. Бо оғози фаъолияти корхона наздик ба 70 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.   Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона вобаста ба навъи чорво ва паранда, бо риояи талаботи стандартҳои дахлдор истеҳсол гардида, бо тамғаи Эко комбикорм ба бозор пешниҳод мешавад. Хатҳои технологӣ насли нав буда, бо истифодаи сарфакоронаи неруи барқ фарқ мекунанд.   Тавре таъкид гардид дар соли 2025 ба маблағи 100 миллион доллар хӯроки омехтаи паранда ва чорво ворид гардида, талаботи бозор бошад 450 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат супориш доданд, ки истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво васеъ ба роҳ монда шавад.   Яке аз хусусиятҳои асосии корхона истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. Ашёи хоми зарурӣ қисман аз дохил ва қисман аз хориҷи кишвар дастрас мегардад. Ҳамчунин,  аз афзалиятҳои дигари корхона истеҳсолоти бе партов доштани он аст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳои муосирро дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат, рушди иқтидори истеҳсолии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳим арзёбӣ карданд.   Дар ҳамин ҷо, Сарвари давлат бо маҳсулоти корхонаҳои Ширкати Барс шинос шуданд. Дар намоишгоҳ номгӯи гуногуни маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла, помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, равғани пахта ва офтобпараст, макарон, маргарин, хӯроки омехтаи чорвою паранда, нӯшокиҳо ва дигар маҳсулот пешниҳод шуд.   Таъкид гардид, ки истеҳсоли чунин номгӯи гуногуни маҳсулот аз тавсеаи имкониятҳои истеҳсолии ширкат ва саҳми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ шаҳодат медиҳад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, корхонаи коркарди шолии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Агротрейдинг дар шаҳри Бӯстонро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ карданд.   Корхона бо саҳми гурӯҳи соҳибкорони маҳаллӣ - Мирзомубин Қодиров, Мирзомуқим Қодиров, Ҳафиза Содиқова ва Муҳайё Қодирова бунёд гардидааст.   Иқтидори лоиҳавии корхона коркарди 24 ҳазор тонна шолӣ дар як солро ташкил дода, дар он 40 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.   Ба истифода додани чунин корхонаҳо барои рушди соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ карда шуд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон ва масъулон барои саҳмгузорӣ дар рушди саноати миллӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар муҳим мебошад.

    5

    01.11.2026