ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ РАҚАМИКУНОНӢ, ИННОВАТСИЯ ВА БЕҲТАР ГАРДОНИДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23.01.2025

Таҳти чунин унвон имрӯз, 23 январи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ- амалӣ баргузор гардид, ки дар кори семинар роҳбарият ва омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.

 

Дар ҳамоиши мазкур, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон иштирок ва суханронӣ намуд. Ректори Академия қайд намуд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ дар доираи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ташаккул ва рушди илми тоҷик дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишвар ба ҳисоб мераванд.

 

Таклифу пешниҳодҳои олимону муҳаққиқон вобаста ба самтҳои гуногуни хоҷагии халқ заминаҳои мусоидро ҷиҳати татбиқи илм дар истеҳсолот ба амал меоранд, қайд намуд зимни баромади худ ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон. Роҳбарияти Академия дар доираи мавзӯи ҳамоиши илмӣ- амалӣ иброз дошт, ки яке аз самтҳои муҳимме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд, ин гузариш ба иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин нуқтаи назар, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, дар самти рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва рушди инноватсия нақши муассир дорад.

 

Дар ҳамоиши илмӣ- амалӣ баромадкунандагон доир ба ҷиҳатҳои мусбии технологияҳои рақамӣ дар раванди таҳсилот, нақши рақамикунонӣ ва инноватсия дар рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, татбиқи технологияҳои мобилӣ дар омӯзиши забонҳои барномасозӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҷаҳони муосир, таҳсилоти рақамӣ ва омодасозии кадрҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо намуданд.

 

Баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар шароити ҷаҳони муосир раванди рақамикунонӣ соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиро фаро гирифта, ба таъмини ҳамкории мутақобилаи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ, шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ мусоидат менамояд.

 

Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ механизмҳои татбиқи рақамикунонӣ на танҳо омили пешрафти иқтисодӣ, балки заминаи устувори беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум шуда метавонад.

  • ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ РАҚАМИКУНОНӢ, ИННОВАТСИЯ ВА БЕҲТАР ГАРДОНИДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img
  • ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ РАҚАМИКУНОНӢ, ИННОВАТСИЯ ВА БЕҲТАР ГАРДОНИДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img
  • ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ РАҚАМИКУНОНӢ, ИННОВАТСИЯ ВА БЕҲТАР ГАРДОНИДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН БО МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИЮ ИЛМИИ ФАРОНСА ҲАМКОРИРО ГУСТАРИШ МЕДИҲАД Дар шаҳри Душанбе вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинол баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар доданд. Зимни мулоқот Зоир Раҳмонзода ташрифи хонум Элза Пинолро ба донишгоҳ қадами муҳим дар тақвияти ҳамкории мутақобили судманд бо муассисаҳои таълимию илмии Ҷумҳурии Фаронса арзёбӣ намуда, меҳмонро бо дастовардҳои таълимию илмии донишгоҳ шинос намуд. Ҷонибҳо ҷабҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Фаронса, аз ҷумла мубодилаи таҷриба ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳавиро барои тадриси фанҳои алоҳида дар донишгоҳ, ташкили даврҳои забономӯзӣ, иштирок дар лоиҳаҳои барномаҳои байналмилалӣ дар самтҳои афзалиятноки илм ва технология (технологияҳои рақамӣ, интеллекти сунъӣ, саноати хӯрокворӣ), гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва инноватсияҳо, тавсеаи иштирок дар барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон ва рушд додани маҳорати касбии ҳайати омӯзгоронро баррасӣ намуданд. khovar.tj

    51

    11.02.2025
  •  img
    ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ ФОНДИ САУДИИ РУШД 11 феврали соли ҷорӣ дар Маркази татбиқи Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”вохӯрии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода бо намояндагони Фонди Саудии Рушд дар ҳайати муҳандис Муҳаммад Ал-Масъуд – директори амалиёт дар Осиёи Марказӣ, Абдулраҳмон Ас-Соғар – сармутахассиси қарз, Абдуллаҳ Аллуҳайдан – мутахассис лоиҳа баргузор гардид. Ҳамчунин, дар вохӯрии мазкур роҳбарият ва ҳайати кормандони Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” низ ширкат намуданд.   Зимни вохурии мазкур масъалаҳои техникӣ ва молиявӣ оид ба рафти татбиқи марҳилаи V Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ба ҳайати кории Фонди Саудии Рушд вобаста ба масоили ҳамкории судбахш, барои дастгириҳои пайвастаи ҷониби Тоҷикистон нисбати рафъи мушкилиҳои ҷойдошта арзи сипос карда шуда, тарафҳо изҳорӣ бовар намуданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷониба густариш хоҳад ёфт.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    59

    11.02.2025
  •  img
    1045-СОЛАГИИ ФАРЗАНДИ НОМВАРИ ТОҶИК, ДОНИШМАНД, ФАЙЛАСУФ ВА ТАБИБИ МАШҲУРИ ОЛАМ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО   Ба ин муносибат дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад Нимаи дуюми моҳи августи соли равон дар мамлакат 1045-солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино таҷлил мегардад. Ин ҷашн тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир мегардад. Дар санади мазкур дарҷ шудааст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, таҳслоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи нависандагон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷашни мазкурро бо баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ –маърифатӣ дар бораи ин мутафаккири барҷастаю табиби ҷаҳоншумули тоҷик таҷлил намоянд. Бояд ёдовар шуд, ки вобаста ба ин ҷашн дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ баргузор карда мешавад. Имрӯз, 11 феврал бо мақсади баррасии корҳои омодагӣ ба Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1045-солагии мутафаккири барҷастаи ҷаҳон, олими тоҷик Абуалӣ ибни Сино бо ҳузури муҳаққиқон ва коршиносони соҳа ҳамоиш баргузор мегардад. Тавре Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт, дар Академия «Маркази синошиносӣ» фаъолият мекунад, ки таҳқиқоти васеъро оид ба зиндагӣ ва осори Ибни Сино анҷом медиҳад. «Илова бар ин, «Маркази синошиносӣ» то ҳол 8 ҷилди осори Абуалӣ ибни Синоро бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба табъ расонида, ҷилди нуҳуми он дар арафаи нашр қарор дорад. Ҳамчунин, 21 ҷилд аз осори ӯ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сомонаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастрас мебошад»,-афзуд Қобилҷон Хушвахтзода. Ёдовар мешавем, ки 18 августи соли 1995 Парлумони Тоҷикистон ин рӯзро чун иди касбии табибон ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд. Зеро 1045 сол муқаддам, дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омадааст. Аз ҳамон сол сар карда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август ҳамасола Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо шукуҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз беҳтарин кормандони соҳаи тиб зимни ҳамоишҳои идона ҳавасманд гардонида мешаванд. khovar.tj

    51

    11.02.2025