17.04.2025

Санаи 17-уми апрели соли равон дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҷаласаи ҷамъбастӣ ва натиҷагирии рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи маориф, дар семоҳаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин Сангалӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати маорифи вилоят Зиёдулло Абдулзода, раиси ноҳия Холзода Муҳаммадшариф Муҳаббат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва дигар масъулини сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси ноҳия ифтитоҳ бахшида, дар баромади худ ва муовинонаш доир ба натиҷаҳои фаъолият дар самтҳои гуногун — аз ҷумла таъмиру нигаҳдории роҳҳои дохили шаҳрак, пардохти қарзи бонкӣ ва андоз, истифодаи самараноки захираҳои об, ҳолати қубурҳо ва латокҳои фарсуда, инчунин татбиқи лоиҳаҳои нав барои бунёди синфхонаҳои муосир — гузориши муфассал пешниҳод намуданд.
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири маориф ва илм дар баромади худ таъкид намуд, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои марбут ба рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла маориф, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, саноатикунонӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот бояд ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулон қарор дошта бошанд.
Мавсуф афзуд, ки Пешвои миллат ҳамеша ба соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: «Рушду пешрафти соҳаи маориф кафили ояндаи дурахшони давлат ва миллат мебошад. Бинобар ин, омӯзгорон бояд дар замири насли наврас эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва маърифати ҳуқуқиву дунявиро таҳким бахшанд».
Дар идома, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода доир ба иҷрои супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба татбиқи ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими робитаи волидайн бо муассисаҳои таълимӣ, афзоиши иштироки хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дастгирии омӯзгорони ҷавон суханронӣ намуданд.
Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли фарҳанги китобхонӣ», таваҷҷуҳи махсус ба китобхонаҳо, ташкили маҳфилҳои хониш ва боло бурдани сатҳи маърифати китобдӯстӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд ба роҳ монда шавад.
Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа, ба масъулони соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таҳкими фаъолият дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ дода шуд. Инчунин, як қатор фаъолони ноҳия бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон