30.07.2026
30 июли соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, инчунин аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.
Дар маросим вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, масъулини дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони мақомоти идораи маориф, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва довталабони озмун иштирок намуданд.
Маросимро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро барои омодагии ҳамаҷониба, иштироки фаъолона ва нишон додани сатҳи баланди дониш самимона табрик гуфт.
Зимни суханронӣ вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидӣ эътироф гардидааст. Баланд бардоштани сифати таҳсилот, дарёфт ва дастгирии хонандагони соҳибистеъдод, инчунин омода намудани кадрҳои донишманду рақобатпазир аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки озмуни мазкур имкон фароҳам меорад, то хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дониш, ҷаҳонбинӣ, малака ва қобилияти зеҳнии худро дар фазои рақобати солим нишон диҳанд. Натиҷаҳои озмун бори дигар собит намуданд, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар хонандагони лаёқатманду соҳибистеъдод зиёд буда, барои рушди минбаъдаи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Соли равон аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта 178 нафар довталаб пешниҳод гардида, пас аз ташхиси ҳуҷҷатҳо 139 нафар ба озмун роҳ ёфтанд. Аз ин шумора 14 нафар довталаби аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 55 нафар довталаби аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло, 64 нафар довталаби аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло, 5 нафар довталаби аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра ва 1 нафар довталаби аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра буданд.
Дар озмун аз шаҳри Душанбе 36 нафар, вилояти Хатлон 61 нафар, вилояти Суғд 27 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 нафар иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки теъдоди хатмкунандагони сазовори аттестати аъло ва медалҳои тиллою нуқра сол ба сол афзоиш меёбад. Агар соли 2017 ҳамагӣ 8 нафар соҳиби медали тилло ва нуқра гардида бошанд, ин нишондиҳанда соли 2021 ба 53 нафар ва соли 2025 ба 73 нафар расидааст. Ин раванд аз баланд гардидани сифати таҳсилот, фаъолияти босамари омӯзгорон, дастгирии падару модарон ва таваҷҷуҳи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ба рушди қобилияти хонандагон шаҳодат медиҳад.
Дар идомаи маросим ба ғолибони озмун «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамчунин хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон зимни суханронӣ барои ғамхориҳои пайваста ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу тарбия ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, ба Вазорати маориф ва илм барои ташкили шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун миннатдорӣ баён карданд.
Дар анҷом ба иштирокчиён ҷиҳати идомаи таҳсил, фаъолияти илмию касбӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбиҳои нав орзу карда шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон