19.12.2024

 img

Ин акс 19 декабри соли 2024 бардошта шудааст, дар ҷараёни маросими ҳавасмандгардонии омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ. Муаллим Шоҳимардон Арзиқулов, асо дар даст, барои гирифтани подоши заҳматҳои 60-солааш дар мактаб ба саҳна баромад. Шояд аксарият ва худи ӯ то ин дам гумон доштанд, ки подош танҳо мукофоти соҳавӣ - нишони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аст".

 

Дар асл чунин набуд. Бо дидани асову дасти ларзони муаллим вазири маориф ва илми Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода сӯяшон шитофтанд ва аз дасташон доштанд. Ин лаҳза ҳамон мақоли "бузургонро бузургон зинда медоранд" ба хотир расид. Дар толор 700 нафар иштирокдори маросим... Ҳама беихтиёр аз ҷо хестанд ва каф кӯбиданд. Чи шаҳомате дошт ин лаҳза толор!

 

Балки толор не, арҷгузории ҷомеа - роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, сарони сохторҳои гуногуни соҳа, омӯзгорони пешсафи кишвар, хонандагон ва волидайн нисбат ба заҳматҳои муаллим Арзиқулов шаҳомат дошт.

 

Чанд лаҳза оромӣ... Вазири маориф ва илм аз ҳолу аҳволи муаллим пурсон шуданд. Садои сукути кохи боҳашамати "Суруш"-ро танҳо ҷавобҳои кутоҳи муаллим Арзиқулов халалдор мекард. Дигарон комилан хомӯш буданд ва талош мекарданд посухҳои ӯро шунаванд...

 

Ҳамин лаҳза ду саҳна дар зеҳнам хутур карданд:

 

1. Сентябри соли 1966, вақте ҷавони қоматбаланду таҳамтан Шоҳимардон дар даст дипломи омӯзгорӣ аз шаҳр ба деҳа омад ва қавл дод: "Худро ба мактаб мебахшам".

 

2. Баъди ҳудудан 60 сол, моҳи апрели соли 2024, вақте бо ӯ шинос шудем, аснои баргузории даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ. Ӯ дигар ҷавону пурэнерҷӣ набуд, аммо ҳамоно талоши беохир дошт. Соатҳо дар саҳни ҳавлии Мактаби байналмилалии Президентӣ натиҷаи кори шогирдонро мунтазир мешуд. Ҳар лаҳза таъкид мекардам: "Инҷо будан шарт нест, худатонро зиёд ташвиш надиҳед...". Посух як лабханд буд. Гуё мегуфт: "Охир қавл додаам, ки худро ба мактаб мебахшам".

 

Барои як лаҳзаи кутоҳ китоби хотира ва тасаввур варақгардон шуд. Авҷи садои кафкӯбиҳо ва таъзим пеши бузургии устод-омӯзгор анбуҳи хотираҳоро парешон кард. Ва саҳнаи сеюмро дидам: чигуна вазир фарзандвор дасти муаллимро дошта, аз саҳна то сафҳои нишаст роҳнамоӣ кард..

 

Итминон дорам, ин лаҳзаро иштирокдорон солҳо боз дар хотира маҳфуз медоранд. Ин рӯйдод барои омӯзгорони ҷавон панд буду барои ман таъйид: Дар интихоби пеша ғалат накардам!

  • ИФТИХОР, ЭҲТИРОМ, ЭЪТИРОФ: НАТИҶАИ ЗАҲМАТИ 60-СОЛАИ ШОҲИМАРДОН АРЗИҚУЛОВ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМ (МИНТАҚАВӢ)-И ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ» Имрӯз, 4 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе даври сеюм (минтақавӣ)-и озмуни «Хонандаи сол» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.   Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, намояндагони шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки озмуни «Хонандаи сол» яке аз воситаҳои муҳими дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони лаёқатманд буда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират ва ташаккули малакаҳои эҷодиву таҳлилӣ мусоидат менамояд. Зикр гардид, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф барои рушди қобилияти зеҳнии наврасону ҷавонон имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.   Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорони озмун донишу маҳорати худро аз рӯйи шартҳои Низомнома ба намоиш гузошта, барои роҳ ёфтан ба даври ҷумҳуриявӣ байни ҳам рақобати зеҳнӣ менамоянд. 

    33

    04.06.2026
  •  img
    БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ВА АЗ СИНФ БА СИНФГУЗАРОНИИ ХОНАНДАГОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода дар Муассисаи давлатии гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи А. Балъамии шаҳри Ваҳдат ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №156-и шаҳри Ваҳдат аз ҷараёни аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузаронии хонандагон дидан намуд.   Дар рафти боздид вазъи ташкили аттестатсия, омодагии синфхонаҳо, риояи тартиби муқарраргардидаи гузаронидани аттестатсия ва фаъолияти комиссияҳои масъул мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Муайян карда шуд, ки корҳои ташкилӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хонандагон дар муҳити мусоид ва мутобиқ ба талаботи соҳа имтиҳон месупоранд.   Муовини вазир бо ҳайати омӯзгорону роҳбарони муассисаҳо суҳбат намуда, ба масъалаҳои таъмини шаффофият дар раванди баҳогузорӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва масъулияти иштирокчиёни аттестатсия таваҷҷуҳ зоҳир намуд.   Ҳангоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки натиҷаҳои аттестатсия бояд инъикоскунандаи воқеии дониш, малака ва маҳорати хонандагон бошанд.    Ҳамчунин, ба масъулини соҳаи маорифи шаҳр барои анҷоми босифати соли таҳсил ва риояи қатъии талаботи меъёрӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.   Натиҷаҳои боздид нишон доданд, ки муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати баргузории муназзам ва шаффофи аттестатсия тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, фаъолияти худро дар доираи талаботи муқарраргардидаи соҳа ба роҳ мондаанд.   Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон 

    36

    03.06.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БОЗНИГАРИИ ФУНКСИОНАЛИИ НИЗОМИ МАОРИФ ВА ТАҲКИМИ ИҚТИДОРИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ СОҲА Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Муаррифии ҳисоботи ҷамъбастии бознигарии функсионалии низоми маориф ва муҳокимаи пешниҳодҳо оид ба такмили сохтор ва тақвияти иқтидори институтсионалии соҳа” баргузор гардид.   Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, шарикони рушд ва коршиносони соҳавӣ иштирок намуданд.   Чорабиниро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки масъалаи бознигарии функсионалии низоми идоракунии соҳаи маориф барои таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳа аҳаммияти калидӣ дорад.   Зикр гардид, ки дар шароити ислоҳоти муосири соҳаи маориф, аз ҷумла гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим ва татбиқи Стандарти нави давлатии таҳсилоти умумӣ, зарурати таҷдиди назар намудани функсияҳо, масъулиятҳо ва механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои соҳа ба миён омадааст. Таъкид шуд, ки самаранокии ислоҳоти мазмуну мундариҷаи таҳсилот аз сатҳи ҳамоҳангӣ ва равшании низоми идоракунӣ вобастагии мустақим дорад.   Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки бознигарии функсионалӣ ҳамчун абзори муҳими идоракунӣ имкон медиҳад такроршавии функсияҳо бартараф гардида, масъулиятҳо дақиқ муайян карда шаванд, робитаҳои байнисохторӣ тақвият ёбанд ва қабули қарорҳо ба воқеӣ ва натиҷаҳои ченшаванда асос ёбад.   Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар маркази ин раванд масъалаи масъулияти институтсионалӣ қарор дошта, муайян намудани дақиқи ваколатҳо ва вазифаҳои ҳар як сохтор, таҳкими функсияҳои калидӣ ва такрорёбии равандҳо аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.   Сипас, мушовирони байналмилалӣ ҳисоботи ҷамъбастии бознигарии функсионалии низоми маорифро муаррифӣ намуда, натиҷаҳои таҳлил, хулосаҳо ва тавсияҳои асосиро оид ба такмили сохтор ва рушди институтсионалии соҳа пешниҳод карданд.   Дар қисми муҳокима иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкор анҷом дода, ҷиҳати таъмини ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ, мазмуни таҳсилот, рушди касбии омӯзгорон, низоми арзёбӣ ва мониторинги сифати таҳсилот пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.   Дар фарҷом муовини якуми вазир натиҷаҳои мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки бознигарии функсионалӣ танҳо тағйироти сохторӣ набуда, балки қадами муҳим дар самти ташаккули фарҳанги нави идоракунӣ мебошад, ки ба масъулият, шаффофият, ҳамкорӣ ва натиҷанокӣ асос меёбад.   Қайд гардид, ки натиҷаҳои мизи мудаввар барои такмили минбаъдаи функсияҳо, таҳкими ҳамоҳангии институтсионалӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми маорифи кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    32

    03.06.2026