11.07.2025

 img

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №6-и Гулистонро, ки дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 фаъолият дошт, ба истифода доданд.

 

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти соҳаи маориф бо назардошти зиёд гардидани талабот ба зинаи аввали таҳсилот сохта шуда, барои 120 кӯдак дар 4 гуруҳ пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар он 80 нафар ба таълим фаро гирифта шудаанд.

 

Дар ин ҷо 18 мураббӣ ба кор ҷалб шуда, ҳамаи онҳо соҳибтаҷриба мебошанд.

 

Корҳои бунёдӣ дар кӯдакистон соли 2025 оғоз гардида, он дар муҳлати муайяншуда, аз ҷониби коргарони ҶДММ Сайҳуни Хуҷанд бо сифати баланди меъморӣ мавриди истифода қарор гирифт.

 

Масоҳати кӯдакистон бо назардошти иншооти ёрирасон 410 метри мураббаъ буда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

 

Қобил ба зикр аст, ки деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ аз маҳаллаҳои калон аст ва бо назардошти афзудани шумораи аҳолӣ талабот ба иншооти таълимии томактабӣ зиёд мегардад. Ҳоло дар кӯдакистон барои гузаронидани машғулиятҳо тамоми имкониятҳо муҳайё буда, аёниятҳо ва адабиётҳои бачагона пурра таъмин карда шудааст.

 

Ҳуҷраҳои хоби кӯдакон, ошхона, толори мусиқӣ ва роҳравҳои боғча бо расмҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ҳаккокӣ шуда, мувофиқ ба табъу завқи кӯдакон бунёд шудааст.

 

Пешвои миллат зимни суҳбат бо намояндагони соҳаи маорифи ноҳия, бо таваҷҷуҳ ба рушди фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, таъкид намуданд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ҳар як омӯзгорро зарур аст, аз гузашта дида масъулияти баланд ҳис намоянд ва дар тарбияи насли наврасу ҷавон саҳми муносиб гузоранд.

 

Дар навбати хуб аҳли маорифи ноҳияи Айнӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагиашон изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки минбаъд низ содиқонаву софдилона фаъолият намуда, дар пешрафти кишвар ҳиссагузор хоҳанд буд. 

  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулистон” дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулистон” дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ img
  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулистон” дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Оғози сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ва ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфар 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.   Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфарро мавриди истифода қарор доданд.   Муассисаи навбунёд сеошёна буда, барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 300 кӯдак бунёд гардидааст.   Иншооти мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардида, дорои имкониятҳои хуби таълиму тарбия мебошад.   Синфхонаи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои муассисаи таҳсилоти томактабӣ мувофиқ ба завқи кӯдакон бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.   Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфар дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тӯҳфаи хуб дониста шуд ва сокинони шаҳри Панҷакент самимияту миннатдории хоси худро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ташкили фазои мусоиди таълим баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани фарзандон ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

    30

    11.07.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшиданд.   Иншооти фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд.   Масоҳати умумии маҷмаа 8 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон аз як ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар он китобхонаи замонавӣ бо 5 ҳазор адабиёти ҷаҳонии муосир, классик ва бачагона, коргоҳи пойафзолбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 20 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як сол, кошонаи ҳусн, толори варзишӣ, ҳуҷраҳои кории мактаби варзишии ноҳия, хонаи бахт, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудааст.   Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани онро барои таъмини инфрасохтор дар бахшҳои алоҳида неку муассир арзёбӣ намуданд.   Қобил ба зикр аст, ки бинои маҷмааи Боғистон бо тарҳ ва усулҳои хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, ба яке аз маконҳои хуби сайругашти сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.   Саҳн ва атрофи бино сабзкорӣ шуда, барои истироҳати сокинон суҳбаткадаву айвонҳои муосир бунёд гардидааст.   Коргоҳи истеҳсоли пойафзол, дар асоси барномаи рушди саноатикунонии кишвар рӯи даст гирифта шуда, тамоми таҷҳизоти насбгардида, истеҳсоли насли нав мебошад ва неруи барқро сарфа мекунад.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло иқтидори истеҳсолии коргоҳ 20 ҳазор ҷуфт дар як сол буда, бо назардошти зиёд гардидани талабот ҳаҷми истеҳсол афзоиш ва теъдоди коргарон низ ба маротиб зиёд карда мешавад.   Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз китобхонаи маҷмаа дидан карда, бо шароити кории он шинос шуданд.   Дар китобхонаи электронии ин махзани илм 2 ҳазор адабиёт маҳфуз буда, барои дӯсторони каломи бадеъ имконияти мусоид муҳайё шудааст.   Гӯшаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” қисмҳои алоҳидаи китобхонаро ташкил медиҳад, ки бо адабиёти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.   Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш дар Маҷмаа Муассисаи давлатии Мактаби варзишии ноҳиявӣ бо назардошти толору дигар инфрасохтори зарурӣ фаъолият менамояд.     Ҳамчунин, толори варзишӣ барои бозиҳои тенниси рӯи миз, гуштин, вазнбардорӣ ва бозиҳои шашкаву шоҳмот пешбинӣ шудааст. Ҷавонону варзишгарон барои ин иқдоми Роҳбарияти олии кишвар изҳори сипос намуданд.   Хонаи ақди нигоҳ ва кошонаи ҳусн аз имкониятҳои алоҳидаи маҷмаа аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.   Тарабхонаи миллии маҷмаа дорои 150 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани чорабинҳои гуногун мувофиқ мебошад. Тарҳ ва намои тарабхона сирф миллӣ буда, бо санъати баланди меъмории муосир ҳаккокӣ шудааст.   Дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 80 нафар ятимон ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.   Мавриди зикр аст, ки чун аънана Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари кориашон аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.   Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар бенасиб мондаанд, маҷмӯи сару либос ва кумаки молиявӣ тақдим карда шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.   Ятимон бо шодию нишот аз дасти Роҳбари инсондӯст туҳфаҳои арзишманд  гирифтанд. Кудакон аз он изҳори хушҳолӣ мекунанд, ки ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияҳои муосир ҳидоят намуданд.   Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша ба қишри ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад.

    18

    11.07.2025
  •  img
    ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС-РИСОЛАТИ МУҚАДДАС Бо ҳамин мақсад имрӯз (11.07.2025) дар партави дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таълиму тарбияи насли наврасро аз ҷумлаи самтҳои калидии сиёсати давлатӣ қарор додаанд, ҳайати раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо роҳбарии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан аз раванди таълиму фароғат ва истироҳати хонандагон-фарзандони омӯзгорону кормандони донишгоҳ-дар Лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол»-и назди муассиса дар ноҳияи Муъминобод дидан намуданд.   Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати кишвар дар доираи ин ҳадаф бо роҳандозии лагерҳои тобистона барои кӯдакон муҳити солиму созанда ва шароити мусоиди таълиму тарбияро фароҳам меорад.   Лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол» низ намунаи равшани татбиқи ин сиёсати хирадмандона мебошад. Ин пойгоҳи таълиму фароғатӣ, ки бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ ташкил гардидааст, имсол дар се баст 150 нафар кӯдак - фарзандони кормандону устодони донишгоҳро ба фароғат фаро мегирад. Дар ин лагер барномаи фарогири рушди шахсият, аз ҷумла маҳфилҳои адабӣ, бозиҳои варзишӣ, омӯзиши малакаҳои ҳаётӣ ва дарсҳои тарбиявӣ роҳандозӣ шудаанд.   Бо таъмини шароити муносиб ва муҳити муҳаббатомез, кӯдакон на танҳо фароғат мекунанд, балки дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ рушд меёбанд. Ин иқдом ҳар сол аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо дарки масъулияти баланд ва арҷгузорӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат амалӣ мегардад.   Дар қисмати баъдӣ, барномаи рангоранги фарҳангии омоданамудаи тарбиятгирандагони лагер бо дарбаргирии суруду таронаҳои ватандӯстона, шеърхонӣ ва суханрониҳои тарбиявӣ, ки бозгӯи ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ин барнома бо самимият ва муҳаббати беолоиши кӯдакона фазои идонаеро ба вуҷуд оварда, мавриди истиқболи гарми меҳмонон ва кормандон қарор гирифт.

    7

    11.07.2025