ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ МИССИЯИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

04.11.2024

4-уми ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндагони миссияи Бонки Осиёии Рушд (БОР) хонум Шин Лонг, Маделин Дизон ва дигар мутахассисони соҳавӣ доир гардид.

 

Нахуст вазири маориф ва илм меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, ҷиҳати дастгириашон дар соҳаи маориф ва илм изҳори миннатдорӣ намуд.

 

Зимни суҳбат иброз гардид, ки ҳадаф аз вохӯрии мазкур муҳокимаи лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” мебошад.

 

Қобили зикр аст, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2023 №664 Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд (БОР) оид ба лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” ба имзо расидааст. Татбиқи лоиҳа аз 1-уми майи соли 2024 оғоз гардида, то 30-юми июни соли 2030 идома меёбад.

 

Вазири маориф ва илм зимни вохӯрӣ қайд намуд, ки ҳадафи лоиҳа ин беҳтарсозии малакаҳои касбӣ, рақобатнокии захираҳои меҳнатӣ, фаъолсозии равиши малакаҳои касбӣ дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёна (SSSE-2015), модернизатсияи низоми таълим ва дастгирии хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунӣ дар мактабҳо, ҳамгироии таҳсилот оид ба тағйирёбии иқлим ва афзоиши иштироки духтарон дар омӯзиши илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика мебошад.

 

Дар фарҷом, ҷонибҳо бо хушнудӣ иброз доштанд, ки ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва тақвияту вусъат ёфтани робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илм мебошанд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ МИССИЯИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ МИССИЯИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ МИССИЯИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД img
  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ МИССИЯИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҶЛИЛ АЗ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Имрӯз, 5-уми ноябр дар маҷлисгоҳи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо санаи фархунда – 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Барномаро муовини якуми директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо – Нурулло Ғафуриён ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро ба ин санаи муқаддас табрик намуданд. Зикр карда шуд, ки Конститутсия бахтномаи миллат  ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи манфиат ва ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ин масъала чунин иброз намудаанд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат роҳнамои ҳамешагии мо боқӣ хоҳад монд».   Пас аз он кормандони Марказ доир ба арзиши олӣ доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Президенти кишвар дар қабули Конститутсия ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар баромад намуданд.   Дар фарҷоми чорабинӣ барои ноил гардиданд ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ дар соҳаи маориф ва татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-юмин солгарди қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Марказ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

    66

    05.11.2024
  •  img
    ТАҚДИМИ СЕРТИФИКАТҲО БА ИШТИРОКДОРОНИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ РОҲБАРОНИ СОЗМОНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ МАҚОМИ ҶУМҲУРИЯВИДОШТА Пас аз анҷоми семинари омӯзишӣ бо роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии давлатии мақоми ҷумҳуриявидошта дар МДТ «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» аз тарафи директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо – Муҳамадҷон Ғафорзода ва директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ – Муяссара Давлатзода ба 14 нафар иштирокдорон сертификатҳои семинар тақдим гардиданд.     Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи 4-уми ноябри соли равон, бо ташаббуси бевоситаи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар МДТ «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» семинари омӯзишӣ бо роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии давлатии мақоми ҷумҳуриявидошта доир ба фаъолияти созмони хонандагон, бо ҳадафи шарҳи мақсад, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти Созмони хонандагон баргузор гардида буд.

    44

    04.11.2024
  •  img
    КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ” 4-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ” баргузор гардид.   Дар кори конференсия муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.   Нахуст муовини якуми вазири маориф ва илм зимни сухани табрикотии худ аз таърихи Конститутсия ёдовар шуда, зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, Тоҷикистонро давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона эълон намуд. Бо шарофати ин санади муҳимми тақдирсоз ва саъю талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф имрӯзҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардида истодааст.   Ҳамчунин, дар конференсия маърузаҳои Саидзода Иззатулло - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ: мафҳум, мақсад ва заминаҳои конститутсионӣ - ҳуқуқии он», Давлатшоев Изатулло -доктори илмҳои педагогӣ, ходими калони илмии шуъбаи педагогика, психология ва методикаи таълими Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарнавишти бахти миллат» ва Маҳмудов Изатулло Тешаевич – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи иқтисодӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Аҳамияти Конститутсия дар таҳкими низоми ҳуқуқӣ» шунида шуд.   Гуфта шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишмандтарин дастоварди давлати тоҷикон дар таърихи навин ба шумор рафта, натиҷаи талошҳои ҷомеаи мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад. Ин санади муҳим маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар буда, маҳз ба шарофати андешаву ҳуввияти миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардидааст ва дар роҳи барпо сохтани нахустин пояҳои давлатдории мустақили миллӣ раҳнамои ҷомеаи мо мебошад.   Дар охир миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    101

    04.11.2024