30.08.2025

 img

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.

 

Нахуст, дар Донишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳу ошхонаи донишҷӯёни донишгоҳро мавриди истифода қарор доданд.

 

Бинои 8-ошёнаи таълимии маркази рушди малакаҳо дорои 92 синфхона ва 24 ҳуҷраи корӣ мебошад, ки метавонад дар як вақт то 3200 донишҷӯро ба таълиму тарбия фаро бигирад.

 

Таъсиси маркази таълимӣ барои таъмини идоракунии самтҳои мухталифи донишгоҳ, ҳамгироии самтҳои гуногуни фаъолият ва муосирсозии раванди таълим нақши асосӣ дорад.

 

Дар Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар марҳилаи аввал 4500 нафар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

 

Дар ин ҷо дар маҷмуъ аз рӯи 14 ихтисос донишҷуён ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Ҳар як синфхона бо назардошти талаботи касби интихобнамудаи донишҷӯ бо таҷҳизот ва аёниятҳои мувофиқи хониш таъмин карда шудааст.

 

Марказ дар доираи татбиқи Барномаи давлатии касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд баҳри соҳибкасб намудани шаҳрвандон бунёд гардидааст.

 

Бинои 5-ошёнаи хобгоҳ, ки имрӯз ифтитоҳ ёфт, бо 92 ҳуҷра барои 368 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Ҳар як ҳуҷра мутобиқ ба талаботи зарурӣ ҷиҳозонида шуда, дар он барои будубоши донишҷӯён шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.

 

Дар бинои 3-ошёнаи таълимӣ, ки қисме аз маркази рушд мебошад, толори барҳавои варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ҷойгир карда шудааст, ки бо истифода аз ин шароит 5 намуди мусобиқаи варзишӣ ба роҳ монда мешавад.

 

Ошхонаи нави донишгоҳ дар як вақт ба 336 донишҷӯ хизмат мерасонад.

 

Дар толори ошхона вохӯрии Роҳбари давлат бо 80 донишҷӯи ятим баргузор гардид.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҳидоят намуданд.

 

Бояд гуфт, ки дастгирии ятимон зери таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар қарор дошта, фароҳам кардани шароит ҳавасмандии донишҷӯёнро барои омӯзиши илмҳои муосир дучанд мегардонад.

 

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир фароҳам овардани имконияти зарурӣ барои илму донишомӯзшии ҷавонон муҳимтарин василаи омода кардани кадрҳои баландихтисоси хештаншинос ба ҳисоб меравад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз баъди шиносоӣ бо лоиҳаҳои як қатор иншоот барои бунёди бинои таълимии 12-ошёна дар ҳудуди донишгоҳ ва бинои таълимии 7-ошёнаи Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон асос гузоштанд.

 

Бинои иловагии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 72 синфхонаи барҳаво иборат хоҳад буд ва барои 1500 донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки иншоотро бо назардошти талаботи муосири таълим, меъмории миллӣ ва босифат бунёд намоянд.

 

Ҳамзамон, дар ин рӯз коргоҳи таълимию истеҳсолии дузандагии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

 

Дар ин ҷо барои 200 кас мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст, ки донишҷӯён дар баробари омӯзиш ба кори музднок ҷалб карда мешаванд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинову иншооти нав дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намуданд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро фурсати хубе барои таҳлилу баррасии вазъи соҳаи ҳаётан муҳим – маориф арзёбӣ намуданд.

 

Таъкид гардид, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.

 

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешрафту дастовардҳои кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро сари баланду қомати болои мардум, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди ташаббуси навбатии Тоҷикистон доир ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”-ро идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ номиданд.

 

Дар робита ба раванди ислоҳоти соҳаи маориф таъкид гардид, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба ин соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

 

Таъкид гардид, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд.

 

Роҳбари давлат аз ҳамкории соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша бо Ҳукумати кишвар дар ин самт ёдовар шуданд. Хотирнишон гардид, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

 

Зикр карда шуд, ки соли 2025 дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо беш аз 94 ҳазор ҷойи нишаст идома дошта, то охири сол зиёда аз 200 бинои навбунёд бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода мешавад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба вазъи муассисаҳои томактабӣ ишора намуда, диққати роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои марбута ва волидонро ба густариши раванди бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ бо ин зинаи таълим ҷалб намуданд.

 

Барои рушди таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки яке аз зинаҳои муҳимми соҳаи маориф маҳсуб меёбад, таҳия ва қабули стандарти нави давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ амри зарурӣ шумурда шуд.

 

Роҳбари давлат иброз доштанд, ки қабули стандарти нави давлатӣ бояд ба беҳбуди воқеии сифати таҳсилот, болоравии қобилияти рақобати хатмкунандагон ва ташаккули низоми таълими устувор ва ҷавобгӯй ба ниёзҳои замон мусоидат намояд.

 

Сарвари давлат таъмин намудани муассисаҳои таълимиро бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф номида, сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки дар муддати як сол масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгориро пурра бартараф намоянд.

 

Зимни суханронӣ дар рӯзи дониш ва дарси сулҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳарчи бештар ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, таҳия ва чопи китобҳои тахассусиро таҳлилу баррасӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо доданд.

 

Таҳсилоти олии касбӣ мавзуъи дигари суҳбат буд, ки вобаста ба рушди он Сарвари давлат бо таҳлилҳои мушаххас андешаронӣ намуданд.

 

Вобаста ба ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба роҳбарияти он супориш дода шуд, ки бо оғози фаъолияти ин Маркази муҳим дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута баҳри ҷалби ҳарчи бештари сокинони кишвар барои касбомӯзӣ чораҷӯйӣ карда, донишҷӯёнро низ дар баробари гирифтани ихтисос ба омӯзиши касбҳои алоҳида сафарбар карда шаванд.

 

Ҳамзамон бо ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ барои давраи то соли 2040 пешниҳод намуданд, ки дар заминаи донишкадаи сайёҳии донишгоҳ Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шавад.

 

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор донишҷӯ аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ва ҳам 6 давлати хориҷ таҳсили илм менамоянд.

 

Дар идомаи суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи маориф супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар низоми маорифи кишвар маҳсуб меёбад, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақому манзалати омӯзгор андешаронӣ намуда, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро нишонаи олии эҳтирому қадршиносии омӯзгор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номиданд.

 

Дар фароварди сухан Роҳбари давлат иброз доштанд, ки қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мову шумост, ки ба хотири пешрафту ободии диёри баҳиштосои худ, хусусан, дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон - 35-солагии истиқлоли давлатӣ пайваста заҳмат кашем ва обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки мо бояд бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, бо ҳисси баланди миллӣ тамоми тавону неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем.

  • Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ img
  • Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ img
  • Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ img
  • Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ img
  • Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ img
  • Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ img
  • Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ img
  • Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ img
  • Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ҳафтаи «Бозёфт» ва пешвози соли нави таҳсили иловагӣ Бо мақсади омодагӣ ба Ҳафтаи “Бозёфт” ва баланд бардоштани сатҳи дастгирии методӣ ба омӯзгорон ва кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо нашри махсуси маҷаллаи илмӣ-методии «Истеъдод»-ро бахшида ба Ҳафтаи «Бозёфт» ба табъ расонд.   Дар шумораи мазкур:  • асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии баргузории Ҳафтаи «Бозёфт»;  • ҳадаф, вазифа, мақсад ва роҳҳои расидан ба он;  • тавсияҳои илман асоснокшуда барои таъмини самаранокии машғулиятҳои таълимӣ;   Ҳамзамон, кормандони марказ Дастури методии «Ташхиси қобилиятҳо ва роҳнамоии касбӣ (дар асоси методикаи Е. А. Климов)» ва буклетҳои иттилоотиро таҳия намуда, ба директорон, омӯзгорон ва кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои кишвар ирсол намуданд. Ёдовар мешавем, ки Ҳафтаи «Бозёфт» имсол аз 15 то 20 сентябр баргузор мегардад ва ҳадафи он:  • амалӣ намудани тадбирҳо дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ»;  • рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ;  • ҷалби хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ;  • дарёфту муаррифии истеъдодҳои нав;  • мусоидат ба касбинтихобкунии хонандагони болаёқат мебошад.   Ҳафтаи «Бозёфт» — саҳнаи пайдоиши истеъдодҳои нав ва оғози роҳ ба дастовардҳои бузург!

    58

    11.09.2025
  •  img
    Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ва ба истифода додани бинои Муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ” 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг нахуст бинои  Муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Иншооти таълимӣ дар доираи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат аз рушди соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдулло Ҳасанов ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин гӯшаи зебоманзари диёр, бунёд гардидааст.   Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 456 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.   Корҳои сохтмонӣ дар Гимназияи мазкур моҳи феврали соли 2025 дар масоҳати умумии 4 ҳазору 860 метри мураббаъ оғоз гардида, моҳи августи соли равон анҷом ёфтааст.   Баробари ифтитоҳи Гимназияи мазкур 60 мутахассиси маҳалии соҳаи илму маорифи ноҳияи Ховалинг бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.   Муассисаи таълимии муосир дорои китобхонаи электронӣ, толори варзишии болопушида, майдончаи варзишӣ, синфхонаҳои махсуси фаннӣ, ошхона ва биноҳои ёрирасон буда,  бо шабакаи мустақилли гармидиҳӣ таъмин мебошад.   Ҳамчунин Гимназия дорои се озмоишгоҳи фанҳои физика, кимиё ва биология мебошад.   Дар муассисаи таълимӣ барои омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ 12 маҳфили фаннӣ ба роҳ монда шудааст.   Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти  ин Гимназияи замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳиби илммаърифати муосир намудани насли наврас амали неку шоиста номиданд.   Бинои навбунёди соҳаи маориф бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бо сифати баланд бунёд гардида, синфхона ва кабинетҳои фаннию таълимӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷҷаҳаз ва фароҳам гардонида шудааст.   Маблағи лоиҳавии сохтмони Гимназияи мазкур 5 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

