02.10.2025

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои судманд бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP) ва Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) биноҳои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и деҳаи Гулхании Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт ва Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №33-и деҳаи Сафедоби Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикободро мавриди истифода қарор дод.
Дар маросими ифтитоҳ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.
Ин иқдомҳо, ки дар чорчӯби барномаҳои рушди инфрасохтори соҳаи маориф амалӣ гардида, посух ба эҳтиёҷи таъхирнопазири муассисаҳои мазкур буд, ки дар пайи заминларзаи 13 апрели соли 2025 бинои муассисаҳо хароб гардид ва таҳсили хонандагон ба мушкил мувоҷеҳ шуда буд. Бо дарназардошти сиёсати давлатӣ оид ба фароҳам овардани муҳити амн ва муосири таълим барои насли наврас, Вазорати маориф ва илм бо ҷалби шарикони рушд лоиҳаи сохтмони биноҳои навро роҳандозӣ намуд.
Дар асоси дархости вазорат ва бо дастгирии техникию молиявии WFP ва KOICA, корҳои сохтмонӣ дар муҳлатҳои кутоҳ ба анҷом расонида шуда, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 дорои 4 синфхона барои 192 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Ҳамзамон, дар доираи барномаҳои иловагии дастгирии ғизои мактабӣ, ошхона ва толори хӯрокхӯрӣ низ сохта ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд. Таҷҳизоти таълимӣ ва лавозимоти синфхонаҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таъмин гардидааст.
Дар муассиса 164 хонанда таҳсил мекунад ва 18 омӯзгори соҳибтахассус ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Бинои нав ҷавобгӯи талаботи муосири омӯзиш буда, муҳити созгорро барои баланд бардоштани сифати таҳсил фароҳам меорад.
Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №33-и ноҳияи Тоҷикобод бошад, бо 4 синфхона барои 96 ҷойи нишаст дар ду баст, ки ба талаботи муосири таълимӣ ва фазои бароҳати таҳсилӣ ҷавобгӯ мебошад, эҳё ва бо таҷҳизоти пурра аз ҷониби вазорат таъмин карда шуд.
Вазорати маориф ва илм иқдоми мазкурро намунаи ҳамкории самаранок бо шарикони рушд арзёбӣ намуда, изҳори сипос менамояд, ки ҳадафҳои ин ҳамкорӣ бо афзалиятҳои стратегии вазорат, рушди инфрасохтори таълимӣ, таъмини дастрасии баробар ба таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи муҳити таълим мутобиқ аст. Ҳамкориҳои минбаъда бо WFP, KOICA ва дигар шарикон дар самти тавсеаи барномаҳои дастгирии иҷтимоии таҳсилот, аз ҷумла, ғизои мактабӣ ва сохтмони муассисаҳои нав, пайгирона идома хоҳанд ёфт.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон