30.05.2025

30 майи соли 2025 таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якум, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф ширкат варзиданд.
Дар оғози ҷаласа вазири маориф ва илм ҳозиринро ба масъалаҳои рӯзнома шинос намуда, таъкид кард, ки иҷрои босамари стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар самти маориф, ҷиҳати рушди соҳа аҳамияти калидӣ дорад.
Сараввал мудири шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии вазорат Умед Ҳасанзода оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузории солҳои таҳсили 2025–2026 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва таъмини саривақтии онҳо бо маводи сухт (аз ҷумла ангишту ҳезум) суханронӣ намуд.
Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси ҷаласа иброз дошт, ки таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи сӯзишворӣ яке аз омилҳои муҳимми фароҳамсозии муҳити устувори таълимӣ дар мавсими сармо буда, Вазорати маориф ва илм ин равандро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои марбута ҷиҳати таъмини саривақтӣ ва босифати ангишту ҳезум тадбирҳои мушаххас меандешад.
Сипас, гузоришҳои мушовири вазири маориф ва илм Искандар Аминов доир ба лоиҳаи Нақшаи кори Вазорати маориф ва илм барои нимсолаи дуюми соли 2025 ва директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шавкат Каримзода оид ба “Низомномаи муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” шунида шуд.
Дар идома гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Ннаврӯзи Ҷумъамурод оид ба адабиётҳои нави таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷумла, китоби дарсии “English” (забони англисӣ) барои хонандагони синфи 7, китоби “Асосҳои бехатарии ҳаёт” барои дарсҳои тарбиявии синфҳои 6-7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар барномаву китобҳои таълимӣ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод гардид.
Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар фарҷом, вазири маориф ва илм бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин оид ба иҷрои ҳатмии стратегияву барномаҳои давлатӣ, омодагии саривақтӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ, такмили инфрасохтор ва муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ, тавсеаи истифодаи пардохти ғайринақдӣ дар муомилоти китобҳои дарсӣ, боло бурдани сатҳи сифати таълим ва фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, ташвиқи хонандагону устодон ба иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва нашру бознашри китобҳои дарсӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон