01.09.2025

Имрӯз, 1 сентябри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар маросими баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон иштирок намуда, омӯзгорону донишҷӯёни ин муассисаро ба оғози соли нави таҳсил табрик намуд.
Дар оғоз, вазири маориф ва илм аз намоишгоҳи дастовардҳои илмии донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ боздид намуд.
Сипас, вазири маориф ва илм дар маҷлиси тантанавии бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил ширкат варзида, бо омӯзгорону донишҷӯён мулоқот намуда, ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи дониш ва фарорасии соли нави таҳсил аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона шодбош гуфт.
Мавсуф иброз дошт, ки Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар кишвари мо на танҳо рамзи оғози таҳсил, балки нуқтаи ибтидоии як марҳалаи муҳим дар роҳи илмомӯзӣ ва такмили маърифати миллӣ ба шумор меравад. Гуфта шуд, ки таълиму тарбия дар замони муосир яке аз асосҳои муҳимми рушди устувори давлату ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои татбиқи босамари он таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста зиёд мегардад.
Дар идома зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди инфрасохтори таълим, такмили барномаҳои таълимӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, боло бурдани мақоми омӯзгор ва фароҳам овардани шароити муосири таълим тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Айни ҳол дар соҳаи маориф 8 барномаи давлатӣ, 2 стратегияи миллии дарозмуддат ва 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда истодааст, ки ин ҳама ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия равона гардидаанд.
Гуфта шуд, ки нақши омӯзгорон дар замони муосир ҳамчун меъморони тафаккури насли оянда, тарбиятгарон ва раҳнамоёни маънавии ҷомеа аз аҳамияти хос бархӯрдор буда, маҳз ба туфайли садоқату фидокорӣ, дониш, маҳорат ва меҳру муҳаббати онҳо нисбат ба касбу Ватан, сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҷомеа пайваста боло меравад ва наслҳои ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва арзишҳои миллӣ ба камол мерасанд.
Таълиму тарбия дар шароити муосир бояд бар мабнои афкори миллӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ ташкил ёфта, ба ташаккули шахсиятҳои ватандӯст, боаҳлоқ, соҳибмаърифат ва омодаи ҳимояи манфиатҳои давлату миллат мусоидат намояд, зеро танҳо дар заминаи чунин тарбия метавон ҷомеаи солим, фаъол ва босуботи зеҳниву ахлоқиро ба вуҷуд овард.
Сипас, ректори донишгоҳ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфт. Ректор таъкид кард, ки донишгоҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи давлат ба як маркази муҳимми тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистону Россия табдил ёфтааст.
Дар фарҷом вазири маориф ва илм ба устодону омӯзгорон барои садоқатмандӣ ба касб ва саҳми онҳо дар рушди маърифати миллӣ изҳори сипос намуда, ба донишҷӯён барои соли таҳсил комёбӣ, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгирона дар роҳи илм таманно кард.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон