02.11.2026

 img

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гузоштани санги асос барои бунёди корхонаҳои нав дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд.

 

Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни картошка, сабзавоту меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод гардид.

 

Иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир хоҷагидорони ноҳияи Шаҳристон дар самти кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсол, истифодаи самараноки замин ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

 

Таъкид гардид, ки ноҳияи Шаҳристон бо назардошти иқлими мусоид яке аз минтақаҳои муҳими картошкапарварии кишвар ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумот давоми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 740,7 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 73,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 111 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 16,7 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт карда шудаанд.

 

Ба Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масоҳати кишти картошка дар соли равон 3 ҳазору 229 гектарро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 56 ҳазору 394 тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 12 дарсад зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда аз беҳтар гардидани ҳаҷми истеҳсол ва рушди соҳаи картошкапарварӣ дар ноҳияи Шаҳристон шаҳодат медиҳад.

 

Гуфта шуд, ки афзоиши истеҳсоли картошка барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидати фаъол мекунад. Бо мақсади нигоҳ доштани ин раванд, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи тухмии хушсифат, беҳтар намудани низоми обёрӣ ва татбиқи усулҳои муосири парвариши картошка муҳим шумурда шуд.

 

Тибқи иттилои масъулин дар баробари картошкапарварӣ, дар ноҳияи Шаҳристон истеҳсоли дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ идома дошта, давоми соли ҷорӣ 31 ҳазору 870 тонна ғалладонагӣ, 5 ҳазору 952 тонна сабзавот ва 2 ҳазору 962 тонна меваҷот истеҳсол карда шудааст. Инчунин, ба ҳолати 1 октябри соли 2026 дар майдони 2 ҳазору 774 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки 142 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

 

Зимни шиносоӣ бо дастранҷи кишоварзон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватаниро аз самтҳои муҳими рушди соҳа арзёбӣ намуда, барои амалӣ намудани он ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.

  • Иштирок дар Иди картошка img
  • Иштирок дар Иди картошка img
  • Иштирок дар Иди картошка img
  • Иштирок дар Иди картошка img
  • Иштирок дар Иди картошка img
  • Иштирок дар Иди картошка img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи бинои маҷмааи миллии соҳибкории Роҳи Абрешим дар шаҳри Истаравшан 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар хиёбони Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкорӣ Роҳи Абрешимро мавриди истифода қарор доданд.   Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов  дар доираи  тадбирҳои  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 4 ҳазору 284 метри мураббаъ бунёд гардидааст.   Ёдовар бояд шуд,ки 25- уми июни соли 2018 зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд  дар шаҳри Истаравшан  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин бинои маҷмааи миллии соҳибкорӣ, ки бо номи Роҳи Абрешим имрӯз ифтитоҳ ёфт, санги асос гузошта буданд.   Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 500  сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ таъмин гардиданд.   Иншоот аз 18 ошёна ва инфрасохтори зарурӣ иборат буда, дар қабатҳои якуму дуюм  маркази савдои Ширин бо 120 ҷойи корӣ ва мағозаҳои брендӣ ва армуғонӣ бо 60 ҷойи кори ташкил карда шудааст. Инчунин қаҳвахона бо 60 ҷой дар ошёнаи якум пешбинӣ шудааст.   Маҷмаа, ҳамчунин, дорои  толори машқу тамрин, маркази солимгардонӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, тарабхона, меҳмонхона, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад.   Дар иншоот 6  лифт, аз ҷумла 2  лифти панорамавӣ ва 6 эскалатор насб гардидааст. Дар маҷмуъ баъди ба истифода додани маҷмааи миллии соҳибкории Роҳи Абрешим зиёда аз 250 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.   Дар саҳни иншоот  гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонда шуда, фаввораҳо бунёд ёфтаанд ва ҳамаи ин ба симои шаҳр ҳусни тоза зам намудааст. Барои фароғати меҳмонон ва бошандагон  нишастгоҳҳо, майдончаҳои бозии кӯдакона низ пешбинӣ шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумат кишвар ба соҳибкорони ватанӣ миннатдорӣ баён намуда, онҳоро ба идомаи  бунёдкорӣ баҳри  пешрафту  тараққиёти  Ватан ҳидоят намуданд.   Ҳамчунин, дар гушаи дигар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда буд, ки бозгӯ аз таърихи пурғановати миллати  кӯҳанбунёди тоҷик ва маҳсули ҳунармандони шаҳри Истаравшан мебошанд.

    13

    02.11.2026
  •  img
    Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаи баҳор дар ноҳияи Шаҳристон 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаи Баҳор дар ноҳияи Шаҳристонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Муассиса аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холмуродзода сохта шуда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст. Он бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия, рушди зеҳнию ҷисмонӣ ва фароғати кӯдакон бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ ва имкониятҳои муосир таъмин мебошад.   Дар муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаи Баҳор кӯдакон дар 5 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Мувофиқи лоиҳа   толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхонаи барҳавою муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаҳои бозӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон бо завқи баланди зебоипарастӣ сохта шудаанд.   Барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар муассиса гурӯҳҳо ва маҳфилҳои гуногуни инкишофдиҳанда, аз ҷумла китобхонӣ, санъат, бозиҳои нақшофарӣ, табиатшиносӣ ва дигар машғулиятҳои шавқовар ташкил карда шудаанд. Дар раванди таълиму тарбия ба рушди нутқ, тафаккур, қобилияти зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии тарбиятгирандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.   Бинои муассиса бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ ва муосир бунёд гардида, намои зебо ва муҳити дилнишин дорад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз муассиса ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамомада баҳои баланд дода, ташаббуси соҳибкоронро дар самти бунёди чунин иншооти замонавии соҳаи маориф шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.   Таъкид карда шуд, ки ба истифода додани муассисаи нави томактабӣ дар ноҳияи Шаҳристон қадами муҳим дар самти рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон ва омодасозии насли оянда ба шумор меравад.

    9

    02.11.2026
  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии 9 иншоот дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 2 ноябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоот ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.   Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Майдони Парчами давлатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллии сокинон бунёд гардидааст. Иншоот барои баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, инчунин, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти  Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Шаҳристонро фосилавӣ оғоз бахшиданд. Бинои нав дорои 17 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, 6 ташхисгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Фаъолияти марказ ба таҳкими назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани ташхисҳои зарурӣ муҳим арзёбӣ гардид.   Ҳамчунин, бинои чойхонаи миллӣ дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Чойхонаи мазкур нахустин чунин иншоот дар деҳаи Ободӣ буда, бо риояи меъёрҳои меъмории миллӣ бунёд ёфтааст. Он барои истироҳату фароғати сокинон ва баргузории маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ мегардад.   Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти фермаи чорвопарварӣ, ки дар деҳаи Ободӣ бунёд гардидааст, расман оғоз бахшиданд. Дар ферма барои нигоҳубину парвариши чорвои зотӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Таъкид гардид, ки фаъолияти иншооти истеҳсолӣ метавонад дар рушди соҳаи чорводорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори истеъмолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас гузорад.   Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро, ки дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таълимӣ барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.   Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №62 воқеъ дар деҳаи Фатмовути ноҳияи Айнӣ тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Гуфта шуд, ки ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати фарогирии хонандагон бо таълиму тарбияи босифат муҳим мебошад.   Дар ноҳияи Айнӣ, инчунин, ду иншооти муҳимми иҷтимоӣ - муассисаи таҳсилоти томактабии Шукуфаҳои умед ва маркази фарҳангӣ дар деҳаи Шамтуч ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.   Кӯдакистони Шукуфаҳои умед бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардида, барои 60 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар муассиса барои  таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Маркази фарҳангӣ бошад, бо мақсади ташкилу баргузории чорабиниҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдоди наврасону ҷавонон бунёд шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии Нозанинро, ки дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бунёд гардидааст, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи томактабӣ барои фарогирии 120 кӯдак пешбинӣ шуда,  дар он барои  таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии кӯдакон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани иншооти гуногун дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айниро дар самти рушди инфрасохтори маҳаллӣ, густариши фаъолияти истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ намуданд.   Таъкид гардид, ки ин иқдомҳо барои ободонии маҳал, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд заминаи мусоид мегузоранд.

    16

    02.11.2026