30.07.2026

 img

30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон вориди шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии Иссик-кул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Девони вазирон - Роҳбари маъмурияти Президенти Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

  • Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон img
  • Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон img
  • Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН Имрӯз, 30 июли соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм сафирро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки мулоқоти мазкур ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои маориф ва илм мусоидат хоҳад кард.   Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар самтҳои маориф, илм, омӯзиши забону адабиёт, табодули устодону донишҷӯён ва татбиқи барномаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.   Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бар пояи эҳтироми мутақобил, эътимод ва арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ ташаккул ёфтаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.   Қайд гардид, ки Тоҷикистон ва Эрон ба фазои ягонаи тамаддуни форсӣ тааллуқ дошта, решаҳои муштараки таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии халқҳои ду кишвар дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун омили муҳимми таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ хизмат мекунанд. Осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҷалолуддини Балхӣ, Умари Хайём, Саъдӣ ва Ҳофиз мероси муштараки таърихию фарҳангии мардумони Тоҷикистону Эрон ба шумор меравад.   Зикр шуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳифзу рушди мероси таърихию фарҳангӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги ориёӣ ва такмили таълими алифбои ниёгон дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим доранд.   Дар ин замина, ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки дар даври аввали озмун беш аз 422 ҳазор нафар аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд, ки ин аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеа, бахусус ҷавонон, ба омӯзиши осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ шаҳодат медиҳад.   Дар мулоқот ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки омӯзиши забони форсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, дар панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон забон ва адабиёти форсӣ таълим дода мешавад.   Ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷудо гардидани бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони ду кишварро омили муҳимми рушди робитаҳои академӣ арзёбӣ карданд.   Зимни мулоқот омодагии ҷонибҳо ҷиҳати густариши табодули устодону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ, таҳияи китобҳои дарсию илмӣ, рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ ва баргузории конференсияҳо, симпозиумҳо ва форумҳои байналмилалӣ таъкид гардид.   Дар анҷом ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки бо талошҳои муштарак муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои маориф ва илм минбаъд низ тавсеа ёфта, барои ташаккули фазои ягонаи илмию фарҳангӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    42

    30.07.2026
  •  img
    СУҒД: ОЛИМПИАДАИ ВИЛОЯТИИ «АХТАРОНИ ДОНИШ» БАРГУЗОР ГАРДИД Дар Муассисаи давлатии «Кӯдакистони Президентӣ»-и вилояти Суғд Олимпиадаи вилоятии «Ахтарони дониш» миёни кӯдакони синни томактабӣ баргузор гардид.   Олимпиада соли дуюм аст, ки бо мақсади дарёфт ва дастгирии кӯдакони боистеъдод, рушди қобилияти зеҳнӣ, донишандӯзӣ ва омодасозии онҳо ба зинаи таҳсилоти умумӣ баргузор мегардад.   Дар олимпиада 46 нафар кӯдак аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда, аз рӯи се номинатсия - «Хештаншиносӣ», «Инкишофи нутқ» ва «Тасаввуроти одитарини математикӣ» байни ҳам рақобат намуданд.   Ҳамаи иштирокчиёни олимпиада бо сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.   Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли олимпиада дар Машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд бо дипломи раиси вилояти Суғд ва туҳфаҳои пулии яквақта қадрдонӣ хоҳанд шуд.

    11

    30.07.2026
  •  img
    МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ АТТЕСТАТИ АЪЛО БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА БАРГУЗОР ГАРДИД 30 июли соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, инчунин аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.   Дар маросим вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, масъулини дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони мақомоти идораи маориф, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва довталабони озмун иштирок намуданд.   Маросимро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро барои омодагии ҳамаҷониба, иштироки фаъолона ва нишон додани сатҳи баланди дониш самимона табрик гуфт.   Зимни суханронӣ вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидӣ эътироф гардидааст. Баланд бардоштани сифати таҳсилот, дарёфт ва дастгирии хонандагони соҳибистеъдод, инчунин омода намудани кадрҳои донишманду рақобатпазир аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.   Зикр гардид, ки озмуни мазкур имкон фароҳам меорад, то хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дониш, ҷаҳонбинӣ, малака ва қобилияти зеҳнии худро дар фазои рақобати солим нишон диҳанд. Натиҷаҳои озмун бори дигар собит намуданд, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар хонандагони лаёқатманду соҳибистеъдод зиёд буда, барои рушди минбаъдаи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.   Соли равон аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта 178 нафар довталаб пешниҳод гардида, пас аз ташхиси ҳуҷҷатҳо 139 нафар ба озмун роҳ ёфтанд. Аз ин шумора 14 нафар довталаби аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 55 нафар довталаби аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло, 64 нафар довталаби аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло, 5 нафар довталаби аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра ва 1 нафар довталаби аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра буданд.   Дар озмун аз шаҳри Душанбе 36 нафар, вилояти Хатлон 61 нафар, вилояти Суғд 27 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 нафар иштирок намуданд.   Таъкид гардид, ки теъдоди хатмкунандагони сазовори аттестати аъло ва медалҳои тиллою нуқра сол ба сол афзоиш меёбад. Агар соли 2017 ҳамагӣ 8 нафар соҳиби медали тилло ва нуқра гардида бошанд, ин нишондиҳанда соли 2021 ба 53 нафар ва соли 2025 ба 73 нафар расидааст. Ин раванд аз баланд гардидани сифати таҳсилот, фаъолияти босамари омӯзгорон, дастгирии падару модарон ва таваҷҷуҳи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ба рушди қобилияти хонандагон шаҳодат медиҳад.   Дар идомаи маросим ба ғолибони озмун «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.   Ҳамчунин хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон зимни суханронӣ барои ғамхориҳои пайваста ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу тарбия ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, ба Вазорати маориф ва илм барои ташкили шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун миннатдорӣ баён карданд.   Дар анҷом ба иштирокчиён ҷиҳати идомаи таҳсил, фаъолияти илмию касбӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбиҳои нав орзу карда шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    2

    30.07.2026