    76

    11.09.2025
  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва Маркази варзишии сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва як Маркази варзишии сайёҳиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.   Иншоот дар деҳоти Чуқурак, Таги Ҷар ва Дараи Мухтор сохта шуда, раванди таҳсили илму маърифат ва ҷалби наврасону ҷавононро ба машқу тамрин беҳтар месозад.       Муассисаҳои таълимӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон бунёд карда шуданд.       Биноҳои таълимӣ бо муҳимтарин лавозимоти соҳавӣ ҷиҳозонида шуда, дар он заминаи мусоиди ба таҳсил фаро гирифтани 2100 хонанда фароҳам оварда шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 баъди навсозии куллӣ дар шаҳраки Мунк бо тарҳу услуби муосир аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Сафаров сохта шудааст.   Иншоот дорои 34 синфхона буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.      Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 воқеъ дар деҳаи Таги ҷари Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт 10 синфхона, хонаи омӯзгор ва дигар иншооти ёрирасон дорад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.   Ёдовар бояд шуд, ки иншоот дар асоси дархост ва хоҳиши ҷавондухтари илмдӯст Гулнигори Карим сохта шудааст. Гулнигори Карим, соли 2020 зимни суҳбат бо Сарвари давлат аз вазъи ногувори бинои қаблии муассиса маълумот дода буд. Аз ин рӯ Роҳбари давлат барои дар муҳлати муайян сохта ба истифода додани иншооти нави соҳа ба масъулин дастуру супоришҳо дода буданд ва имрӯз хушбахтона ин мушкил бартараф гардид.   Тибқи таҳлилҳо, шумораи хонандагон ҳамасола дар ноҳия зиёд мешавад. Аз ин рӯ, масъулон барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон чораҳои зарурӣ меандешанд.    Бунёд ва мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Чуқураки деҳоти Ҷонбахт дар идомаи ҳамин иқдому тадбирҳо амалӣ гардидааст. Муассиса бо саҳми соҳибкори маҳалӣ Абдулло Ҳасанов бо шароити замонавӣ сохта шуда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.     Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Ховалинг 51 муассисаи таълимӣ, 1 гимназияи хусусӣ, 1 гимназияи давлатӣ ва  1 литсей- интернат бо фарогирии 13 ҳазору 464 хонанда фаъолият дорад.         Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар биноҳои навтаъсиси таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар сатҳи деҳот намунаи хуби дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар маънидод карданд.     Муассисаҳои томактабӣ, ки бо иштироки Сарвари далат дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи  шаҳраки Мунк ва дар деҳоти Таги Ҷари деҳоти Ҷонбахт ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, дорои шароити хуби таҳсил буда, бо таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз  мебошад.   Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Осинот бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҷумахон Қосимов дар доираи тадбирҳои ободонӣ бунёд гардида, барои ба таҳсил фаро гирифтани  200 дӯструяк пешбинӣ шудааст.  Ороиши бино ва саҳну майдони бозӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, рахти хоб, мизу курсӣ ва аёнияту ашёи фароғату таълим мувофиқ ба завқи кӯдакон фароҳам оварда шудааст.    Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и  Шараф дар деҳаи Таги Ҷар бо фарогирии 50 кӯдак ба истифода дода шуд. Муассиса  бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кӯдакон замина мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро намунаи ибрат гуфта, масъулонро ба таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ роҳнамоӣ карданд.      Дигар иншоот - Маркази варзишии сайёҳӣ дар деҳаи Дараи Мухтор, ки аз ҷониби Роҳбари давлат фосилавӣ кушода шуд, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузорад. Иншоот ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Исмоил Садиров ва Фазлиддин Кенҷаев бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият оғоз намудани он  20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд. Маҷмааи мазкур аз ду ошёна ва меҳмонхона иборат буда, дар як вақт ба зиёда аз 100 ҷаҳонгард метавонад хизмат расонад.       Бунёди иншооти варзишиву сайёҳӣ  дар ин мавзеъ ба рушди соҳа, таъмини сокинон бо кор ва беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ замина мегузорад.   Дар ҳамин рӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг 6 иншооти соҳаи маориф ифтитоҳ карда шуд, ки дар маҷмӯъ барои ба таҳсил фаро гирифтани бештар аз 2600 нафар пешбинӣ шудаанд.

    74

    11.09.2025