18.08.2026
Имрӯз, 18 августи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ машваратҳои августии омӯзгорони фаннии муассисаҳои таълимии ноҳия ба кори худ оғоз намуданд.
Машваратҳои августӣ ҳамасола дар арафаи оғози соли нави таҳсил ҳамчун майдони муҳими омӯзиш, таҳлили фаъолияти касбӣ, табодули таҷриба ва шиносоии омӯзгорон бо навгониҳои соҳаи маориф баргузор мегарданд. Ҳадафи асосии машваратҳои имсола омодагии ҳамаҷонибаи омӯзгорон ба соли таҳсили нави 2026-2027, такмили маҳорати касбӣ, татбиқи усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи машварат мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷ. Маҷидзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки Машваратҳои августӣ танҳо як чорабинии анъанавӣ набуда, балки марҳилаи муҳими муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти омӯзгорон барои соли нави таҳсил ба ҳисоб мераванд. Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҷараёни машваратҳо мушкилоти воқеии таълими фанҳо, роҳҳои баланд бардоштани сифати дониш, истифодаи усулҳои фаъоли омӯзиш, муносибати инфиродӣ бо хонандагон ва таҷрибаи пешқадами педагогиро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор диҳанд.
Дар кори машварат директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Каримзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Мавсуф оид ба муҳиммияти такмили пайвастаи маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи самараноки технологияи муосир, татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ва мутобиқ намудани фаъолияти омӯзгор ба талаботи замони муосир ибрози андеша кард. Ҳамзамон, вобаста ба вазифаҳои омӯзгорон дар соли нави таҳсил, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва беҳтар намудани сифати дарсҳо тавсияҳои муфиди методӣ пешниҳод гардиданд.
Пас аз анҷоми қисми ифтитоҳӣ омӯзгорон аз рӯи фанҳои таълимӣ ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шуда, фаъолияти худро дар бахшҳои фаннӣ оғоз намуданд.
Дар ҷараёни кори бахшҳо масъалаҳои вобаста ба навгониҳои соҳаи маориф, такмили мазмун ва методикаи таълими фанҳо, истифодаи усулҳои фаъоли омӯзиш, технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ, арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон, кор бо хонандагони болаёқату сустхон, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ташкили самараноки дарсҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Омӯзгорони соҳибтаҷриба намунаҳои таҷрибаи пешқадами педагогии худро муаррифӣ намуда, иштирокчиён вобаста ба мушкилоти таълими фанҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо мубодилаи афкор карданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба он равона гардид, ки ҳар як омӯзгор соли нави таҳсилро бо нақшаи мушаххас, омодагии ҷиддии касбӣ ва усулҳои наву самараноки таълим оғоз намояд.
Дар идомаи машварат муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷ. Ғаюрзода иштирок намуда, аз ҷараёни фаъолияти бахшҳои фаннӣ ва сатҳи ташкили машварат дидан кард. Зимни боздид ба масъалаҳои сифати баргузории машғулиятҳои методӣ, иштироки фаъоли омӯзгорон, муҳокимаи навгониҳои соҳа ва омодагии касбии онҳо ба соли нави таҳсил таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Назорат ва ташкили машваратҳои августии омӯзгорони фаннии муассисаҳои таълимии ноҳияро мудири кабинети методии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зиёдулло Восидов ба уҳда дорад.
Бояд қайд намуд, ки машваратҳои августии омӯзгорони фаннии ноҳияи Исмоили Сомонӣ давоми ду рӯз - 18 ва 19 августи соли 2026 баргузор гардида, дар доираи онҳо масъалаҳои муҳими таълимию методӣ аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода мешаванд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои машваратҳо барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, беҳтар намудани сифати таълим, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва оғози муваффақонаи соли таҳсили нави 2026–2027 заминаи мусоид фароҳам меоранд.