КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”
04.11.2024
4-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Нахуст муовини якуми вазири маориф ва илм зимни сухани табрикотии худ аз таърихи Конститутсия ёдовар шуда, зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, Тоҷикистонро давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона эълон намуд. Бо шарофати ин санади муҳимми тақдирсоз ва саъю талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф имрӯзҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардида истодааст.
Ҳамчунин, дар конференсия маърузаҳои Саидзода Иззатулло - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ: мафҳум, мақсад ва заминаҳои конститутсионӣ - ҳуқуқии он», Давлатшоев Изатулло -доктори илмҳои педагогӣ, ходими калони илмии шуъбаи педагогика, психология ва методикаи таълими Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарнавишти бахти миллат» ва Маҳмудов Изатулло Тешаевич – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи иқтисодӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Аҳамияти Конститутсия дар таҳкими низоми ҳуқуқӣ» шунида шуд.
Гуфта шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишмандтарин дастоварди давлати тоҷикон дар таърихи навин ба шумор рафта, натиҷаи талошҳои ҷомеаи мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад. Ин санади муҳим маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар буда, маҳз ба шарофати андешаву ҳуввияти миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардидааст ва дар роҳи барпо сохтани нахустин пояҳои давлатдории мустақили миллӣ раҳнамои ҷомеаи мо мебошад.
Дар охир миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон