21.08.2025

 img

21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Иншооти мазкур дар доираи тавааҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари  давлат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт бунёд гардидааст.

 

Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил барои омӯзгорону хонандагон ва сокинони ин маҳалла туҳфаи арзишманд унвон гардид.

 

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рањмон иттилоъ доданд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1450 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

 

Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

 

Бинои дигари бунёдгардида дар муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст.

 

Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 соли 2024 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 16 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шудааст.

 

Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи наву замонавӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.

 

Бинои муассиса дорои 64 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 26 кабинети фаннӣ, мебошад. 

 

Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид хоҳад гузошт.

 

Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 70 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет мебошад.

 

Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои рушди ҷаҳонбинии муҳассилин пешбинӣ гардидааст. 

 

Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ дорои 40 ҷои нишаст буда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонию рӯҳии хонандагон мусоидат хоҳад кард. Майдончаи варзишӣ низ бо 135 ҷои нишаст аз бартариҳои дигари муассиса дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад.

 

Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 386 курсӣ ва ошхонаи дорои 192 ҷои нишаст мебошад.

 

Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

 

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имкониятҳои фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди биноҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз таълимгирандагонро зарур аст, ки хонанд, илм омӯзанд, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони хеш бошанд

 

  • Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар шаҳри Душанбе img
  • Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар шаҳри Душанбе img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ» Имрӯз, 11 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Хонандаи сол» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ баргузор гардид.   Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, намояндагони шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки озмуни «Хонандаи сол» барои дарёфт ва дастгирии хонандагони фаъолу болаёқат, баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират ва тақвияти қобилиятҳои эҷодии хонандагон аҳамияти муҳим дорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки чунин озмунҳо дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муассир мегузоранд.   Тибқи талаботи Низомномаи озмун, ба даври ҷумҳуриявӣ аз панҷ минтақаи ҷумҳурӣ ғолибони даври сеюм роҳхат гирифта, барои дарёфти унвони «Хонандаи сол» байни ҳам рақобат менамоянд.   Озмун давоми ду рӯз идома ёфта, иштирокдорон аз рӯйи шартҳои пешбинишуда, аз ҷумла иҷрои корҳои хаттӣ, супоридани тестҳо ва муаррифии ҳисоботи эҷодӣ, донишу маҳорат ва ҷаҳонбинии худро ба намоиш мегузоранд.

    59

    11.06.2026
  •  img
    СУҒД: ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ХОНАНДАИ СОЛ" Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи сол» баргузор гардид.    Озмун бо мақсади дарёфт ва интихоб намудани хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускору навовар, инчунин муайян ва дастгирӣ намудани хонандагоне, ки аз дастовардҳо ва навгониҳои илму техникаи муосир огоҳии васеъ доранд, роҳандозӣ шудааст.   Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди қобилияти фикрронӣ, тақвияти малакаҳои зеҳнӣ, ҳозирҷавобӣ ва ташаккули тафаккури эҷодии хонандагон буда, барои таҳкими ҳавасмандии хонандагони синфҳои 8, 9, 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Ҳамзамон, озмун ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгороне, ки дар омода намудани хонандагони болаёқат саҳми назаррас мегузоранд, мусоидат намуда, нақши онҳоро дар рушди истеъдодҳои наврасон тақвият мебахшад.

    35

    11.06.2026
  •  img
    МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ҲАЙАТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН 10 июни соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.   Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои маориф, илм, омӯзиши забони чинӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотиро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин таҳти роҳнамоӣ ва дастгирии доимии сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин сол ба сол таҳким ёфта, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд.   Зимни суханронӣ зикр гардид, ки ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар заминаи санадҳои муҳимми дуҷониба, аз ҷумла Аҳдномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва Созишнома оид ба эътирофи мутақобилаи дипломҳо роҳандозӣ мешаванд.   Таъкид карда шуд, ки айни замон 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони Ҳамкории Шанхай буда, дар 9 муассисаи таҳсилоти олӣ ҳазорҳо донишҷӯ омӯзиши забони чиниро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, 16 муассисаи таҳсилоти олии кишвар бо 23 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.   Ҷонибҳо фаъолияти донишкадаҳои Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Маркази Лубан дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши забони чинӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ҳамчун намунаҳои муваффақи ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд.   Дар рафти мулоқот ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҳамкориҳо дар самтҳои таъсиси марказҳои муштараки таҳқиқотӣ оид ба зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ, энергетикаи сабз ва ҳифзи муҳити зист, инчунин ташкили марказҳои таълимӣ бо таҷҳизоти рақамӣ ва лабораторияҳои муосир густариш дода шаванд.   Ҳамзамон, масъалаҳои татбиқи барномаҳои таҳсилоти рақамӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, омодасозии омӯзгорони маҳаллӣ ва таҳияи захираҳои таълимии рақамӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.   Дар ин замина, ҷониби Тоҷикистон аз ташаббуси таҳияи Созишномаи байниидоравӣ оид ба омӯзиши забони чинӣ ҷонибдорӣ намуда, онро ҳамчун заминаи муҳим барои рушди минбаъдаи омӯзиши забони чинӣ дар кишвар арзёбӣ кард. Ҳамчунин, масъалаи густариши низоми байналмилалии арзёбии дониши забони чинӣ (HSK) ва таъсиси марказҳои имтиҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.   Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои маориф ва илм изҳор намуда, баргузории чунин вохӯриҳоро барои рушди муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    57

    10.06.2026